Маркази миллии тестӣ зери чатри президент рафт

Мақомоти кишвар мегӯянд, барои пешгирӣ аз дасткориҳо дар имтиҳонҳои қабул ба мактабҳои олӣ, Маркази миллии тестӣ аз итоати Вазорати маориф бароварда, ба дастгоҳи президенти Тоҷикистон марбут гашт.
Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини раҳбари Маркази миллии тестӣ дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, ин марказ, ки моҳи марти соли 2008 бо мақсади ташкили имтиҳонҳои марказонидашудаи қабул ба мактабҳои олӣ ва таъмини шаффофият дар назди Вазорати маорифи Тоҷикистон таъсис гашта буд, сар аз 10 феврали соли равон бо фармони раисиҷумҳур ба ниҳоди вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Ҷаноби Ҷаъфаров мегӯяд, дар назди президенти кишвар амал кардани Маркази миллии тестӣ, мақоми марказро боло мебарад ва ҳамзамон дар раванди амалисозии низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ таъсири фишорҳои эҳтимолиро аз байн мебарад.

Ба гуфтаи Ҷаъфаров: «Дар ҷараёни имтиҳонҳои қабул дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ки ба таври анъанавӣ баргузор мешуд, он замон ҳодисаҳои номатбул ба назар мерасид. Аз ҳамин нуқтаи назар, тамоми система ва механизмҳои Маркази миллии тестӣ, аз тариқи фановариҳои ҷадиди комуникатсионӣ ҷараён мегирад. Аз ҷумла, ҳангоми расмиётҳое, ки дар раванди омода намудани маводҳои тестӣ гузаронида мешавад ва ҳам аснои коркарду арзёбии имтиҳонҳо, хулоса таъсири омилҳои инсони кам карда мешавад.»

Cабзалӣ Ҷаъфаров

Мақомот ҳамчунин мегӯянд, ин ҳама дар умум, барои беҳтар шудани интихоби довталабони бештар қобилиятнок ба муасиссаҳои олӣ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи масъулини ин марказ барои таъмини шафоффият дар қабули довталабон ба донишгоҳҳо, аз нерӯи устодони донишгоҳҳо ва кормандони вазорат истифода нахоҳанд кард. Зеро баҳогузорӣ ва арзёбии имтиҳонҳо тавассути барномаи автоматикунонидаи компютерии махсус сурат мегирад. Ва дар ин кор танҳо мутахассисони холисе, ки ба ҳамдигар робита надоранд, ба тарақи шартномавӣ ҷалб карда мешаванд.

Аммо, таҳлилгарон ба ин назаранд, ки сабаби асосии бовар накардани идораи Маркази миллии тестӣ ба вазорати маориф ҳам дар мутамарказ шудани каналҳои фасод зимни дохилшавӣ мебошад. Зеро аз тобеи вазорат берун нашудани маркази мазкур, метавонад таъмини боадолатонаи қабулшавӣ ба макотиби олиро зери суол барад. Зеро ҳамасола чандин нафар омӯзгорони мактабҳои олӣ бо ҷурми гирифтани пора боздошт мешаванд.

Вале масъулини Вазорати маорифи Тоҷикистон сабаби аз тобеъи ин вазорат берун шудани Маркази миллии тестиро маҳз бидуни дахолати одамҳои бегона ҷараён гирифтани имтиҳонҳои дохилшавӣ дар муассисаҳои олӣ медонад. Аммо Алидод Расулов, сардори Раёсати мактабҳои олии вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, кормандони вазорат ва муассисаҳои таълимӣ танҳо ба корҳои тайёрӣ ҳангоми ба рӯйхатгирии довталабон кӯмак мекунанд ва биноҳое, ки барои гузаронидани имтиҳонҳо интихоб шудаанд, муассисаҳои тобеи вазорат ҳастанд ва ҳамкории вазорат бо ин марказ танҳо ҳамин асту халос. Ин масъули вазорат дахолати кормандони ин донишгоҳҳои олиро дар раванди қабули довталабон ба донишгоҳҳоро радд ва гуфт, ин танҳо дар доираи салоҳиятҳое ки марказ дорад, сурат мегирад. Алидод Расулов гуфт: «Вақте донишҷӯ ба курси як дохил шуд, баъд масъалаи таълиму тарбия бар ӯҳдаи вазорат аст».

