Дар Тоҷикистон ҳоло чанд корхона маҳсулот мебароранд?

Бонки миллии Тоҷикистон ба мақомоти зидахли кишвар пешниҳод кардааст, воридоти молҳои хориҷиеро, ки дар дохили ҷумҳурӣ низ истеҳсол мешаванд, то ҷое кам кунад.

Пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон дар бобати маҳдуд кардани воридоти моле, ки дар дохили кишвар низ тавлид мешавад, бо он ҳадаф садо додааст, ки аз истеҳсолоти ватанӣ ҳимоят карда шавад.

Ба гуфтаи Бонки миллӣ, ин пешниҳод барои он аст, ки корхонаҳои кишвар даромади мӯътадил ба даст оранд ва моли онҳо рақобатпазир шавад.

ГӮШТИ ЭРОНӢ + РАВҒАНИ ЧИНӢ = ПАЛАВИ ТОҶИКӢ?

Дар баробари пешниҳоди Бонки миллӣ намояндаи намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Сӣ Сӣ Ю низ бар ин нукта ишорат мекунад, ки Тоҷикистон дар бахши истеҳсолот рақобатпазириашро дар бозори ҷаҳонӣ аз даст хоҳад дод: “Агар хато накунам, дар даҳ соли охир ҳаҷми ҷойҳои корӣ маҳз дар бахши истеҳсолот аз 20 дарсади шуғли умумӣ ба 6 дарсад коҳиш ёфтааст. Тоҷикистон чӣ истеҳсол мекунад? Аввал, алюминиум, то ҷое агробизнес ҳаст. Тамом. Хеле муҳим аст, ки истеҳсолот аз ҳисоби гуногунсозӣ (диверсификатсия)-и иқтисодиёт ба вуҷуд ояд. Ман фикр мекунам, ки ин муҳимтарин вазифаи Тоҷикистон аст. Як ба дастархони тоҷикӣ назар кунед. Кадоме аз таркибҳое, ки барои омода кардани хӯроки тоҷикӣ истифода мешаванд, истеҳсоли худи кишваранд? Ками дар кам. Ҳатто хӯроки тоҷикӣ бо маҳсулоти хориҷӣ таҳия мешавад. Ин худ далели он аст, ки воридот бар содирот авлавият дорад.”

Аммо то куҷо пешниҳоди ин ду ниҳоди молиявии муътабар иҷрошавандаанд, дар ҳоле ки бино ба омор, вобастагии иқтисоди кишвар аз воридот як нуктаи бебаҳс шудааст?

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, агар тиҷорати хориҷӣ дар 10 моҳи соли равон 4 миллиарду 398,5 миллион долларро ташкил диҳад, аз ин 3 миллиарду 585,3 миллион (68%) ба воридот ва боқӣ 813,2 миллион (22%) ба содирот рост меояд. Дар қиёс бо соли 2013 воридот 293,6 миллион доллар зиёд шудааст, аммо ин афзоиш дар содирот ҳамагӣ 42,9 миллион долларро ташкил додааст.

ТОҶИКИСТОН ЧАНД КОРХОНА ДОРАД?

Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ беш аз 90 соҳаи саноат, 3070 корхонаи саноатӣ, аз ин 434 корхонаи бузурги худкифо дошт, назири Корхонаи абрешими Хуҷанд, "Тоҷиктекстилмаш", “Тоҷикатлас”, Корхонаи нассоҷии Душанбе, корхонаҳои қолин, кабел, трансформатор, яхдон, семент ва ғайра. Ба сурати умум дар хоҷагии халқи Тоҷикистон беш аз 1 миллион нафар машғул буданд. Саҳми Тоҷикистон дар иқтисоди Шӯравӣ тақрибан ба 6 то 7 дарсад мерасид. Тоҷикистон моли заруриашро аз ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ворид мекард.

Аммо манзараи иқтисоди Тоҷикистон пас аз 24 соли истиқлолият батамом дигар шуд. Корхонаҳои бузурги замони Шӯравӣ аксаран ё аз кор монданд ё ҳоло бо иқтидори ночиз кор мекунанд.

