Исфандиёри Одина, рӯзноманигор
Рӯзи панҷшанбеи 15 август баробар бо оғози моҳи фарвардин дар тақвими Шаҳаншоҳии роиҷ дар миёни порсиён ё зартуштиёни Ҳинд буд! Бар асоси ин тақвим, бисёре аз гурӯҳҳо ва анҷуманҳои порсиён дар Ҳинд ва дар гӯшаву канори ҷаҳон бо рафтан ба оташкадаҳо ва баргузории маросиме аз ҷашни Наврӯз ва оғози соли нави 1394 дар солшумории яздигирдӣ таҷлил карданд.
Ҷашни Наврӯз дар моҳи август ва дар миёнаи тобистон? Бале, аҷиб ба назар меояд, на? Барои бисёре аз тоҷикони Варорӯд баргузории ҷашни Наврӯз дар миёнаи тобистон шояд шигифтангез ё мояи тааҷҷуб бошад, чун дар ин сомон аз Наврӯз маъмулан дар аввали баҳор (1 фарвардин = 20-21 март) таҷлил мешавад. Дар зеҳни мо Наврӯз ҳамеша ба анҷоми фасли зимистон ва оғози баҳору бедории табиат, гарм шудани ҳаво ва рӯйидани сабзаву гул пайванд дорад.
Баргузории ин ҷашн дар кишварҳои мухталифи ҳавзаи фарҳанги эронӣ аз Осиёи Миёна ва ғарби Чин ва Афғонистону Покистон гирифта, то Эрону Қафқозу Туркия ва Ироқ ривоҷи густардае дорад. Дар бархе аз ин кишварҳо ҷашне расмӣ аст. Созмони илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ҳам чанд сол пеш онро ба унвони мероси номалмус (ғайримоддӣ)-и фарҳанги ҷаҳонӣ ба расмият шинохтааст.
Тақвими ‘Шаҳаншоҳӣ’
Зартуштиёни Ҳинд, ки тақрибан 1000 то 1300 сол пеш аз, дар пайи ҳамлаи араб ба Эрон ва паҳн шудани ислом ба Ҳинд муҳоҷир шуда ва акнун бештар бо номи “порсӣ” маъруфанд, Наврӯзро ағлаб бар асоси тақвими мавсум ба Шаҳаншоҳӣ дар замоне баробар бо 15 август ҷашн мегиранд. Ин яке аз се тақвими роиҷ дар миёни порсиён аст, ки ба номҳои Шаҳаншоҳӣ, Фаслӣ ва Кадмӣ (қадимӣ) маъруфанд.
Тақвими Шаҳаншоҳӣ, чунончи аз номаш пайдост, ба низоми подшоҳии Сосониён рабт дорад, ки то замони ҳамлаи араб дар Эрон ривоҷ дошт. Тибқи ин тақвим, солшумории эрониён аз даврони бар тахт нишастани подшоҳон шурӯъ мешуд. Ин ки эрониён замонро аз рӯзи ба тахт нишастани подшоҳи нав ҳисоб мекарданд, дар манобеъи куҳан, аз ҷумла дар китоби “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ, ҳам ёд шудааст.
Ба назар мерасад, ки тақвими Шаҳаншоҳии порсиёни Ҳинд аз замони бар тахт нишастани Яздгирди Шаҳриёр, охирин подшоҳи силсилаи Сосонӣ дар Эрон (баробар ба соли 632 милодӣ) шурӯъ шудааст. Номи гоҳшумории яздгирдӣ ҳам аз инҷо бармеояд. Албатта онро набояд бо гоҳшумории дигари яздгирдӣ, ки аз замони марги Яздигирд оғоз мешавад, иштибоҳ гирифт.
Тибқи суннате, ки дар китоби “Бундаҳишн” зикр шуда, дар ҳар чаҳор сол мебоист як рӯз ё дар ҳар ҳар 40 сол даҳ рӯз ё дар ҳар 120 сол як моҳ ё дар ҳар 600 сол панҷ моҳи кабиса (ваҳизаг) ба гоҳшумор изофа мешуд. Аммо дар пайи ҳамлаи араб ва нобасомониҳои он рӯзгор ва кӯчидани порсиён ба Ҳинд афзудани рӯзҳо ё моҳҳои “ваҳизаг” ба солшуморӣ таътил шуд. Дар натиҷа, байни моҳи фарвардин дар тақвими Шаҳаншоҳӣ ва оғози баҳор, ки мебоист ҳамзамон бошад, тақрибан 200 рӯз фосила эҷод шудааст.
