Радиои Озодӣ ва Conflict Intelligence Team дар таҳқиқоте маълум карданд, ки нерӯҳои Русия, ки ним сол боз аз минтақаҳои Сибир ва Шарқи Дур тавассути роҳи оҳан ба самти ғарб бурда мешаванд, аллакай дар 40-километрии сарҳади Русия ва Украина қарор доранд. Низомиён ва наздиконашон низ тафсилоти "сафари хидматӣ"-ро гуфтанд.
Тамрини ҳарбӣ дар Беларус ё танҳо баҳона?
Раҳбари худкомаи Беларус, Александр Лукашенко, рӯзи 17-уми январи имсол аз машқҳои якҷояи нерӯҳои Минску Маскав хабар дод. Тамрини ҳарбӣ бояд моҳи феврали имсол дар ҳудуди Беларус гузарад. Муҳаққиқони мустақил дар навори шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида кардаанд, ки воқеан таҷҳизоти низомии Русия оҳиста-оҳиста ба Беларус ворид карда мешаванд, вале танҳо як қисми онҳо ба тамрингоҳҳо мераванд.
Қисми дигар дар ними роҳ, дар наздикии Гомел, минтақае, ки ҳамагӣ 40 километр дуртар аз вилояти Чернигови Украина ва 90 километр дуртар аз вилояти Киев ҷойгир аст, истодаанд.
Дар як ҳафтаи охир дар шабакаи иҷтимоии "ТикТок" дар бораи сафари низомиёни рус ва бурдани таҷҳизоти ҳарбӣ чанд видео пайдо шуд. Садҳо нафар дар зери наворҳо шарҳ гузоштанд.
Хешовандони сарбозону афсарон дар бораи ба "сафари хидматӣ" ё ба "тамрин" фиристодани онҳо гуфтаанд. Аксарият таъкид кардаанд, ки ҷойи вохӯрии низомиён "Беларус" аст, бархеи дигар навиштанд, дӯстону наздиконашонро "ба Украина" ва ё "ба сарҳади Украина" гусел карданд.
Барои фаҳмидани тафсилот, бо баъзе аз муаллифони шарҳҳо мукотиба доштем, вале журналист будани худро пинҳон накардем. Пас аз ин баъзе аз мусоҳибони мо бо хоҳиши худ муколамаро идома доданд.
Ташвиши занону модарони низомиҳо аз чист?
Аз шарҳҳо маълум мешавад, ки аксар модарону занони низомиён аз сарнавишти наздиконашон нигарон ҳастанд.
Даҳҳо нафар, ки дар бораи фиристодани наздикони худ ба самти ғарб менависанд, пинҳон намекунанд, ки аз оғози ҷанг миёни Русия ва Украина ҳарос доранд. Ин нигаронӣ беасос нест. Соли 2014 бисёре аз низомиёне, ки ба Донбасс рафта буданд, дар лаҳзаи охирин фаҳмиданд, ки ба "тамрин" наомадаанд.
Бисёре аз шарҳнависон, бавижа, онҳое, ки ба маълумоти фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ такя мекунанд, дар бораи фиристодани сарбозон ба "марзи Украина" менависанд, на худи Украина.
Ҳамсари яке аз низомиён рӯзи 18-уми январ ба хабарнигори Радиои Озодӣ навишт, қатор (поезд)-е, ки шавҳараш рӯзи 7-уми январ бо он аз шаҳри Борзяи Забайкал баромада буд, ба Брести Беларус расидааст. Дар саҳифаи ин сарбоз дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" гуфта мешавад, ки аз соли 2014 дар артиш кор мекунад.
Як корбари "ТикТок" аз шаҳри Завитински вилояти Амур навиштааст, ки писари ягонааш "ба сафари хидматӣ ба марзи Русия" меравад. Вай дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, корвони низомиён аз 9 то 11-уми январ ба сафар баромаданд ва, интизор меравад, то охири моҳ ба "наздикии Брянск" бирасанд.
