Пас аз се рӯзи интиқоди президенти Тоҷикистон аз вазъи тартибот дар Хоруғ, дар ҳукумат ва ниҳодҳои қудративу додгустарии вилояти Бадахшон тағйироти кадрӣ ҷараён гирифт. Ҳадди ақал 12 мақом аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо нафарони нав таъйин шуданд.
Бадахшон ҳеҷ гоҳ аз Тоҷикистон ҷудо шуда наметавонад, зеро як ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистон аст. Касоне, ки дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд, ин суханҳоро ҳеҷ гоҳ намегӯянд
Як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон Набот Додхудоева рӯзи 18-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ гуфт, умедвор аст, нафарони нав метавонанд вазъро тағйир дода, мушкилоти ҷойдошта дар ҷомеаро ҳал кунанд.
Набот Додхудоева: Агар ин суҳбатро президент чанд сол пештар мекард, хеле беҳтар буд. Имрӯз ман шоҳиди он шудам, ки ҷавонони Хоруғ барои мӯътадил кардани вазъи шаҳр ҷалб мешаванд. Солҳои сол мегуфтем, ки байни ҷавонон ва милитсия якдигарфаҳмӣ нест. Ҳозир дар тамоми кӯчаҳои шаҳри Хоруғ маҷлисҳо мегузаранд. Инро касе ба онҳо нагуфтааст, худи ҷавонҳо инро баргузор мекунанд. Масъалаи аслие, ки онҳо муҳокима мекунанд, ин аст, ки бояд қонун риоя шавад. Албатта, барои ман кӯчаҳои Хоруғ ором аст. Вале рост аст, ки мошинҳои сиёҳшишаву берақам мегардад. Гоҳе ҷиноятҳо рух медиҳад. Ҳоло, ки кадрҳои нав меояд, як ҳавои тоза меояд ва умед ҳаст, ки онҳо вазъиятро дигар мекунанд. Мушкилоти Хоруғро ҳал кардан мушкил нест, Хоруғ шаҳри кӯчак аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат, додгоҳ ва РКД-и Бадахшон. ВИДЕО, САДОНабот Додхудоева
Як соҳибкори муваффақи 56-сола ва раҳбари созмони ҷамъиятии “Мадина” аст. Баъди шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ манзили худро дар ноҳияи Ёвон тарк кард ба Хоруғ омад ва зиндагиро ҳамроҳ бо аҳли оилааш аз сифр шурӯъ кард. Ҳоло узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон аст. Дар ҳамоишҳои соҳибкорони Тоҷикистон, аз ҷумла бо даъвати президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад.
"Армия роҳи ҳалли масъала нест"
Радиои Озодӣ: Шумо сокини Хоруғ ҳастед ва вазъро аз дохил хуб медонед. Чаро, ба назари Шумо, лаҳни президент чунин тунд буд. Ӯ гуфт, "агар тартиботро барқарор карда наметавонед, барканор мешавед", "агар лозим шуд, аз нирӯ истифода кунед, ман ба ӯҳда мегирам”...
Набот Додхудоева: Аз ин ҷо ба президент маълумот меравад. Мо намедонем то чӣ андоза маълумот дуруст аст. Вале вазъияти нохуби иҷтимоиву иқтисодӣ бояд президентро ба ташвиш меовард ва ҳамин тавр ҳам шуд. Нигаронии асосии президент аз кори кормандони ҳукумат буд. Корманди ҳукумат вазифа дорад ва ин вазифа беҳтар кардани вазъи зиндагӣ аст. Он чи ки дар бораи қӯшунҳо (нирӯ) гуфт - ба фикри ман, армия роҳҳалли масъала нест. Мумкин, ин як таҳдид буд ва фикр мекунам, ки ба ин кор намераванд, чунки он проблемаҳое, ки дар Хоруғ ҳастанд, бо дасти худи милитсия ҳал карда мешавад.
Радиои Озодӣ: Гуфтанд, “чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед”. Ҳамин чор ҷинояткор кист? Мо дар ин рӯзҳо бо нафарони зиёде сӯҳбат кардем. Бархе мегӯянд, манзури президент чанд, ба истилоҳ “авторитет” аст, ки вазъи шаҳру минтақаро назорат мекунанд, нуфуз доранд, дар тиҷорат даст доранд бо сохторҳои қудратӣ дар тамос ҳастанд. Бардошти Шумо чӣ аст? Манзур кист?
Набот Додхудоева: Ман онҳоро намедонам. Вале медонам, ки вақте президент кадрҳоро интихоб мекунад, бояд ин нафарон дар инҷо обрӯ дошта бошанд. Барои чӣ онҳо (ҷинояткорҳо) обрӯ доранду коргари ҳукумат обрӯ надорад? Ин бисёр масъалаи калон аст ва мо бояд дар ин бора фикр кунем. Як чизро мегӯям. Ҳама вақт ва дар ҳама ҷо коррупсия ҳаст. Вақте як кас аз коррупсия зарар мебинад ва пеши ин шахсон меояд, ки аз ҳуқуқам дифоъ кунед, чӣ мешавад? Ман шахсан дар ин бораҳо бисёр фикр мекунам. Вақте гап дар бораи аслиҳа меравад, пас, идораи амният бояд ҳамеша дар ин фикр бошад, ки ба Хоруғ аслиҳа надарояд.
