"Тохтутоз"-и коронавирус боис ба тавлиди ниқобҳои батареядор шуд. ВИДЕО

Хӯди муҳофизатии "Vihelm"

Бо идомаи тохтутози коронавирус мардум дар саросари ҷаҳон ниқоб мепӯшанд, то худрову атрофиёнашонро аз бемории СОVID-19 эмин нигаҳ доранд. Вале барои бисёриҳо ниқоб ва дигар василаҳои муҳофизатӣ озордиҳанда аст. Аз ин рӯ, ширкатҳои тавлиди абзорҳои электронӣ саъй доранд, ниқобу васоили муҳофизатие бисозанд, ки истифодаашон осон бошад ва сокинонро озор надиҳад.

Бо онки коронавирус мардуми ҷаҳонро ба пӯшондани даҳону рӯй водор кардааст, баъзеҳо барои сохтани ниқобҳои беҳтар ба фанновариҳои нав рӯ овардаанд.

Ширкати LG дар Куриёи Ҷанубӣ ниқобе сохтааст, ки батарея дорад ва Шуморо камтар озор медиҳад. Ба гуфтаи масъулони ширкат, ин ниқоб нафасгириро осон мекунад ва намегузорад, айнаки ниқоб мисли ниқобҳои маъмулӣ аз ҳаври даҳон тира шавад.

Чой Юн Ҳи, намояндаи LG Electronics мегӯяд: “Ин филтри H13 HEPA дорад, ки дар баъзе абзори поксозандаи ҳавои хона истифода мешаванд. Ду филтр монеи гузаштани олудагиҳое мешавад, ки нафас мегиред. Ниқоб кумак мекунад, ки шумо роҳат нафас бикашед, чун бо сенсори нафаскашӣ ва муҳаррики хурди ҳавокашӣ муҷаҳҳаз шудааст.”

Ниқоб қуттии хосе дорад, ки батарея аз он нерӯ мегирад ва худи ниқоб бо нурҳои фаробунафш поксозӣ мешавад.

LG мегӯяд, қувваи батарея барои истифодаи маъмулӣ 8 соат ва истифодаи ҳадди аксар ду соат кифоят мекунад. Ниқоби мазкур охири имсол вориди бозор мешавад. Ширкати LG ҳанӯз қиматашро таъйин накардааст.

Айни замон дар Вйетнам се донишҷӯ хӯди муҳофизатие барои табибон сохтааанд, то онҳо аз вирус эмин бошанд. Хӯди муҳофизатии "Vihelm" имкон медиҳад, дасти худро ба дохили он андозанд, арақи рӯй ва рӯбанди кулоҳро пок кунанд. Кулоҳ баста ва соҳибаш аз сирояти вирус эмин мемонад.

Яке аз ин донишҷӯён Тран Нгуен Хан Ан мегӯяд: “Тафовути бузурги хӯди муҳофизатӣ ин аст, ки қуттии дастпӯш дорад. Дастатонро бе ҳеч хатар ба рӯйи худ мерасонед. Масалан Дук метавонад, айнакҳояшро дар дохили хӯд дуруст кунад. Мо метавонем, дохили он бастаҳои ғизо гузорем ва бо кумаки дастпӯшҳо бихӯранд ва онҳое, ки дар ҷабҳаи аввал кор мекунанд, тавони идомаи кор дошта бошанд.»

Ин се донишҷӯ дар озмун барои муҳофизати кормандони тиб аз вирус дар Вйетнам пирӯз шудаанд. Хӯд ба лӯлаи абзори поксозандаи ҳаво васл шудааст, то ҳавои олуда ба он ворид нашавад. Арзиши ҳамаи ин 300 доллар аст.

Як ширкати истеҳсоли абзори муҳофизатӣ гуфтааст, ки дар тавлиди саноатии он ба донишҷӯён ёрӣ мекунад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мутахассисон ниқобҳои батареядор месозанд

Матолиби бештарро дар бораи буҳрони коронавирус дар ҷаҳон дар инҷо хонед: