Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон насабашро иваз кард

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, насаби худро расман ба Сироҷиддин Муҳриддин тағйир додааст.

Дар ин бора рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд. "Бале, ду-се рӯз шуд, ки ҷаноби вазир насабашонро расман тағйир доданд ва аз ин ба баъд фамилияи он кас бар асоси исми падарашон хоҳад буд", - гуфт як дипломат дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар ин бора алакай дар вебсайти худи Вазорати умури хориҷӣ ҳам иттилоъ дода шуда, биография ё тарҷумаи ҳоли вазир ҳам бо насаби наваш нашр шудааст. Сироҷиддини Муҳриддин 54 сол дошта, аз охири ноябри соли 2013 дар вазифаи вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор мекунад. Ӯ дипломати собиқадор аст ва то таъйин шудан ба вазифаи вазирӣ, сафири Тоҷикистон дар Куба бо қароргоҳаш дар Ню-Йорк будааст.

Вазири корҳои хориҷӣ яке аз охирин мақомдорони тоҷик шуд, ки исми худро бо шеваи миллӣ иваз кард.

Дар Тоҷикистон аз соли 2007 ба ин сӯ бо ташаббуси президент як тамоюли табдили номҳо ба шеваи миллӣ идома дорад. Худи президент он сол насаби худро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон табдил дод ва баъди ӯ як қатор мақомҳои баландтарин, вазирону раисони кумитаҳо даст ба чунин кор заданд.

Аксари ин мақомот гуфтанд, "ба хотири арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, дар доираи талаботи қонуни Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" аст ё пасванди русии фамилия ё исми падарро бардошта ваё комилан фамилияи нав гирифтанд.

Дар миёни онҳое, ки исми худро тағйир доданд, нахуствазиру вазирони тандурустиву кишоварзӣ, раиси вақти Оҷонси зиддифасод ва дигарҳо буданд. Масалан, Абдуқоҳир Назиров - Қоҳир Расулзода, Муродалӣ Алимардонов - Муродалӣ Алимардон, Ҳасан Саъдуллоев - Ҳасан Асадуллозода, Амонулло Ҳукумов - Амонуллои Ҳукуматулло, Нусратулло Салимов - Нусратулло Файзулло, Қосим Раҳбарович Қосимов - Қосими Раҳбар, Абдуҷаббор Раҳмонов - Абдуҷаббор Раҳмонзода, Фаттоҳ Саидов - Абдулфаттоҳи Ғоиб, Бахтиёр Худоёров - Бахтиёр Худоёрзода шуданд.