Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли гузашта 3 корманди бонки "Эсхата" ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 10 нафари дигар барои роҳ додан ба камбуд аз мақомҳои худ барканор гардидаанд. Як корманди дигари "Эсхата" таҳти ҷустуҷӯ будааст.
Моҳҳои октябр - ноябри соли 2017 аз тарафи санҷишгарони Бонки Миллӣ дар бонки "Эсхата" як қатор камбудҳои ҷиддӣ, ки бештари онҳо пайваста такрор мешуданд, ошкор гардид
Бонки Миллии Тоҷикистон ин иттилоъро рӯзи 15-уми январ дар посух ба мусоҳибаи Хуршед Носиров, яке аз моликон ва раиси собиқи бонки "Эсхата" баён кард. Қаблан Носиров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тафтиши ду соли пешро дар бонки зери раҳбариаш ҳадафмандона донист, ки ба гуфтаи ӯ дар додгоҳ чизеро собит накард ва танҳо доғе бар номи онҳо боқӣ гузошт.
Аммо масъулони Бонки Миллӣ гуфтанд, танҳо аз рӯи камбудҳо ва бе ғараз нисбат ба роҳбарияти собиқи бонк чора андешидаанд: "Моҳҳои октябр - ноябри соли 2017 аз тарафи санҷишгарони Бонки Миллӣ дар бонки "Эсхата" як қатор камбудҳои ҷиддӣ, ки бештари онҳо пайваста такрор мешуданд, ошкор гардид. Аз ҷумла, иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳое, ки аз роҳи ҷиноят ба даст омадааст, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, пурра ба роҳ монда нашуда, кормандони бонки мазкур дар ҳаммаслакӣ бо шахсони ҷиноятпеша маблағҳои воридгардидаро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба дигар шахсон пешниҳод менамуданд."
Мақомот гуфтаанд, "Хуршед Носиров, раиси пешини бонки "Эсхата", новобаста аз таҷрибаи чандсола натавонист этика ва маданияти идоракунии корпоративиро тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла фаъолиятро дар низоми назорати дохилӣ ва идорасозии хавфҳо дуруст ба роҳ монад."
Раиси собиқи Эсхата: "Моро сиёҳ карданд"
Хуршед Носиров, яке аз моликон ва раиси собиқи бонки "Эсхата", рӯзи 8-уми январи имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки баъзе аз даъвои Бонки Миллии Тоҷикистон дар додгоҳ исбот нашуд.
Соли гузашта Бонки Миллӣ иддао карда буд, ки тавассути Бонки Эсхата муомила "бо гурӯҳҳои террористӣ" ва "қочоқбарони маводи мухаддир" сурат гирифтааст. Ва ин даъво дар моҳи феврали соли 2018 ба барканории раҳбари пешини бонк сабаб гардид. Хуршед Носиров пас аз тақрибан як соли барканорӣ аз мақоми худ гуфт, бо қарори барканориаш розӣ набуд, вале чун "дилдодаи курсӣ нест", эътироз пеш наовард.
Носиров иттиҳоми пулшӯӣ дар замони роҳбариаш дар Бонки Эсхатаро "баҳона"-е беш надонист ва гуфт, "суд баргузор шуд, вале на маводи мухаддир баромад, на балои дигар. Фақат номи моро сиёҳ карданд. Кор бе камбуд намешавад, аммо ҳар камбуд сатҳу меъёр дорад."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ротатсия" дар бонкҳо. Кори дохилӣ, тавсия ё фишор аз берун?Ба қавли раиси собиқи Бонки Эсхата, камбуди асосии баъзе кормандонашон дар минтақаҳо ин будааст, ки дар чанд ҳолат пули ба номи занон ё духтарон фиристодашударо мардони хона гирифтаанд.
"Ба мо мумкин набудааст"
Хуршед Носиров гуфт, ҳама ноҷуриҳо дар кори Бонки Эсхата бартараф шуда, фаъолияташ рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. "Мо барои Эсхата системае сохта будем, ки бе мо ҳам кор мекунад. Барои мо муҳим кор аст, он қадар талабгори курсӣ нестем", - афзуд ӯ.
Ба қавли Носиров, ҳоло ӯ ва бародараш дигар дар Эсхата фаъолият надоранд ва танҳо ҳамчун саҳмдор дар ҷаласаҳо иштирок мекунанду бас. Раиси пешини "Эсхата" дар бораи онки чаро дар бонки ташкилкардааш фаъолият надорад, шарҳи зиёд надод ва фақат гуфт, "ба мо мумкин набудааст".
Барканории Хуршед Носиров бо исрори Бонки Миллӣ дар соли гузашта баъзе сарусадоҳоеро ҳам ба дунбол дошт. Аз ҷумла, баъзе аз доираҳои наздик ба низоми бонкии Тоҷикистон тахмин заданд, ки эҳтимол ҳадаф аз тафтишҳои зиёд ва ҷаримаи Бонки Эсхата берун андохтани Носировҳо аз бонк буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бонки миллӣ: "Эсхата" ва "Имон" ба камбудӣ роҳ доданд. ВИДЕОСуҳбати мо бо Хуршед Носиров дар ҳоле баргузор шуд, ки масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон фаъолияти яксолаи "Эсхата"-ро санҷиш карда, баъзе камбудҳои дигарро ошкор намудаанд. Мақомоти кунунии Бонки Эсхата ҳам гуфтанд, дар ин бора аз Бонки Миллӣ номаи расмӣ дарёфт шудааст, вале ба хотири сирри бонкӣ буданаш чизе нагуфтанд.
25 соли Бонки Эсхата
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тақдири “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дар тарозуи гуруҳи вижа. ВИДЕОБонки Эсхата яке аз ниҳодҳои асосии молӣ дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад ва ҳиссаи он дар хидматрасониҳои бонкӣ хеле зиёд аст. Бино ба маълумоти намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд, наздики 60 дар сади интиқоли маблағҳо тавассути ин бонк сурат мегирад ва ҳудуди 40 дар сади қарзи муштариён ва ҳамин қадар пасандози сокинон ба “Эсхата” тааллуқ дорад.
Бонки Эсхата соли 1994 дар шаҳри Хуҷанд таъсис шудааст. Моликони аслии он Диловар, Аюб ва Хуршед Носировҳо ҳастанд, ки беш аз 60 дар сади саҳмияҳои бонкро дар ихитёр доранд. Беш аз даҳ дар сади саҳмияҳои дигари “Эсхата” дар дасти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд аст.