Намози ҷумъаи 10 октябр дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Имом Тирмизӣ дар шароити шадиди амниятӣ ва дар фазои даъват ба эҳтироми сулҳу субот баргузор шуд. Намозгузорон, ки шумораашон дар муқоиса ба намозҳои ҷумъаи гузашта камтар ба назар мерасид, пеш аз ворид шудан ба дохил аз назорати ходимони амнияту пулис ва ҳатто дружиначиён мегузаштанд. Онҳое, ки дар даст борхалта ё сумка доштанд, бояд дохили он ва онҳое, ки ҷойнамоз доштанд, бояд ин ҷойнамозро боз карда ба намояндагони амният нишон медоданд.
Пеш аз шурӯи намози ҷумъа дар баробари намозгузорон Саидмукаррам Абдулқодирзода -- раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон сӯҳбат кард. Ӯ дар ин сӯҳбаташ, ки баъди соати 12 ба вақти Душанбе шурӯъ шуд, мардумро ба ҳифзи сулҳу субот дар кишвар даъват кард ва аз онҳо хост, ки ба ҳеч сурат фирефтаи даъватҳои ширкат дар гирдиҳамоиҳо, бахусус аз тарафи “Гурӯҳи 24” нашаванд. Ӯ гуфт, ҳадафу мақсадҳои даъваткунандаҳои баргузории гирдиҳамоӣ маълум нест ва мардум набояд аз паси ин сарусадоҳо бираванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз нооромиҳо дар Сурия ва Ироқ ҳам ёдовар шуд ва афзуд, “оқил ҳамонест, ки аз дигарон ибрат мегирад. Мусалмони дурандеш ҳамонест, ки зиндагии осуда, дӯстӣ, бародарӣ ва муҳаббату оромиро бо ду даст мустаҳкам меқапад, ки дар ин оромӣ пешравии мо аст. Пас, огоҳ бошем аз “Гурӯҳи 24” , ки иғво мекунад. Алҳамдуллилоҳ, мардуми мо диндор ҳастанд, дурандеш ҳастанд ва ҳаргиз нисбат ба худу дигарон озору зиёнро раво намебинанд. Боз ҳам ҳушёртар бошем, то одобу ахлоқу маънавиёти моро барҳам надиҳанд. Онҳо медонанд, ки баъд чӣ корҳо кунанд, аммо мо намедонам онҳо чӣ кор мекунанд.”
Ба мушоҳидаи намозгузорон, намози ҷумъа дар фазои орому оддӣ ҷараён гирифт. Ба фарқ аз намозҳои гузаштаи ҷумъа, садои баландгӯяки масҷидро танҳо дар дохил шунидан мумкин буд ва барои мардум аз ду дар, танҳо яктоаш боз буд.
Рӯзи 9 октябр бо пешниҳоди Додситонии кулли Тоҷикистон Додгоҳи олии кишвар фаъолияти созмони "Гурӯҳи 24"-ро ба унвони як созмони ифротгаро мамнӯъ кард. Аз ин пештар, дар намози Иди Қурбон дар аксар масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон номае алайҳи “Гурӯҳи 24” хонда шуда, аъзои он ҳамчун харобкор муаррифӣ гардиданд.
Ахиран ин созмон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мардуми Тоҷикистонро барои ширкат дар як гирдиҳамоии эътирозӣ дар Душанбе даъват кард. Вале ин даъватҳоро намояндаҳои ҳукумат, инчунин ҳизбҳои сиёсии фаъол дар Тоҷикистон, қумандонҳои собиқи оппозитсиюн маҳкум карда, аз тарафдоронашон хостанд, ки ба даъватҳо дода нашаванд.