Модӣ аз бемористони ҳарбии Ҳинд дар Хатлон боздид мекунад

Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон

Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон, дар аввалҳои моҳи июли соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омада, аз бемористони низомие дар ҷануби кишвар боздид хоҳад кард, ки бо пули Деҳлӣ сохта шудааст.

Нарендра Модӣ -- нахуствазири Ҳиндустон дар аввалҳои моҳи июл дар ҷараёни сафараш ба Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон ҳам боздид хоҳад кард. The New Indian Express бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Ҳиндустон гуфтааст, эҳтимол ин сафар 12-13 июл анҷом гирад.

Ин хабарро 28 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон ҳам тасдиқ кард. Ӯ гуфт, мақомҳои тоҷик бо Модӣ "ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ҷалби таҷрибаву имконоти Ҳиндустон ба бахши кишоварзӣ ва энержӣ, инчунин, ҳамкориҳои илмию фарҳангиро баррасӣ хоҳанд кард".

The New Indian Express​ навиштааст, Нарендра Модӣ ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон аз бемористони низомие, ки бо маблағгузории Ҳиндустон дар ҷануби кишвар сохта шудааст, низ боздид хоҳад кард. Ин бемористон соли гузашта мавриди истифода қарор гирифт ва дорои 50 кат мебошад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки 73 мутахассиси баландпояи Ҳиндустон то соли 2016 дар ин шифохона кор карда, ҳамзамон ҳамтоёни тоҷики худро бо таҷҳизоти навтарини тиббӣ ошно мекунанд.

Ҳинд дилбастагии зиёд дорад, ки фаъолияташ дар пойгоҳи ҳавоии Фархори вилояти Хатлон низ тамдид карда шавад. Дар солҳои муқовимат алайҳи Толибон, пойгоҳи ҳавоии Фархор, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, дар ихтиёри Аҳмадшоҳи Масъуд -- фармондеҳи нерӯҳои Эътилофи шимоли Афғонистон гузошта шуда буд ва ҳампаймони онҳо Ҳиндустон дар онҷо бемористони низомӣ дошт ва захмиёни онҳоро муолиҷа менамуд.

Маҳз табибони ин бемористони низомӣ хабари марги Аҳмадшоҳ Масъуд, раҳбари Эътилофи шимоли Афғонистонро, ки баъд аз террор шуданаш ба ин бемористон интиқол шуда буд, эълом карда буданд. Ба дунболи суқути ҳукумати Толибон ва ворид шудани нерӯҳои байнулмилалӣ ба Афғонистон, зарурате ба ҳузури ин пойгоҳ намонд ва он дари худро ба рӯи ҳам ҳиндуҳо ва ҳам афғонҳо баст.

Ҳоло сафари Нарендра Модӣ ба Тоҷикистон ва боздидаш аз шифохонаи низомии ин кишвар дар вилояти Хатлон дар ҳолест, ки шимоли Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон моҳҳои охир шоҳиди даргирӣ миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ мебошад. Дар гузашта нахуствазири собиқи Ҳиндустон Атал Бихари Ваҷпайи низ ба Тоҷикистон омада, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1993 то 2012 панҷ бор ба Ҳиндустон сафар кардааст.

Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон мегӯяд, "аз сафари мақомҳои баландпояи кишварҳо истиқбол мекунем, чун равобити мустаҳкам миёни раҳбарият метавонад, бисёр мушкилҳоро ҳал кунад."

Ҳиндустону Тоҷикистон аз соли 1992 боз равобити дипломатӣ доранд ва ин кишвар фурудгоҳи низомии "Айнӣ", дар 25-километрии ғарби Душанберо бо харҷи бештар аз 20 миллион доллар бозсозӣ кардааст. Солҳо боз ин сарусадоҳо дар нашрияҳои дохилу хориҷ мечархад, ки гӯё Тоҷикистон фурудгоҳи "Айнӣ"-ро барои истифода ба Ҳиндустон додааст, аммо Вазорати дифои кишвар чунин як иттилоъро рад мекунад.

Фурудгоҳи низомии "Айнӣ", ки дар замони ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон низ аз он истифода мешуд, имкони қабули ҳама навъи ҳавопаймои низомиеро, ки дар бузургтарин артишҳои дунё мавҷуд аст, дорад.