Раиси Бонки миллӣ зимни шарҳи мавзӯи тарки мақом кардани роҳбарони ду муассисаи тиҷоратӣ – бонки “Эсхата” ва ташкилоти қарзии “Имон Интернешнл”, ки то соле пеш ба унвони муассисаҳои муваффақи тиҷоратии хусусӣ номида мешуданд, гуфт, ки онҳо дар фаъолияти худ “ба камбудиҳои ҷиддӣ” роҳ додаанд.
Вақте бонкдор медонад, ки ин қоҷоқбар аст ва ё террористе аст ва метавонад дар як лаҳза боздошт шавад, ҳеҷ гоҳ дидаву дониста бо чунин муштарӣ доду гирифт намекунад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, ки рӯзи 25-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе ба саволи хабарнигорон посух медод, гуфт, ки ин хулосаҳо бар асоси таҳлили ду соли охири фаъолияти ин созмонҳо ба даст омадааст.
Нурмуҳаммадзода, аз ҷумла, дар робита бо бонки “Эсхата” гуфт, ки аз ҷумла тавассути ин бонк муомилаҳо “бо гурӯҳҳои террористӣ” ва “қочоқбарони маводи мухаддир” ошкор шудааст. Ӯ гуфт, дар миёни дигар камбудиҳо - амалиёти асъории ғайриқонунӣ, интиқоли маблағҳо ба нафари сеюм низ ҷой доштааст. Нурмуҳаммадзода ин мавзӯъро зиёд шарҳ надод ва нагуфт, ки манзури ӯ аз муомилаҳои пулӣ бо гурӯҳҳои террористӣ ва ҳам қочоқбарон чист ва кадом кадом мавриду ва ҳаҷм сурат гирифтааст.
Дар робита бо “Имон Интернешнл”, ба қавли Нурмаҳмадзода, амалиёти ғайриқонунии асъор бо ҳадафи харидуфурӯши мошин ва хона ҷой доштааст. Ин нахустин бор аст, ки баъди дар чанд моҳи соли ҷорӣ тағйир ёфтани раҳбарияти ду муассисаи молӣ, раҳбари Бонки миллӣ дар ин замина изҳори назар мекунад.
Танбеҳу огаҳӣ ба раҳбарони бонкҳо
Худи раҳбарони собиқи ин ду муассисаи молӣ то шоми 25 июл ба ин изҳороти раиси Бонки миллӣ вокуниш накарданд.
Ҷамшед Нурмуҳамадзода гуфт, ки раҳбарони ин ду муассиса баъди танбеҳу гирифтани огаҳӣ, аз вазифа барканор шуданд.
Масъулони Бонки миллӣ мегӯянд, баъди ошкор шудани муомилоти ғайриқонунӣ барои хариду фуруши маводи мухаддир бар зидди чаҳор корманди бонки “Эсхата” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтиш идома дорад. Бонки Миллӣ баъди ошкор шудани камбудиҳо, бонки "Эсхата"-ро дар ҳаҷми 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ва "Имон Интернешнл"-ро ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Нисбати бонкҳо, аз ҷумла бонки “Эсхата” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, алайҳи кормандони алоҳидаи бонкҳои “Амонатбонк”, "Имон интернешнл" ва ташкилоти қарзии хурди «Матин» парвандаҳои маъмурӣ оғоз шуда тафтиши онҳо идома дорад”, - афзуд Ҷамшед Нурмуҳамадзода.
Ба эътимоди раиси Бонки миллӣ, баъди иваз шудани раҳбарони ин ду бонк, фаъолияти онҳо беҳтар ва муштариёнашон ҳам зиёдтар шудааст. Нурмуҳаммадзода гуфт: «Агар дар низоми қарздиҳӣ гирем, бонки “Эсхата” дар ҳаҷми қариб як миллиард сомонӣ дар ним сол қарз додааст. Нисбат ба ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ зиёд қарз додааст. Депозит ҳам ҷалб кардааст. “Имон Интернешнл» низ нишондиҳандаҳои хуб дорад».
Раҳбарони собиқи бонкҳо ҳанӯз вокуниш накарданд
Масъулони бонки «Эсхата» ба муроҷиати Радиои Озодӣ дар ин бора то замони нашри гузориш посух надоданд. Вале барканории раҳбарони ин ду бонк, ки қароргоҳи аслиашон дар шаҳри Хуҷанд мебошад, сару садои зиёдеро дар байни ҳалқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ барангехт.
