Идораи Кумитаи амнияти милии шаҳри Душанбе хабари дар ин ниҳод шиканҷа шудани бачаи 12-соларо рад кард.
Ин ниҳоди амниятӣ ба оҷонсии “Азия-Плюс” гуфтааст, ки касе Нусратулло Ёқубови 12-соларо латту кӯб накардааст. Дар робита бо як ҳодисаи рӯзи 25 августи соли ҷорӣ хабари Маркази робита бо ҷомеаи Идораи кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе дар посух ба ин оҷонси хабарӣ гуфтааст, ки дар ҷараёни як амалиёти амниятӣ “Амири Ҳузб-ут-Таҳрир Абдуҷалол Абдураҳмонови 33-сола боздошт шуд ва ин бачаи 12-сола низ он замон бо ӯ буд.
Нусратулло Ёқубов дар ҳоле ба идораи Кумитаи амният оварда шуд, ки ходимони ин ниҳод якчанд нафарро бо гумони узвият дар созмони мамнӯи Ҳизб-ут-Таҳрир дар яке аз хонаҳои Душанбе боздошт карданд”. Идораи Амнияти милии шаҳри Душанбе мегӯяд, аз боздоштшудаҳо далели рабти онҳо бо созмни мамнӯъ, аз ҷумла адабиёт ва шабномаҳо дарёфт шуд. Дар изҳорот омадааст, ки баъди интиқол ба идораи амният кормандони ин ниҳод бачаро бо ғизо ва ҷойи хоб таъмин карданд.
“Азбаски модари ин писар дар шаҳр набуд, кормандони амният нахостанд ӯро шабона дар кӯча танҳо гузоранд,” -омадааст дар ин санад.
Дафтари матбуоти идораи амнияти шаҳри Душанбе гуфтааст, ҳеҷ зарурате барои бозпурсии ин бача дар миён набуд, зеро кормандони амният барои иттиҳом алайҳи боздоштшудаҳо ҳама далели кофӣ дарёфт карданд. “Рӯзи дигар бача ба ноҳияи Рӯдакӣ ба назди хешутаболраш фиристода шуд”, мегӯянд масъулин.
Идораи амнияти шаҳри Душанбе мегӯяд, кормандони Идораи кумитаи амният дар вилояти Суғд аз рӯи аризаи шикояти модари ин бача, ки ба додситонии кулли Тоҷикистон, дар ҳузури модарбузургаш, ки он вақт дар Хуҷанд буд, бо бача сӯҳбат карданд. Ӯ дар шоҳидии модарбузургаш ба кормандони амният гуфтааст, ки “ҳеҷ кас ӯро бозпурсӣ ё латту кӯб накардааст”.
Ин ниҳод дар робита ба аксҳое, ки модари кӯдак дар ихтиёри хабаргузории Азия Плюс гузоштаанд, гуфтааст “бояд мушаххас кард, ки ин аксҳо кай гирифта шудаанд.”
Дар ҳар сурат кормандони ниҳодҳои қудратӣ гуфтаанд, ки бачаи 12-сола бо дастури падару модараш ба фаъолиятҳои гурӯҳи экстримистӣ Ҳизб-ут-Таҳрир ҳамроҳ шудааст. Падари ӯ “Амири собиқи Ҳизб-ут-Таҳрир” соли гузашта ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳарчанд дар амнистияи гузашта муҳлати ӯ аз 20 то 18 пойин оварда шуд, вале ӯ раҳбарии ин гурӯҳи мамнӯъро аз зиндон низ идома додааст. Дар санади идораи амнияти шаҳри Душанбе гуфта мешавад, ки Нусратулло Ёқубови 12-сола, ки гӯё тахаллуси ҳизбии ӯ “Набии Ҷонибек“ будааст, бо дастури падари маҳбусаш тавассути почтаи электронӣ бо аъзои дигари Ҳизб-ут-Таҳрир” ва ҳамсарони зиндониҳои Ҳизб-ут-Таҳрир робита барқарор карда буд ва зиндониёни ин гурӯҳро бо пул ва маводи ғизоӣ таъмин мекард. Идораи амнияти миллии шаҳри Душанбе мегӯяд, Абдураҳмони Абдуҷалол бо истифода аз писари ноболиғаш Нусратулло Ёқубови 12-сола паёми худро ба пайравонаш мерасонд.
Ин ниҳоди амниятӣ ҳамчунин гуфтааст, Абдураҳмони Абдуҷалолро ду дафъа аз “амири кулли ҳизби мануъи Ҳизб-ут-Таҳрир кумаки молӣ гирифтааст ва онро барои ҷалби аъзои нави ҳизб сарф кардааст.
Рӯзи 20 ноябр сайти хабарии “Азия-Плюс” гузоришеро нашр кард, ки дар он шикояти модари писари навраси сокини Душанбе аз лату кӯби фарзандаш дар моҳи августи имсол хабар дода мешавад. Хонум Иноят Яъқубова, як сокини Душанбе даъво кардааст, ки кормандони Идораи амнияти Душанбе кӯдаки ӯро мавриди латту кӯб қарор додаанд.
Бино ба гуфтаи ӯ, амниятиҳо аз фарзанди ӯ тақозо кардаанд, ки аз болои айбдоршавандагон дар экстремизм "шаҳодат" диҳад. Ин зан гуфтааст, ки рӯзи 25 август фарзандаш “барои гирифтани дарси навбатии забони арабӣ ба назди устоди худ” рафтааст, ки баногоҳ ба хонаашон кормандони амният ворид гардида устодро бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи "Ҳизб-ут-Таҳрир" боздошт кардаанд. Ҳамроҳ бо устод, фарзанди Яъқубова ҳам то 28-уми август, давоми се рӯз, дар бинои Идораи Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе нигоҳдорӣ шудааст.
Яъқубова ба "Азия-Плюс" инчунин нақл кардааст, ки як моҳ пас аз ин ҳодиса, мафаттиши мазкур ба манзили онҳо омада, субҳи барвақт писар ва духтари 17-солаашро бо худ бурдаст: "Дар бинои амнияти миллӣ фарзандонамро тайи 2 рӯз нигоҳ дошта, талаб мекарданд, ки ба зидди устод шаҳодат диҳанд. Гӯё ба устод 5 ҳазор доллари амрикоӣ додаем". Хонум Яъқубова гуфтааст, ки писари ӯ "ба таври ройгон" дарси забони арабӣ меомӯхт.
Бону Инобат гуфтааст, Додситонии кул қазияро мустақиман таҳқиқ накарда, даъвояшонро ба Кумитаи амнияти миллӣ фиристодааст. Ба қавли ӯ, "муфаттиши додситонии генералӣ таҳдид кард, ки агар аз иддаоям нагардам, фарзандамро дар боздоштгоҳи махсус маҳкам мекунад. Аз тарс дигар ҷое шикоят накардам."
Дар ҳамин ҳол, Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи ҷабрдидагон, мегӯяд, айни ҳол ба Додистонии кул барои оғози парванда нисбат ба муфаттиши Идораи амнияти Душанбе муроҷиат намудаст. Вай изҳори умед кардааст, ки мақомот қазияро мунсифона ва дар доираи қонун пайгирӣ хоҳанд кард.