Муҳокимаи Наимҷон Самиев, узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, рӯзи 5-уми апрел дар боздоштгоҳи муваққатии Хуҷанд оғоз ёфт. Ӯ охири моҳи ноябри соли гузашта "дар шароити мармуз" дар Чеченистони Русия дастгир ва баъдан ба Тоҷикистон оварда шуд. Аз он замон то кунун дар боздоштгоҳ аст.
- Мақомот Наимҷон Самиевро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – "ғайриқонунӣ расондан, ҷойгир кардан ва ба кор андохтани маводи тарканда", "таълими ифротгароӣ" ва "иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ" – муттаҳам медонанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар оғоз ин хабарро рад ва тасдиқ накарданд. Танҳо баъди як ҳафати ҳодиса гуфтанд, ки ӯ дар Душанбе аст ва мавриди бозпурсӣ қарор дорад.
Гулрухсор Яҳёева – вакили мудофеи Наимҷон Самиев – рӯзи 5-уми апрел оғози мурофиаи зерҳимояашро дар СИЗО-и рақами дуи Хуҷанд тасдиқ кард, аммо ҷузъиёти онро ошкор нанамуд.
"Ба толори мурофиа роҳ надоданд"
Абдурашид Самиев, яке аз писарони Наимҷон Самиев, гуфт, ҳарчанд парванда муҳри махфӣ надорад, онҳоро ба толор роҳ надодаанд. "Ман ва чанде аз пайвандон омада будем, то дар мурофиа иштирок кунем. Ба мо иҷоза надоданд. Танҳо бобоям Абубакр Самиев ба ҳайси шоҳид барои чанд дақиқа ба дохил даромада, дубора берун шуданд", - гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, "дар рӯзи аввали мурофиа Абдусаттор Бобоев, узви пешини ҳизби наҳзат низ ба ҳайси шоҳид пурсида шудааст. Бобоев чанд сол пеш маҳкум шуда, ҳоло дар зиндон аст."
Интизор меравад, мурофиаи баъдӣ рӯзи сешанбеи оянда баргузор шавад.
"Боздошти мармуз"
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Омбудсмени тоҷик – "виҷдони ҷомеа" бо дастони кӯтоҳ?Наимҷон Самиеви 56-сола солҳои 2008-2012 раиси дафтари ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд буд ва баъдан раиси ин ҳизб дар шаҳри Исфара шуд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ аз соли соли 2014 то лаҳзаи боздошт дар Русия мезист.
Худи ӯ ва наздиконаш айбномаи расмиро рад мекунанд. Дар оғози моҳи феврали имсол дар шабакаи YouTube як навори видеоӣ нашр шуд, ки дар он Наимҷон Самиев дар утоқе нишаста мегуфт, "касе ӯро боздошт накардааст" ва "аз Маскав ихтиёрӣ ба Душанбе омада, худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кардааст".
Қазияи Наимҷон Самиев охири моҳи ноябри соли гузашта нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ шуд. Чанд созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Vision Foundation гуфтанд, ки Самиев дар Чеченистон “рабуда” ва рӯзи 4-уми декабри соли 2018 аз фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав ба Душанбе оварда шуд.
Ҳомиёни ҳуқуқ танқид ва Тоҷикистон рад мекунад
Мақомоти Тоҷикистон дар оғоз ин хабарро рад ва тасдиқ накарданд. Танҳо баъди як ҳафтаи ҳодиса гуфтанд, ки ӯ дар Душанбе аст ва мавриди бозпурсӣ қарор дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 4 "портрет"-и тахминии гумонбарон ба ифротгароӣ дар тасвири мақомоти тоҷикМақомоти Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро, ки Наимҷон Самиев узви он буд, соли 2015 мамнӯъ ва "созмони террористӣ" эълон карданд. Аммо ҳизби наҳзати исломӣ онро рад мекунад. Инчунин, ҳеч як аз кишварҳои ғарбӣ ин ҳизбро ба ҳайси созмони террористӣ эътироф накардааст.
Созмони ҳомии ҳуқуқи башар – Human Rights Watch – мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон мухолифону мунтақидонашро дар хориҷа таъқиб мекунад ва то ҳол тавонистааст бо кумаки сохторҳои амниятии Русия даҳҳо нафарро рабуда ба Тоҷикистон биёрад. Мақомот дар Тоҷикистон ин иттиҳомотро рад мекунанд.