Бо ин ҳама, масъулини вазорат аз тобеи ин ниҳод берун шудани Маркази миллии тестиро ба фармони президент рабт дода мегуянд, ин кор дар сатҳи раҳбарият ҳал шудааст. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, мустақил шудани маркази мазкур, дохилшавии довталабон ба донишгоҳҳои олиро кафолат медиҳанд, аммо бархе аз волидон мегӯянд, ҳанӯз ҳам бовар надоранд, ки рашвахорӣ комилан аз байн равад.

Вале ба ҳар суръат мегӯянд онҳо, «соли аввали таҷрибавӣ аст ва имкон дорад шумораи зиёди довтабалони босавод донишҷӯ шаванд». Абдукарим Шамсов, як сокини пойтахт, ки духтараш имсол довталаб аст, мегуяд: «Хайр агар дар ҳақиқат саводи довталабро ба назар гиранд бояд дохил шаванд, ба шарте ки боз через нашавад.»

Ин ҳамсӯҳбати мо ҳамчунин афзуд, дар ин авохир бозори фасоди қабулшавии анъанавӣ ба донишкадаву донишгоҳҳои кишвар як кори «маъмулӣ» шудааст.
Зимнан, натиҷаи озмоиши ин марказ, ки дар тобистони соли 2013 бо ширкати 7 ҳазор хонандаи синфҳои даҳи макотиби миёнаи кишвар гузаронида шуда буд, маълум кардааст, ки низоми нави қабули довталабон ё имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ ба макотиби олӣ дар Тоҷикистон муваффақ хоҳад буд. Меҳрангез, яке аз довталабони имсол, ки дар озмоиши ин марказ, дар тобистони соли 2013 иштирок карда буд гуфт: «Агар мисли соли гузашта бошад, чандон душвор нест. Мабодо рафти онро тағйир диҳанд, шояд душвор шавад».
Онҳое, ҳам ҳастанд, ки роҳандозӣ шудани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олиро як хокпошӣ ба чашми мардум медонанд.

Аммо масъулони маркази миллии тестӣ мегӯянд, бо наздик шудани марҳилаи қабули ҳуҷҷатҳои довталабон, низоми кор дар ин марказ ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, кормандони шӯъбаҳои ин марказ бо ҳам робитаи наздик надоранд, таҳти назорат ҳастанд ва ҳамчунин онҳо фаъолияти онҳо аст. Сабзалӣ Ҷаъфаров мегӯяд, ҳангоми қабули имтиҳонҳо, асосан кормандони марказ ҷалб мешаванд ва онҳо аз дахолати шахсони беруна ва ҳатто ворид шудани афроди бегонаву тасодуфӣ дар равандӣ имтиҳонҳо худдорӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, тамоми ҳаракатҳои кормандони ин марказ таҳти назорат буда, ҳатто равуои онҳо ба ҳуҷраи назоратӣ номумкин аст.

«Феълан дар Маркази миллии тестӣ назди перзиденти Тоҷикистон 55 нафар мутахассисони варзида фаъолият мекунанд, ки беш аз 15 нафар унвонҳои имӣ доранд. Марказ дар ҳоли ҳозир панҷ сатҳи фаъолият дорад, таҳиягарони тестҳо, мутахассисони соҳаи информатсионӣ-коммункатсионӣ, идораи имтиҳонҳои тестӣ, самти бехатарӣ ва таъминоти техникии имтиҳонҳои марказонидашуда»-афзуд Ҷаъфаров.

Гуфта мешавад, дохилшавӣ ба воситаи маркази миллии тестӣ дар 30 муассисаи олӣ гузаронида мешавад. Ба ғайр аз муассисаҳои таълимии мақомоти қудратӣ ва филиалҳои донишгоҳҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон. Дар ҳоле, ки сар аз 1-уми марти соли равон ба қайдгирии довталабон ба маркази миллии тестӣ шурӯъ мешавад, ҳанӯз ҳам Оҷонсии зидди фасод барномаеро дар мавриди назорати фаъолияти ин марказ руи даст нагирифтааст.