Муҳиддини Музаффар: "Мехоҳам дар кишвар фазои ҳунарӣ созам"

Муҳиддини Музаффар, филмсоз ва коргардони ҷавони тоҷик аз ҷашнвора-озмуни байналмилалии “Фарҳанги Осиёи Марказии боз-OrzuArtsFestival” аз шаҳри Лондон бо 2 ҷоизаи ифтихорӣ баргашт. Ин озмун аз 5 то 20 октябр баргузор гашт ва дар он Муҳиддини Музаффар ҷоизаи “Коргардони беҳтарин”-ро барои филми кӯтоҳаш "Коса" ва “Беҳтарин нақши мардона”-ро барои иҷрои нақши Шоҳ Лир дар спектакли “Суди девонагон”-и Театри драмавӣ-мусиқии шаҳри Конибодом дар таҳияи Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ, коргардони туркмантабори муқими Тошканд, ба даст овард.

Баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон Муҳиддини Музаффар ҷиҳати идомаи наворгирии филми ҳунарии “Тангно” аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сорбон раҳ сӯи Амондараи Панҷакент дошт. Ӯ вақт ёфт ва қабл аз ин сафар бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Оё дарёфти ҷоизаи “Коргардони беҳтарин” барои филми “Коса” дар озмуни байнулмилалӣ ногаҳонӣ буд ё қаблан умед доштед ин филм баранда мешавад?

Муҳиддини Музаффар: Ростӣ, ки мо ҳанӯз барои дарёфти ҷоиза коре накардаем. Вале барои мо, ки ҳанӯз таҷриба наандӯхтаем ва бори аввал дар чунин ҷашнвораҳо иштирок мекунам, бисёр ҷои ифтихор буд, ки дар паҳлӯи коргардонҳо ва мутахассисони синамо филмҳои онҳоро тамошо кардем ва баҳраҳо бардоштем ва дар филмсозии худ ба кор хоҳам бурд. Албатта, ииштирок дар ин ҷашнвораҳо ногаҳонӣ буд ва ба мо як чиз – ба худ бовар карданро талқин кард. Яъне, ман баъди ҷашнвораҳо хулоса кардам, ки роҳи эҷодиии интихобкардаи мо дуруст аст ва ҳаракат дар ин роҳро бояд идома диҳем.

Паёми "Коса" чӣ буд?

Радиои Озодӣ: “Коса” чӣ гуна филм аст ва паёми он чист?

Муҳиддини Музаффар: Филми “Коса” нахустин филми ҳунарии кӯтоҳи 25-дақиқаии студияи “Суғдсинамо” аст, ки соли 2015 ба навор гирифта шуд. Филмномаро ҳамкори “Суғдсинамо” Бахтиёр Каримов навишт ва продюсери он Дилошӯб Орифзода буд. Ин филм дар бораи мушкили се насл қисса мекунад -- бобо, падар ва кӯдак. Тақдири онҳо чӣ буду чӣ хоҳад шуд, қадру қимати падару модар дар назди фарзанд. Нақши падарбузург – Абдуллоро ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ислом Саломов, писари ӯро Бунёд Комилов аз ҳунармандони хуби Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови Душанбе, арӯси хонаводаро Сайёда Турсунова ва нақши набераро Насимҷон Раҳматуллоев, ки он вақт синфи як таҳсил мекард, иҷро намуданд.

Истиқболи Лондон аз филми "Коса"

Радиои Озодӣ: Ин филмро тамошобини Лондон чӣ гуна пазируфт ?

Муҳиддини Музаффар: Ин филм дар нахустин рӯзи ҷашнвора намоиш дода шуд. Мо, ки дар Амондараи Панҷакент саргарми наворгирии филми нави “Тангно” будем, се рӯз дертар ба сафи иштирокдорони ҷашнвора пайвастем. Вале тавассути шабакаи ҷаҳонӣ баргузоркунандагони ҷашнвора ба мо паём доданд, ки ҳангоми намоиши ин филм қисме аз аҳли толор ашки чашмони худро нигаҳ дошта натавонистанд. Гумон намекардам мавзӯи арҷи падару модар барои бинандаи ғарбӣ то ин дараҷа ҳассос аст. Фикр мекардем ин мавзӯъ бештар дархӯри мардуми Шарқ аст.