‘Кадмӣ’ ва ‘фаслӣ’
Тақвими кадмӣ ё қадимӣ ба тақвиме гуфта мешавад, ки аз даврони ҳамлаи араб ба Эрон дар миёни зартуштиёни эронӣ роиҷ буда ва он ҳам дар пайи нобасомониҳои рӯзгор ва афзуда нашудани рӯзҳо ё моҳҳои ваҳизак дучори таҳриф шудааст. Дар соли 1720 як мӯбади зартуштии эронӣ ба Ҳинд сафар мекунад ва мебинад, ки байни тақвими роиҷ дар миёни зартуштиёни Эрон ва тақвими роиҷ дар миёни зартуштиёни Ҳинд як моҳ фосила ҳаст.
Баъд аз муддате баррасиҳо, шуморе аз мӯбадони порсии Ҳинд бо таваҷҷуҳ ба ин ки Эрон сарзамини бостонии онҳост ва мумкин аст тақвими эрониён дурусттар бошад, ин тақвимро мепазиранд, ки ба номи “кадмӣ” (қадимӣ) маъруф аст. Ин тақвим ҳам дар миёни зартуштиёни Ҳинд ривоҷ дорад, бавижа дар миёни зартуштиёни эроние, ки аз садаи 18 милодӣ ба баъд ба Ҳинд муҳоҷир шуданд. Гурӯҳи дувум бар хилофи порсиён бештар бо номи “иронӣ” маъруфанд. Ба ҳар ҳол, ҳарду гоҳшуморӣ бидуни афзудани рӯзҳо ва моҳҳои ваҳизаг тайи садаҳо дучори инҳироф шудаанд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъият, дар соли 1906 як мӯбади порсӣ дар шаҳри Мумбай (ҳамон Бомбейи пешин) ба номи Хуршедҷӣ Комо гоҳномаи ҷадиде таҳия кард, ки баъдҳо ба номи “фаслӣ” маъруф шуд. Ин тақвим ба лиҳози шумориши рӯзу моҳу сол нисбатан дақиқ аст. Он баъдҳо аз сӯи зартуштиёни Эрон ҳам ба унвони тақвими нисбатан дақиқ ва бо номи “бостонӣ” пазируфта шудааст.
Баъдҳо тақвимҳо ва гоҳшумориҳои дигаре, аз ҷумла бар мабнои замони поягузории имперотурии Ҳахоманишиён, ё замони фарзии зуҳури дини Зартушт дар миёни гурӯҳҳои мухталифе аз зартуштиён ва эрониёни мусалмон эҷод шудаанд, ки дар фурсате дигар ба онҳо хоҳем пардохт. Вале суннати баргузории ҷашни Наврӯз бар мабнои тақвими Шаҳаншоҳӣ дар миёни порсиён ҳамчунон боқист.
Фарвардигон
Бар ин асос, Наврӯз ва соли нави порсиён бар асоси тақвими Шаҳаншоҳӣ имсол аз 15 август оғоз мешавад. Ойинҳои наврӯзии порсиёни Ҳинд дар мавориде ба суннатҳои наврӯзии тоҷикону эрониён шабоҳат дорад, вале албатта ҷанбаҳои динии он барҷастатар аст. Масалан, маросими “Фарвардигон”, ки тайи даҳ рӯз қабл аз Наврӯз анҷом мешавад ва миёни порсиён бештар бо номи “муктад” маъруф аст, дар миёни тоҷикону эрониёни мусалмон вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи мӯбад Ромёри Коранҷиё, “муктад” як вожаи санскрит ба маънои росткор аст, вале бархе ҳам фикр мекунанд ин вожаи арабии “муқтад” (مقتد) ба маънои кори неку ва савоб аст. Абӯрайҳони Берунӣ, аз бузургони ҳикмат ва адаби порсӣ, дар китоби худ ба номи “Осор-ул-боқия” дар бораи расми Фарвардигон дар миёни эрониёни бостон, аз ҷумла мардумони Хоразму Порс, хабар додааст.
Луғатноми Деҳхудо дар тафсири номи “Фарвардигон” аз Берунӣ чунин нақл мекунад: “Мардуми Хоразм ...дар панҷ рӯзи охири исбандормуҷӣ (испандормуз ё исфандмоҳ дар забони хоразмии куҳан) ва панҷ рӯзи лоҳақ (илҳоқӣ), ки аз пайи онҳо оянд, монанди мардуми Форс дар айёми Фарвардиҷон амал кунанд, аз ниҳодани ғизоҳо дар дахмаҳо барои равонҳои амвот (мурдагон).”
Ин расм ба ин бовари эрониёни куҳан бармегардад, ки гӯё дар рӯзҳои охири сол фурӯҳарони даргузаштагон (ин мафҳум бар хилофи назари Берунӣ бо рӯҳ ё арвоҳ мутафовит аст) аз ҷаҳони минӯӣ бармегарданд ва агар хонаҳову манозилро тозаву покиза ва пурнеъмат ва оташҳоро фурӯзон дарёбанд ва садои Гоҳон (Готҳо) хондани мӯбадону ҳирбадонро бишнаванд, аз бозмондагони худ шод мешаванд.