Мо бо Афғонистон ҳамсарҳад ҳастем. Ин, албатта, паёмади худро дорад. Сарҳадро бояд нигоҳ кунем, ки аз он тараф яроқ надарояд. Нашъаву яроқ аз он тарафи сарҳад меояд. Пас, кори мақомоти амниятӣ бояд пурзӯр карда шавад. Масъалаҳо хеле зиёданд, ки ман ҳалли онҳоро намедонам. Ҳаминро ҳам намедонам, ки ба кӣ ишора буд. Вале ишораи асосӣ ҳамин буд, ки Бадахшон бояд аз ин қашшоқиву қонунвайронкуние, ки ҳаст, берун барояд. Вақти он расидааст, ки шаҳр чеҳраи худро дигар кунад ва қонун бояд барои ҳама болотар аз ҳар чизи дигар бошад.
Радиои Озодӣ: Шумо дар бораи мошинҳои сиёҳшиша, дар бораи коррупсия, аслиҳа гуфтед, вале то куҷо ин масъала барои ҷомеаи Хоруғ воқеан ҳам доғ аст?
Набот Додхудоева: Баъзан мебинӣ, ки мошини сиёҳшиша ё бе рақам аст, ба корманди ҳифзи ҳуқуқ итоат намекунад. Ин, албатта, нигаронкунанда аст. Ин масъалаҳо гоҳ-гоҳе пайдо мешаванд. Ин проблемаи имрӯза нест, ин аз солҳои 1990 омаду имрӯз мисли таркише баромад. Масалан, вақте дар Данғара сайёҳонро куштанд, ин масъалаи ҳаррӯза нест, вале ногаҳон рух дод. Ин ба он ишора мекунад, ки мо бояд ҳушёр бошем. Чизе, ки як бор шуд, метавонад такрор шавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ: "Чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед?" САДО"Қувваҳои сеюм аз вижагиҳои фарҳангии Бадахшон истифода бурда метавонанд"
Радиои Озодӣ: Дар шабакаҳои иҷтимоӣ суханронии президентро зиёд баррасӣ мекунанд. Бархе мегӯянд, “мо бадахшӣ ҳастем” ва “вижагиҳои фарҳангиву мазҳабии мо бояд ба эътибор гирифта шавад”. Интиқод зиёд аст. Шумо чӣ назар доред?
Набот Додхудоева: Бадахшон ҳам аз назари ҷуғрофӣ ва ҳам фарҳангӣ хусусиятҳои худро дорад. Ин дуруст аст. Ин минтақа бо Афғонистон ҳамсарҳад аст ва худи ин масъалаи хеле калон аст. Аз назари қонунгузорӣ ҳам агар бархе қонунҳо барои минтақаҳои дигар хуб бошад, барои Бадахшон чунин нест. Барои намуна, агар масъалаи заминро гирем. Барои Бадахшон ин бисёр масъалаи вазнин аст. Заминро фурӯхтан мумкин нест. Лекин дар шаҳри Хоруғ фонди замин вуҷуд надорад. Соҳибкоре, ки мехоҳад як корхона бисозад, мебинад, ки фонди замин нест. Пас, ӯ бояд аз шахсе, ки ҳавлии калон дорад, замин бихарад, вале аз рӯи қонунгузорӣ мумкин нест. Ин муаммо бояд ҳалли худро ёбад. Ё масъалаи андозро бинед. Замини инҷо мисли замини Суғду Хатлон ҳосил намедиҳад, шахс наметавонад мисли онҷо андоз супорад. Масъалаҳое ҳастанд, ки хусусияти Бадахшон бояд ҳатман ба назар гирифта шавад. Бидуни ин масъалаҳои иқтисодии Бадахшон ҳал карда намешаванд. Вале паҳлӯи сиёсии масъала ин аст, ки вижагиҳои фарҳангии Бадахшон метавонад аз ҷониби қувваҳои сеюм истифода бурда шавад. Имрӯз дар дунё бозиҳои геополитикӣ бисёр ҳастанд. Агар бихоҳанд, ки Тоҷикистонро нотинҷ кунанд, метавонанд аз Бадахшон истифода баранд. Барои ҳамин, мо бояд ҳамеша ҳушёр бошем.
Бадахшон ҳеҷ гоҳ аз Тоҷикистон ҷудо шуда наметавонад, зеро як ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистон аст. Он касоне, ки дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд, ин суханҳоро ҳеҷ гоҳ намегӯянд. Мо ҳама вақт тоҷик будем ва тоҷик мемонем. Ман худам аз Бадахшонам, лекин дар Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекардам. Соли 1992 гуреза шуда, ба Бадахшон омадам. Ману ҳамсарам то соли 1998 миёни Бадахшону Ӯш соҳибкорӣ мекардем. Соли 1998, вақте бори аввал ба Конибодом рафтам, аз шунидани забони тоҷикӣ гиря кардам. Ҳис кардам, ки ба ватанам омадам. Ӯш ба мо бисёр ёрӣ ва некӣ кард, ба мо нон дод, вале ҳамеша ҳис мекардам, ки бегона ҳастам. Ҳеҷ гоҳ он эҳсосро дар Конибодом фаромӯш намекунам. Мо тоҷику тоҷикистонӣ ҳастем.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Набот Додхудоева: Фармони Оғохон дар намози ҷумъа хонда шуд