Мо, ки то дами пирӣ волидайнро ҳаргиз тарк намекунем, вале дар Ғарб фарзанд аз синни 18-солагӣ мисли кабутари тарки лонакарда манзили падар модарро тарк мекунад. Он ҷо фарзанд интизор аст, ки кай ба синни 18 мерасад, аз остонаи хонаи падарӣ берун меравад ва волидайн ҳам интизори онанд, ки кай он лаҳза фаро мерасад. Масалан, писари як хонаводае дар Лондон, ки мо дар он зиндагӣ мекардем, он қадар бесаброна интизор буд, ки кай 23 декабр фаро мерасаду вай ба 18 солагӣ қадам мегузорад ва аз хонаи падару модараш баромада меравад ва зиндагии мустақилонаи худро оғоз мекунад... Баъд аз ин бисёр фарзандон ҳатто аз ҳоли волидайнашон бехабар мемонанд, ки дар куҷоянду чӣ ҳолу рӯзгоре доранд. Аз ин нигоҳ, ин мавзӯъ дар Лондон низ бисёр ба таври ҳассос қабул шуд ва ба назарам, барои ҳамин ҷоиза гирифт. Ман аз сафири Тоҷикистон дар Британия, ки дар сафари Лондон моро хеле дастгирӣ намуданд ва Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Конибодом, ки дар ин сафар ба мо ёрӣ расониданд, миннатдорӣ изҳор менамоям."

Ҳунарманди узбак -- мубтакири ҷашнвораи “OrzuArtsFestival”

Радиои Озодӣ: Ин ҷашнвора озмуни Фарҳанги Осиёи Миёнаи боз - “OrzuArtsFestival” чӣ гуна ҷашнвораест ва дар он чӣ филму спектаклҳое намоиш дода шуданд ?

Муҳиддини Музаффар: Ин ҷашнвораи байналмилалӣ аз ҷониби ҳунарманди узбакистонӣ Юлдош Ҷӯрабоев, ки 10 сол қабл тарки ватан кард ва ҳоло шаҳрванди Британия мебошад, баргузор карда шуд. Ӯ талош кардааст як ҷашнвораи ҳунарие роҳандозӣ кунад, ки он муаррифигари ҳунар ва арзишҳои Осиёи Миёна дар Аврупо гардад. Аз шартҳои аслии ҷашнвора аст, ки офаридаи коргардонҳои хориҷӣ низ аз ҳаёту рӯзгори мардуми Осиёи Миёна бошад. Ва як вижагии дигари ин ҷашнвора он буд, ки ҳайъати доварон ҳамагӣ аз мутахассисони синамо ва театри Аврупо буданд.

Радиои Озодӣ: Дар ин ҷашнвора-озмун чанд филму спектаклҳо ба ҳайси довталаби ҷоизаҳо ба намоиш гузошта шуданд?

Муҳиддини Музаффар: Зиёда аз 10 филм ва ҳамин миқдор спектакл. Ҷашнвораи синамо аз 5 то 10 октябр ва қисмати саҳнагузории намоишномаҳо аз 10 то 19 октябр сурат гирифт. Бештари ин филму намоишномаҳо дар кишварҳои Осиёи Миёна таҳия карда шудаанд.

Як тоҷик дар нақши Шоҳ Лир

Радиои Озодӣ: Намоишнома аз рӯи асари Шекспир чӣ гуна истиқбол шуд?

Муҳиддини Музаффар: Барои театри мо ва худи ман ба саҳна гузоштани намоишномае аз рӯи асарҳои безаволи Шекспир дар зодгоҳи ӯ бисёр ҳаяҷоновар буд. Ба хусус, барои мани ҷавон, ки шояд, дар таърихи тетари тоҷик ҷавонтарин касе ҳастам, ки нақши Шоҳ Лири Шекпирро иҷро кардам. Ва аз ҳама ҳаяҷонбахш он буд, ки мо асарҳои Шекпирро дар театри “Space”, ки Шекпир қабл аз фаъолияташ дар театри “Глобус” дар он кор кардааст, як театри кадимаи чӯбин ва бӯи таърих мекунад,ба саҳна гузоштем ... Ва хушбахтона, ин таҷрибаи коргардон Авлиёқулӣ, ки аз рӯи 2 асари Шекпир – “Ҳамлет” ва “Шоҳ Лир” як намоишномаи “Суди девонагон”, ки бо ҳнармандони театри драмаи мусиқии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова тақдими бинандаи ватани Шекспир намуд, хуш пазируфта шуд.

Чаро ин миқдор хароҷот?

Радиои Озодӣ: Бо чӣ бардоште аз ҷашнвораи Лондон ва қабл аз ин ҳам, ки дар ҷашнвораи филмҳои исломӣ дар Қазони Русия ширкат доштед, ба Тоҷикистон баргаштед? Оё назаратон ба коргардониву филму спектаклсозӣ тағйир хӯрд?