Албатта гузоштани ғизо дар мазорҳо барои арвоҳи даргузаштагон дар миёни бархе аз тоҷикон, бавижа дар Бадахшон, ҳануз ҳам роиҷ аст. Дар кул, пос доштани рӯҳи даргузаштагон дар маросиме хос ба наҳве дар миёни тоҷикони мусалмон ҳам вуҷуд дорад. Масалан, дар “арафа” ё пешопеши идҳои мазҳабӣ, мардуми рустоҳои водии Зарафшон дар манозили афроди даргузашта дар тӯли сол ҷамъ мешаванд ва барои арвоҳи онон дуъову фотиҳа мехонанд.
Дарби меҳр
Мисли мардуми тоҷикону эрониёни мусалмон, порсиёни Ҳинд ҳам дар айёми Наврӯз хонаҳои худро пок мекунанд, бо гулҳо ва рангубор ороиш медиҳанд, хонаро аз хушбӯиҳо пур мекунанд, либоси нав мепӯшанд, меҳмони ҳамдигар мешаванду ба ҳам шодбош мегӯянд ва ҳадяҳо медиҳанд. Албатта субҳи зуд аввал ба оташкада ё “дар)б(и меҳр” мераванду намоз ва ниёишҳои вижае ба номи “Ҷашан” (ҳамон ҷашн аст, албатта) мегузоранд. Ин маросим дар оташкада бештар аз сӯи мӯбадону ҳирбадон ё дастурон бо ҳузури густардаи мардум иҷро мешавад.
Дуктур Шаҳрнози Комо (Shernaz Cama), пажӯҳишгар ва масъули барномаи ЮНЕСКО барои ҳифзи ойинҳои фарҳангии порсиёни Ҳинд, дар ин бора мегӯяд:
“Наврӯз пас аз анҷоми маросими Фарвардигон ё Мукдат, ки дар он замон равонҳои даргузаштагон бо мо ҳастанд ва дар оташкада барои онҳо ниёишҳо мекунем, барпо мешавад. Ин замони бисёр вижа ва муқаддас аст. Ва бо панҷ рӯзи Гоҳон, ки мо панҷ суруди аслии паямбарамон Зартуштро мехонем, ба поён мерасад. Баъд аз он мо ба равонҳои даргузаштагон дуруд мефиристем ва соли навро дар нахустин рӯзи фарвардинмоҳ ҷашн мегирем. Дар оташкада гирдиҳам меоему ниёиш мекунем, муноҷот мехонем, аз мӯбадонамон барои заҳамоташон дар тӯли сол қадрдонӣ мекунем ва меҳмонию зиёфат меороему хурсандӣ мекунем.”
Сабти ҷаҳонӣ
Албатта, дар ҷашни Наврӯзи порсиён дар Ҳинд расми пӯхтани саману ва ҳафт син ва маросиме чун “Чаҳоршанбесурӣ” вуҷуд надорад. Бархе аз суннатҳояшон бо таваҷҷуҳ ба ҳамзистии беш аз ҳазорсола бо ҳиндувон ба суннатҳои онон шабеҳ аст. Инро ҳам бояд дар назар дошт, ки фаслҳои сол дар шибҳиқорраи Ҳинд ба гунае, ки дар фалоти Эрон мушоҳида мекунем, нест ё то ҳадде мутафовит аст.
Ба ин тартиб, порсиёни Ҳинд ду ҷашни Наврӯз доранд: яке дар аввали баҳор ва ҳамзамон бо маросими наврӯзии тоҷикону эрониён, ва дигар, Наврӯзе, ки бар асоси тақвими Шаҳаншоҳӣ дар миёнаҳои моҳи август, яъне имрӯзҳо, барпо мешавад. Бояд инҷо ёдоварӣ кунам, ки андешаи сабти ҷаҳонии Наврӯз дар ЮНЕСКО бори нахуст дар соли 2001 дар ҳамоише дар Деҳлии нав матраҳ шуд.
Ин ҳамоиш ба ибтикори дуктур Шаҳрнози Комо баргузор шуд, ки инҷониб ҳам дар он ширкат доштам. Саранҷом ин ҷашни бостонӣ дар соли 2009 ва дубора дар соли 2016 ба Феҳристи мероси номалмус (ғайримоддӣ)-и фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО изофа шуд.
Порсиёни Ҳинд аз кӯчактарин ҷамъиятҳои мазҳабӣ дар Ҳинд ҳастанд, ки ағлаб дар иёлати Гуҷарот ва бузургшаҳрҳое мисли Мумбай ва Деҳлӣ, Пуна ва Ҳайдаробод ба сар мебаранд. Нуфуси онҳо дар даҳаи 1940 беш аз 110 ҳазор сабт шуда, вале акнун ба далели муҳоҷиратҳои густарда ба кишварҳои ғарбӣ ва коҳиши зоду валад дар дохили Ҳинд то ҳудуди 50 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.
Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.