Намояндагони “Толибон” дар Панҷшер ду касро шаллоқ задаанд

Панҷшер, акс аз бойгонӣ

Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, намояндагони “Толибон” дар вилояти Панҷшер як мард ва як занро шаллоқ ё тозиёна задаанд.

Додгоҳи олии “Толибон” рӯзи 5-уми июн гуфт, онҳо ба “робитаи номашруъ” муттаҳам ҳастанд.

Ҳукми шаллоқ дар назди мардум иҷро шудааст.

Аз ин пеш, 4-уми июн, мақомоти маҳаллии “Толибон” дар вилояти Сарипул низ зиёда аз 60 нафар, аз ҷумла понздаҳ занро зери шаллоқ гирифтанд

Ҳомиёни ҳуқуқи башар чунин рафтори “Толибон”-ро борҳо танқид кардаанд.

Созмони Милали Муттаҳид соли 2023 аз ҳокимони нави Афғонистон хоста буд, ки ин тарзи ҷазодиҳиро бас кунад.