Мақомоти тоҷик мегӯянд, сармояҳое, ки аз Тоҷикистон ба минтақаҳои оффшор ворид шудаанд, аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст наомадаанд.
Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 22-юми январ дар Душанбе гуфт, пулҳое, ки аз Тоҷикистон ба минтақаи "оффшор" роҳ ёфтаанд, ғайриқонунӣ нестанд. Абдуҷаббор Ширинов, ки дар нишасти матбуотӣ сӯҳбат мекард, афзуд, дар низоми бонкии ҷаҳонӣ созмоне бо номи ФАТВ фаъол аст, ки тадбирҳои молиявӣ алайҳи сармояҳои ғайриқонунӣ бадастомадаро татбиқ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, маълум аст, ки пулҳое, ки тавассути низоми бонкӣ аз Тоҷикистон ба минтақаҳои оффшорӣ ворид мешавад, тавассути «ғалбер»-и ин созмон мегузарад. Аз ин рӯ, ба иддаои раиси Бонки миллӣ, сармояҳое, ки ба минтақаҳои оффшорӣ ворид мешавад, маънии онро надорад, ки ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд.
Ширинов таъкид кард, ки дар якуним соли пеш дар Бонки миллӣ бахши мубориза бо пулшӯиро ташкил кардаанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, ин бахш дар соли 2012 ягон мавриди пулшӯии сармояи ғайриқонунунӣ бадастомадаро ошкор накардааст. Вале ба гуфтаи ӯ, дар мавриди ошкор кардани пулшӯии сармояи ғайриқонунӣ, бо теъдоде аз бонкҳои хориҷӣ ҳамкорӣ доранд ва табодули маълумот мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки Tax Justice Network, як муассисаи мустақили бритониёӣ, тобистони соли гузашта дар гузорише гуфт, аз Тоҷикистон то соли 2011 ду миллиарду 300 миллион доллар ба минтақаҳои оффшорӣ рафтааст, ки баробари 82 дарсади ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар аст. "Оффшор", яъне берун аз соҳил ё ба маънои "ҷазира" манотиқи хурдест, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад, сармояи худро махфӣ ва аз андоз эмин нигоҳ доранд.
Захираи тиллои Бонки миллии Тоҷикистон 11 тон будааст
Захираи тиллои Бонки Миллии Тоҷикистон 972 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин нуқтаро Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи сешанбе зимни як нишасти матбуотӣ баён дошт ва афзуд, захираи тиллои Бонки миллии Тоҷикистон каме бештар аз 11 тон мебошад.
Ба гуфтаи ҷаноби Ширинов, дар соли 2012 Бонки миллии Тоҷикистон 1,1 тонна тилло харидорӣ кардааст. Захираҳои тиллои Тоҷикистон дар Бонки миллӣ ва бонкҳои Швейтсарияву Олмон нигаҳдорӣ мешавад.
Ба гуфтаи Абдуҷаббор Ширинов, ҳаҷми асъори ба муомилот воридкардаи Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2012 нисбат ба як соли пеш 12 дарсад афзудааст.
Ҷаноби Ширинов мегӯяд, болоравии қимати ҷаҳонии гандум дар семоҳаи соли 2012 боиси афзоиши таваррум дар Тоҷикистон шудааст. Мизони таваррум дар соли 2012 дар маҷмуъ 6, 4 дарсадро ташкил додаст, ки нисбат ба як соли пеш 2, 9 дарсад камтар будааст.
Дар ин нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки шумораи банкоматҳо дар соли 2012 дар Тоҷикистон 96 адад афзуда ва дар маҷмуъ ба 429 адад баробар шудааст.
Дар мавриди узвият дар СҶТ, раиси Бонки миллии Тоҷикиситон мегӯяд, мутмаин нест, ки пас аз ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, дар наздиктарин фурсат бонкҳои бузурги хориҷӣ вориди бозори Тоҷикистон шавад. Ба гуфтаи ӯ, иқтисоди Тоҷикистон хурд аст ва дар гузашта теъдоде аз бонкҳои бузурги хориҷӣ ба Тоҷикистон омада ва бозори пули Тоҷикистонро омӯхтанд, вале бо ҳамин дигар вориди бозори Тоҷикистон нашуданд. Ӯ мегӯяд, феълан дар Тоҷикистон 16 бонк фаъол аст, ки аз ин шумор, 6-тои он бонки хориҷӣ мебошанд.