Нимкосаҳои зери косаи қарори бонк

Иқтисодшиноси мустақил мегӯяд, мақомоти Бонки миллӣ бо тасмими манъи гирифтани пулҳои интиқолӣ бо рубли русӣ шояд мехоҳанд вуруди доллару евроро ба бозори Тоҷикистон ташвиқ кунанд.

Қарори Бонки миллии Тоҷикистон бисёр муҳоҷиронеро, ки одат доранд пулҳои худро ба наздиконашон бо рубли русӣ фиристанд, нороҳат кардааст. Тибқи иттилои мақомоти Бонки миллӣ, то январи соли ҷорӣ 95 дарсади пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба кишвар бо рубли русӣ ворид мешуд. Вале шурӯъ аз оғози моҳи феврал дар Тоҷикистон бо як амри Бонки миллӣ дар бонкҳо гирифтани пул бо рубли русӣ манъ шудааст ва сокиноне, ки ба номашон аз Русия пул интиқол меёбад, танҳо бо сомонӣ ин маблағи худро дарёфт мекунанд. Масъулин гуфтанд, ки ин амр бо ҳадафи тақвияти қурби пули миллӣ – сомонӣ содир шудааст.

Вале ин ҳолат мавриди нороҳатии бисёр сокинони вобаста аз пулҳои интиқолии фарзандони муҳоҷирашон шуд ва бархе гуфтанд, ки барои фирор аз гум кардани дарсадҳои бештар, шояд ба роҳҳои дигари дарёфти пули фарзандон, масалан ба методи кӯҳнаи “даст ба даст” рӯ оваранд.

Пулҳои интиқолии муҳоҷирон, ки қабл аз бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия 4 миллиард доллар дар солро ташкил медод, муҳимтарин бахши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Бо гузашти ду ҳафта аз қабул шудани қарори Бонки миллӣ аз Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки Миллӣ пурсидем, ки оё онҳо дар заминаи нороҳатиҳои муштариён аз қарори додани сомонӣ бар ивази рубл чӣ назаре доранд? Вай гуфт, дар оғоз ин қарор “боиси шикояти

Абдуғаффор Қурбонов

баъзе сокинон шуд”, вале мардум тадриҷан ба муқаррароти нав одат карданд. Вай гуфт: “Ин ҳарфҳоро шояд онҳое бизананд, ки ба дарки тафовути фоизҳои расмӣ ва ҳаҷми пулҳое, ки баъди табодули он ба сомонӣ дода мешавад, нараванд.

Мо ҳанӯз 5 феврал гуфта будем, ки барои мисол, ҳангоми гирифтани пулҳои интиқолии муҳоҷирон бар ивази ҳар 1000 рубли русӣ, 104 сомонӣ маблағ дарёфт мешавад. Ин аз рӯи қурби расмии аз ҷониби Бонки миллӣ муайяншуда мебошад. Қурбе, ки барои мубодила муайян мешавад, 107,5 сомонӣ мешавад”. Қурбонов гуфт, нофаҳмиҳои рӯзҳои аввал бартараф шуд ва механизми нав мӯътадил ба кор даромад ва дигар ҳеҷ шикояте ба унвонии бонк нарасидааст.

Дар ҳоле ки мақомоти Бонки миллӣ мегӯянд, ин тасмимро бо ҳадафи тақвияти арзи миллии кишвар - сомонӣ пиёда кардаанд, коршиносони мустақил дар зери ин “коса як нимкосаи” дигареро мебинанд. Константин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки Бонки миллӣ ин қарорро огоҳона қабул кард ва мутмаин аст, ки ин ҳолат наметавонад паёмадҳои ҷиддиву “фоҷеабор” дошта бошад. Эҳтимолан, ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии онҳо - ташвиқи ворид шудани доллар ва ё евро ба Тоҷикистон аст. “Эҳтимолан, ҳадафи онҳо ин аст, ки баъди ин муҳоҷирон дар Русия кӯшиш мекунанд пулҳои худро ба доллар баргардонида фиристанд. Дар Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте барои қабули доллар ё евро вуҷуд надорад. Вале нороҳатии мардум аз куҷост? Онҳо аз қабули сомонӣ

Константин Бондаренко

нороҳат нестанд, онҳо аз он нороҳатанд, ки пулҳои пасандоз ё захираи худро бо арзи миллӣ нигоҳ дошта наметавонанд. Барои пасандоз арзи хориҷӣ, ҳатто ҳамон рубл барояшон беҳтар буд”. Коршинос мегӯяд, дар шароити беқурбшавии сомонӣ, арзи хориҷии "боқадре" метавонад дили мардумро гарм нигоҳ дорад, ки дар ниҳоят даромад ва ҳам кисаҳои онҳо тиҳӣ намешавад.