Ҳоло 1182 корхонаи саноатии истеҳсолкунанда вуҷуд дорад. Дар онҳо тақрибан намуди маҳсулот сохта мешавад, аммо ягон соҳа ниёзҳои дохилии Тоҷикистонро бароварда наметавонад. Ба тахмини мутахассисон, дар даҳ моҳи соли равон ба 1,5 миллиард доллар маводи саноатӣ тавлид шудааст, ки барқи истеҳсолиро ҳам дарбар мегирад. Аммо воридоти маҳсулоти саноатӣ, аз қабили сохтмонӣ, нассоҷӣ, семент, хӯрока, пойафзол ва ғайра аз кишварҳое, назири Чин, Русия, Эрон, Аврупо, Украин ҳудуди 2 миллиард доллар аст. Он ҳам маҳсулоте ворид мешавад, ки арзон ва рақобатпазир аст.

МОЛҲОИ "Made in Tajikistan" ЧӢ ҚАДАРАНД?

Азимҷон Зардов, сарвари Раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, мегӯяд, моле, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад, ба рақобат тобовар нест: “Чаро арзон меояд? Барои он, ки арзон меафтад. Чинро бигирем. Бидуни ягон харҷи зиёдатӣ аз ахлот маҳсулот омода мекунад. Мо чӣ тур метавонем бо он рақобат кунем? Технологияҳои нав заруранд, ки Чин дорад, аммо барои мо дастрас нест. Мо ба он дараҷа рушд накардаем, ки ҳар дақиқа саноатро гуногунсозӣ ё диверсификатсия кунем.”

Ҳамчунин дар соҳаи кишоварзӣ 6 дарсади маҳсулоти умумиро хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, 32,2 дарсадро хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 61, 2 дарсадро аҳолӣ истеҳсол мекунад, ҳарчанд дар кишвар 105 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Тоҷикистон чоряки гандум, нисфи гӯшту равғани растанӣ ва 70 дарсади шарбату консерваро аз хориҷ ворид мекунад. Ҳатто корхонаҳои гӯшту шир ва нони кишвар рақиби хориҷӣ доранд.

Коршиносон мегӯянд, муҳоҷирати меҳнатӣ деҳқонро аз замин ва коргаронро аз корхонаҳо рабуд ва ҳоло, ки Русия онҳоро машғул дошта наметавонад, роҳи бозгашти онҳо ба ватан боз шудааст.

"НЕРӮ ҲАСТ, МУТАХАССИС ВА ФАННОВАРӢ НЕСТ"

Мустафо Саидов, коршинос дар умури иқтисод, мегӯяд, танҳо роҳи боло бурдани истеҳсолот ворид кардани техникаву технологияи нав аст: “Ба истилоҳ, хазинаи амортизатсионӣ вуҷуд дорад, ки ба равнақ бахшидани истеҳсолот равона шудааст. Ин хазина яке аз сарчашмаҳои сармоягузорӣ ҳисоб мешавад, ки мутаассифона, дар шароити Тоҷикистон вуҷуд надорад. Агар вуҷуд медошт, ин қадар корхонаҳои мо ва дар баробари онҳо иқтисоди мо чунин ҳоли табоҳ намедоштанд.”

Дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва гуногунсозии иқтисодиёт яке аз шиорҳои ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои охир буд, ки дар ин робита, аз ҷумла ба бархе корхонаҳо барои ворид кардани таҷҳизоти модерн имтиёзҳо дода шуд. Аммо коршиносон мегӯянд, чун ин имтиёзҳо саросарӣ набуданд, ҳоло наметавонанд ба вазъ таъсир расонанд. Илова бар ин, тиҷоратҳои бузург, назири гандуму орд ва дигар маҳсулоти хӯрока низ пуштибонҳои қавии худро доранд, ки аз тиҷорат дар қиёс бо истеҳсол фоидаи бештар ба даст меоранд ва ба рушди тавлид дар кишвар манфиатдор нестанд.