Моҳи феврал дар шарҳи тарки мақом кардани ду раҳбари муассимаҳои молӣ, Наврӯз Валиев, раҳбари намояндагии минтақавии Бонки миллӣ дар вилояти Суғд дар нишасти хабариаш гуфта буд, ки раҳбарони бонки "Эсхата" ва созмони қарздиҳии "Имон Интернешнл" на бо роҳи иҷборӣ, балки танҳо бо тавсияи Бонки миллӣ иваз карда шуданд.
Дар ҳамон моҳи феврал Хуршед Носиров, муассис ва раҳбари собиқадори бонки "Эсхата" сабукдӯш ва зимоми раҳбарии ин бонк ба дасти Акбар Назаров гузашт. Гулбаҳор Маҳкамова низ моҳи феврали соли равон аз роҳбарии ташкилоти қарзии "Имон Интернешнл" барканор гардида, ба ҷои ӯ Зокир Абдрашитов таъин гардида буд.
60 дарсади интиқоли маблағҳо тавассути "Эсхата"
Бино ба маълумоти намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд, наздики 60 дарсади интиқоли маблағҳо тавассути “Эсхата” сурат мегирад ва ҳудуди 40 дарсади қарзҳои муштариён ва ҳамин қадар пасандози сокинон ба “Эсхата” тааллуқ дорад. Бонки "Эсхата" солҳои 1993-94 ташкил шуда то оғоҳи соли ҷорӣ 23 филилал ва беш аз 200 маркази хизматрасонӣ дошт.
Дар изҳороти “Имон Интернешнл”, ки рӯзи 9 феврал нарш шуд, таъкид гардид, ки дар мӯҳлати раҳбарии Гулбаҳор Маҳкамова дороиҳои (активы) ин ташкилот дар соли 2017-ум 25 дарсад афзуда, теъдоди муштариён ба 120 ҳазор нафар расидааст. Ҳамчунон гуфта мешавад, “Имон Интернешнл” ягона ташкилоти молиявии Тоҷикистон аст, ки дар ду соли охир тавонистаааст, сармояашро тавассути ҷалби сармоягузорони хориҷӣ афзоиш бидиҳад.
“Эсхата” рӯзи 9-уми феврал дар як изҳорот гуфт: “Тағйироти кадрӣ як қадаме барои рушди минбаъда аст ва ба фаъолияти ҷории бонк таъсире нахоҳад гузошт”. Баъдан дар изҳороти "Имон интернешнл" дар бораи барканории Гулбаҳор Маҳкамова, аз фаъолияти ӯ қадрдонӣ шуда, таъкид гардида буд, ки Маҳкамова тасмим гирифтааст ба корҳои илмии худ машғул шавад.
Бонки "Эсхата", ки аз ниҳодҳои муваффақи молӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешавад, ахиран эълон кард, ки 10 дарсади кормандонашро ихтисор кардааст. Ихтисори кормандони "Эсхата" дар пайи ивазшавии роҳбарият дар ин бонк сурат гирифт ва бо тавсияи Бонки миллӣ анҷом шуда буд.
"Ҳеч як бонк бо гурӯҳи риск муомила намекунад"
Иқтисоддонҳо мегӯянд, “Эсхата” ва “Имон Интернешнл” ду ниҳоди молии муваффақ дар бозори бонкии Тоҷикистон буданд ва маълум нест, ки то куҷо раҳбарони собиқи ин муассисаҳо бо иттиҳомоти мақомоти Бонки миллӣ розӣ ҳастанд ё не.
Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, иддаои Бонки миллӣ шояд ҷой дошта бошад, вале ба назари ӯ дар шароити феълӣ ҳеҷ кадом ниҳоди молӣ намехоҳад бо гуруҳҳои “риск” муомилаи бонкӣ анҷом диҳад. “Вақте бонкдор медонад, ки ин қоҷоқбар аст ва ё террористе аст ва метавонад дар як лаҳза боздошт шавад, ҳеҷ гоҳ дидаву дониста бо чунин муштарӣ доду гирифт намекунад”, гуфт Собиров.
Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби додситонии кули Тоҷикистон дар 183 парванда дар масоили пуливу молӣ боз шудааст, ки 66 адади он парвандаи ҷиноятӣ мебошад.