Чаро НАТО аз амалиёти Туркия зидди курдҳо ва ДОИШ ҳимоят кард?

Дар нишасти изтирории НАТО рӯзи 28 июл дар Брюссел аъзои ин паймони низомӣ бо раъйи оро пуштибонии худро аз Туркия дар амри мубориза бо ҷангиёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар Сурияву Ироқ баён карданд.

Ин нишаст барои арзёбии хатароти ин гурӯҳи ҷангӣ даъват шуд ва тамоми 28 сафири кишварҳои узви НАТО ба ин хулоса омаданд, ки амнияти кишварҳои ҳампаймон як амри зарурист.

Айни замон, нирӯҳои Анкара бар зидди ҳадафҳои ҷудоихоҳони курд, мушаххасан тарафдорони Ҳизби коргари Курдистон (ҲКК) ҷанг мекунанд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки гурӯҳҳои дигари ниманизомии курдӣ дар ҷабҳаи аслии мубориза бо Давлати исломӣ қарор доранд. Ҳамин бахши масъала ҳам мавриди нигаронии раҳбарони курд, ки даҳсолаҳо боз дар фикри таъсиси як кишвари худ дар ин қаламравҳо мебошанд, қарор гирифт. Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди дар феҳрасти гурӯҳҳои террористиаш шомил карданди ҲКК, Вашингтон шибҳанизомиёни дигари курдро дар мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" пуштибонӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Туркия сар аз ҷумъаи гузашта амалиёти ҳавоиро зидди марказҳои “Давлати исломӣ” дар Сурия оғоз намуд ва курдҳо зидди “Давлати исломӣ” меҷанганд. Амалкарди Туркия формулаи қадимии “душмани душмани ман дӯсти ман аст”-ро комилан рад мекунад ва ангезаҳои ин кишварро зери суол мебарад.

Дар ин бора ва дигар масоили марбут ба вазъи Ховари Миёна сӯҳбате доштем бо Мардо Соғом, муовини мудири иҷроияи радиои Озодӣ дар шаҳри Прага.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оё фақат ҷавонони камсавод ба гурӯҳи «давлати исломӣ» ҳамроҳ мешаванд?