Барои театри мо ва худи ман ба саҳна гузоштани намоишномае аз рӯи асарҳои безаволи Шекспир дар зодгоҳи ӯ бисёр ҳаяҷоновар буд."

Муҳиддини Музаффар: Бале, вақти иштирок дар ин ҷашнвораҳо ман хеле андеша мекардам, ки чаро барои баргузор намудани ин гуна ҷашнвора маблағҳои зиёде масраф мекунад ва аслан ин ҷашнвораҳо чӣ лозиманд? Ва ба ин савол посух ҳам ёфтам. Кишваре, ки ҷашнвораҳои синамоӣ ё театрӣ роҳандозӣ мекунад, мехоҳад мардумаш дар театри худ беҳтарин намоишҳои гӯшаву канорҳои ҷаҳонро бинад ва ғизои маънавӣ бигиранд. Яъне, инҳо дар пайи таъмини халқи худ бо ғизои маънавӣ ҳастанд. Ман инро хеле дӯст доштам ва дилам сахт мехоҳад дар шаҳри ман, вилояти ман, кишвари ман ин гуна фазои ҳунарӣ сохта шавад. Чунин ҷашнвораҳоро мо дар ватани худ ҳам баргузор намоем ва қалбу рӯҳи ҷавонон, тафаккури онҳоро ба сӯи касби маънавият такон диҳем. То ин, ки дар Тоҷикистон рӯзе филмсозон ва ба саҳнагузорандагони намоишномаҳо рӯи кор биёянд, ки бо филму спектаклҳои худ мардумро бедор бикунанд.

"Тангно" дар роҳ аст

Радиои Озодӣ: Ҳоло баъди бозгашт аз Лондон ҳамроҳи ҳайъати эҷодии “Суғдсинамо” сари чӣ кор мекунед ?

Муҳиддини Музаффар: Мо чунон, ки гуфтам, то сафари Лондон дар Амондараи Панҷакент ба наворбардории филми ҳунарии “Тангно” аз рӯи асари устод Сорбон машғул будем. Ҳоло аз нав домани корро гирифтем, ки то моҳи декабр идома хоҳад кард.

Радиои Озодӣ: Қабл аз оғози сӯҳбат гуфтед, ки раҳ сӯи Панҷакент доред. Чанд нафар ҳастед, аҳли оила пешаи шуморо, ки табиист, вақти ками ҳамроҳи онҳо будан мегузорад, хуш доранд ?

Муҳиддини Музаффар: Чанд рӯз қабл хондам, агар хоҳӣ, ки дороиятро бидонӣ, он чизҳоятро бишумор, ки Худованд ба ту арзонӣ додаву вале ба пул харида наметавонӣ. Хушбахтона, ман падар модар, ҳамсар ва ду фарзанди хурдсол, як писару як духтар дорам, ки бароям сарвати бебаҳоянд. Ман моҳҳо канори онҳо набудам, чун саргарми наворгириву иштирок дар ҷашнвораҳо будам. Чун омадам, бачаҳо гуфтанд, ки дигар наравед ё моро ҳам ҳамроҳ баред. Гуфам, ки хуб, биёед, ҳамроҳ равем. Як ҳафта истед, агар ба дилатон назанад, ҳамроҳ истед, агар зад, ихтиёри шумо. Аммо пешакӣ бигӯям, ки ман он ҷо, дар саҳнаи наворгирӣ аз пайи шумо шуда наметавонам. Гуфтанд, ки меравем.

Раидиои Озодӣ: Баъди таҳияи филми “Тангно” низ барномаҳое дар сар доред?

Муҳиддини Музаффар: “Суғдсинамо” барномаҳои зиёд дорад. Ман дӯст намедорам аз нақшаҳоямон пешакӣ ҳарф занам. Баъди “Тангно” ният дорем наворгирии як филми калонҳаҷми дигарро бо номи “Вақте ки сайёра ранг иваз мекунад”, оғоз кунем. Ҳамчунин, барномаҳои омӯзишӣ дар “Суғдсинамо”-ро оғоз хоҳем кард. Барои ин чанд мутахассиси синаморо аз Русия даъват намуда, дар “Суғдсинамо” як давраи кӯтоҳи омузишӣ доир мекунем. Мақсади мо дар вилояти Суғд сохтани як фазои ҳунарии синамо ва роҳандозии давраи омӯзишии ҳарсола аст.