Худи низомиён ҳам дар зери наворе, ки савори қатор ба тарафи ғарб сафар мекунанд, дар "ТикТок" ба таври фаъолона шарҳ гузоштаанд. Бархе аз онҳо, тавре аз маълумоти саҳифа ва навиштаҳояшон бармеояд, "бурятҳои ҷангии Путин" ҳастанд, ки дар соли 2014-2015 бо иштирокашон дар ҷанги Донбасс "шуҳрат ёфтаанд".
Яке аз унсурҳои зарурии машқҳои васеъмиқёс (ё ҷанг, дар сурате ки зарурати зери назорат нигоҳ доштани нуқтаҳои аҳолинишин ҳаст) полиси ҳарбӣ мебошад. Тавре аз шарҳҳо дар "ТикТок" бармеояд, кормандони он низ бо қаторҳо ба самти ғарб фиристода мешаванд.
Ҳузури нерӯҳои вижа –намоишкорӣ?
Зане, ки қаблан дар бораи ба "сафари хидматӣ" рафтани шавҳараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ навишта буд, иддао дорад, ки ӯ кишварро тарк накарда, балки "барои намоишкорӣ" ба марзи Украина рафтааст.
Мо саҳифаи ин занро дар "ВКонтакте" пайдо кардем ва тавассути он саҳифаи шавҳарашро ёфтем. Ҷойи зисти зан Хабаровск аст. Тахмин кардан мумкин аст, ки шавҳараш дар қисми 14-уми бригадаи нерӯҳои вижа хидмат мекунад (қаблан онро "бригадаҳои махсуси ГРУ" меномиданд).
Таҳлилгарони Conflict Intelligence Team ҳамчунин тавонистанд, дар Интернет видеоҳои боркунӣ ва интиқоли таҷҳизоти хоси нерӯҳои махсусро пайдо кунанд (масалан, мошинҳои зиреҳпӯши Tiger). Як бахши навор ҳангоми боркунии таҷҳизот дар Хабаровск ва бахше дигар дар Сибир гирифта шудааст.
Духтаре аз Владивосток дар шарҳҳои зери як навори "ТикТок" изҳори итминон кардааст, ки дӯстдоштааш "ба тамрини низомӣ намеравад". Вай ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ҷавонро "ба Украина мефиристанд", вале нагуфт, ки маълумотро аз куҷо гирифтааст.
Бо қатор ё ҳавопаймо?
Интиқоли сареъ ё зуди шумори зиёди низомиён тавассути роҳи оҳан аз Шарқи Дур ба Беларус ва ё ба марзҳои ғарбии Русия кори осон нест. Баъзе аз шарҳҳо баёнгари онанд, ки низомиён тавассути ҳавопаймо фиристода мешаванд (артиши Русия дар ҷараёни амалиёти ахир дар Қазоқистон нишон дод, ки аз уҳдаи ин кор бомуваффақият баромада метавонад).
Радиои Озодӣ натавонист, далели мустақили истифодаи ҳавопайморо барои интиқоли нерӯҳо аз Шарқи Дур ба марзҳои Украина ё Беларус пайдо кунад.
Яке аз хидматчиёни ҳарбӣ ба паёми Радиои Озодӣ посух дод, ки беш аз як ҳафта боз дар қатори низомӣ аз Шарқи Дур ба самти ғарб сафар мекунад. Вай гуфт, мақсад аз "сафари корӣ" "худнамоишдиҳӣ" аст, вале дар иваз онҳо сару либоси нав ва автомати Калашников АК-12, модели соли 2012 (ба ҷойи АК-74, модели соли 1974) гирифтаанд.
Бино ба маълумоте, ки ба Радиои Озодӣ ва Conflict Intelligence Team расид, дар моҳҳои охир полиси ҳарбӣ, десантчиён ва нерӯҳои вижа аз Шарқи Дур ба самти ғарб интиқол дода шудаанд. Бе онҳо амалиёти васеъмиқёси низомӣ тасаввурнопазир аст. Ин нерӯҳо дар солҳои 2014-2015, дар марҳилаи фаъоли низои Русияву Украина, низ иштирок доштанд.
Аз 10 то 20-уми феврал тамринҳои муштараки Русияву Беларус эълон шудааст, дар ҳоле ки хешовандон ва дӯстони низомиён дар бештари шарҳҳо менависанд, "сафари хидматии" онҳо 6-9 моҳ идома хоҳад кард.