Ба навиштаи оҷонсии “Азия Плюс”, хонаводаҳои тоҷик аз маҳдудияти ҷоришуда ба қабули рубл дар як сол то 50 миллион долларро аз даст хоҳанд дод. Бондаренко мегӯяд, бо вуҷуди ин ки аз нигоҳи куллӣ ин ҳаҷми пул барои як ҷумҳурӣ “чандон калон” нест, вале боз ҳам он вазъи муҳоҷирони вобаста аз ҳар як тангаи коркардаашонро сангинтар хоҳад кард.

Коршиносони рус ҳисоб кардаанд, ки муҳоҷирон аз ҳаҷми умумии пули интиқолиашон бо рубл то 3 дар сади дигарро аз даст медиҳанд. Дар сурати табдили рубл ба доллар дар Русия ва интиқоли он ба Тоҷикистон, аз ҳар 100 доллар 10 дар сади пул аз даст меравад. Ин ҳарфҳоро дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Фаррух Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Екатеринбург баён кард. Вай гуфт, ки ҳоло дар Русия муқаррароти нав ҷорӣ шудааст, ки барои харидани ҳар 500 доллар шахс бояд иҷозатномаи расмӣ дошта бошад ва ҳеҷ як муҳоҷир розӣ намешавад, ки рублҳои бе ин ҳам беқадршудаи худро рафта, аввал ба доллар баргардонад ва баъдан ба Тоҷикистон бо дарсади баландтар назар ба рубл интиқол диҳад. Чунки дар ниҳоят, ин пул 10 дарсад қурбашро аз даст медиҳад.

Вай гуфт, аз миёни муҳоҷироне, ки ҳоло дар Екатеринбург ҳастанду одат доранд ба наздикон пул фиристанд, аксарият ҳамоно бо рубл пули худро мефиристад. “Чунин ҳолат дар оянда метавонад бархеро водор кунад, ки ба кӯмаки гурӯҳ ва ё афроди ғайрирасмии интиқолдиҳандаи пул муроҷиат

Фаррух Мирзоев

кунад – аз рӯи методи солҳои 1990-ум пулро аз даст ба даст фиристад, ки дар ҷое ба қайд гирифта намешаванд ва ин ҳам роҳи амни интиқоли пул нест”. Константин Бондаренко ҳам мегӯяд, методи интиқоли “даст ба дасти” пул аз Русия ба Тоҷикистон, ки ҳанӯз 20 соли пеш роиҷ буд, метавонад таваҷҷӯҳи афроди ҷиноятпешаро ҳам ба худ ҷалб кунад ва шахси интиқолдиҳандаи пул бо хатари ғоратшавӣ ва ё афтодан ба дасти полис бо пули калон рӯбарӯ мешавад.

Илова ба ин, пули қайдношуда аз омори вазъи макроиқтисодии кишвар берун мемонад ва дар ин сурат арзёбиҳои дуруст ва воқеии иқтисодиро наметавон ба роҳ монд, ки ба зарари худи давлат меанҷомад. Вале муҳимтарин нуктаи қарори ахир ин аст, ки он озодиҳои шаҳрвадон ба дарёфти дилхоҳ арз, айни замон – рубли русӣ – маҳдуд мешавад, гуфт Бондаренко. ​Аз ин хотир, мегӯяд коршинос, натиҷаҳои ин қарор метавонад дар ниҳоят хеле баҳсбарангез шавад.

Зимнан, рӯзи 18 феврал мувофиқи қурби таъйинкардаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳазор рубли русӣ 110 сомонӣ пешниҳод мешуд. Дар ҷараёни табдили ҳазор рубл 111-112 сомонӣ тақозо мешуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Норозигӣ аз ивази мустақими рубли муҳоҷирон ба сомонӣ