Аввал – пули таҳсил, баъд – имтиҳон. Мушкили нави донишҷӯён дар Тоҷикистон. САДО

Акс аз бойгонӣ

  • "Ба имтиҳон роҳ надоданд. Гуфтанд, ки аввал пули шартномаи донишгоҳро супоред."

Дар як ҳафтаи охир бо ин мазмун даҳҳо донишҷӯ аз Кӯлобу Душанбе ба Радиои Озодӣ шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, ба сабаби баста будани марз имсол аъзои оилаашон барои кор ба Русия рафта натавонистанд ва, бино бар ин, дар пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ дасткӯтоҳ монда, фурсати дигар мехоҳанд.

Масъулони донишгоҳҳо мегӯянд, алакай ҳамчун имтиёз ба шогирдон шаш моҳ муҳлат дода буданд ва онҳо бояд ҳадди ақал нисфи маблағро супоранд.

"ОНҲОРО АЗ ДАРС РОНДААНД"

Мо барои напардохтани шартнома ягон касро аз муассиса нарондем. Ба оилаҳое, ки вазъи молиявиашон бад аст, як моҳи дигар фурсат додем.
Зубайдулло Азиззода

Гулчеҳра, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, се донишҷӯ дорад. Духтар, писар ва келини ӯ дар Коллеҷи тиббии Кӯлоб мехонанд. Ҳаққи таҳсили ҳар яке аз онҳо дар як сол 2400 сомонӣ ва дар умум 7200 сомониро ташкил медиҳад.

Ин сокини шаҳри Кӯлоб рӯзи 27-уми декабр гуфт, худаш бемор аст ва шавҳараш дар як моҳ 500 сомонӣ маош мегирад, ки намедонанд ба хариди маҳсулоти ниёзи аввал харҷ кунанд ва ё ҳаққи таҳсилро диҳанд.

"Донишҷӯён гириста-гириста ба дарс мераванд, онҳоро рондаанд. Яке аз онҳо пули шартномаро пурра супоридааст, ду нафари дигар ниме аз шартномаро додаанд. Бо ин вуҷуд, ба имтиҳон роҳ надода, пеш кардаанд", -- шиква кард ӯ.

Масъулони Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб тасдиқ карданд, ки баъзе аз донишҷӯёнро барои насупурдани пули шартнома ба имтиҳон роҳ надоданд. Вале, ба гуфтаи онҳо, ба шумори зиёди донишҷӯён як-ду моҳи дигар вақт додаанд, ки пули шартномаро супоранд.

ДАР НИЗОМНОМА ЧӢ НАВИШТААНД?

Зубайдулло Азиззода, мудири Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, рӯзи 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар оғози соли таҳсил донишҷӯён нисфи маблағро супорида, ваъда дода буданд, ки боқимондаи онро то оғози имтиҳонҳо месупоранд. Ваъдае, ки ба гуфтаи Азиззода, иҷро нашуд ва онҳо маҷбур шуданд як қисми донишҷӯёнро ба имтиҳонҳо роҳ надиҳанд.

“Дар низомнома омадааст, ки агар донишҷӯ пули шартномаро насупорид, аз коллеҷ хориҷ мешавад. Мо барои напардохтани шартнома ягон касро аз муассиса нарондем. Ба оилаҳое, ки вазъи молиявиашон бад аст, як моҳи дигар фурсат додем. Ҳаққи шартномаро бояд супоранд”, -- афзуд Азиззода.

Ба қавли мудири Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, аз 3800 донишҷӯ наздик ба 20 дарсадашон дар пардохти ҳаққи шартнома мушкил доранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Донишҷӯён гуфтанд, ки онҳоро ба имтиҳон роҳ надоданд

Дасткӯтоҳии донишҷӯён дар пардохти маблағи таҳсили донишгоҳ ва роҳ наёфтан ба имтиҳонҳо танҳо дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб набудааст. Чанд донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ гуфтанд, ки рӯзи 21-уми декабр имтиҳонҳои зимистона оғоз шуд, вале онҳоро ба имтиҳон роҳ надода, талаб кардаанд, аввал пули шартномаро супоранд.

ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ 4-УМ ҲАДАФ ҲАСТАНД?

Мудирони ду факултаи Донишгоҳи миллӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, чунин маҳдудият асосан барои донишҷӯёни соли 4-ум аст, ки хатмкунанда ҳастанд. Насимҷон Абдулмуъминзода, муовини аввали раиси Донишгоҳи миллӣ, мегӯяд, “ҳамин фишанг мондааст ва агар бо ин роҳ маблағро нагирем, дигар гирифта наметавонем. Донишҷӯ, ки маблағи шартномаро насупорад, чӣ хел маоши устодонро аз маблағҳои махсус пардохт кунем?”

Ҳоло дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон беш аз 227 ҳазор нафар таҳсил мекунанд, ки 166 ҳазори онҳо бояд маблағи таҳсилро супоранд.

Ӯ афзуд, бар асоси шартнома донишҷӯён бояд то 15-уми сентябр ҳаққи шартномаро месупориданд, вале бо назардошти бемории ҳамагир ва вазъи молиявии оилаҳо ба шогирдон дастикам се моҳ фурсат доданд.

Ба ин монанд масъулони донишгоҳҳои дигари Тоҷикистон гуфтанд, донишҷӯён дар оғози таҳсил шартнома имзо кардаанд, ки маблағи таҳсилро саривақт месупоранд. Донишҷӯён мегӯянд, чунин санадеро имзо кардаанд, аммо масъулон бояд вазъияти пешомадаро ба назар гиранд.

Дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон феълан беш аз 227 ҳазор нафар таҳсил мекунанд, ки 166 ҳазори онҳо бояд маблағи таҳсилро супоранд. Дар сурати насупурдани маблағи таҳсил, донишгоҳ ҳақ дорад, онҳоро хориҷ кунад.

Донишҷӯён мегӯянд, таъхир дар пардохти шартнома набояд барои иштироки онҳо дар имтиҳон монеа шавад, чун дар низоми таҳсили кредитӣ агар донишҷӯ даври аввали имтиҳонро супорида натавонад, даври дувум танҳо бо пардохти маблағи муайян имконпазир мегардад ва ба мушкили молии донишҷӯён мушкили дигар зам мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Қимати таҳсил дар донишгоҳу мактабҳои хусусии Тоҷикистон боло меравадДарҳои кушодаи Русия -- таҳдид барои Тоҷикистон?Вазорат гуфт, донишҷӯёнро барои напардохтани ҳаққи таҳсил аз донишгоҳ намеронандХадамоти зиддимонополӣ: Нархи таҳсил дар аксар донишгоҳҳо "баланд" аст. ВИДЕОТоҷикистон аз таҳсили "ғоибона" ба "фосилавӣ" мегузарад. ВИДЕОЛатофат Назирӣ: "Бо онҳое, ки мегӯянд, сатҳи дониши хонандагон паст аст, розӣ нестам." ВИДЕОСафири Русия гуфт, ки чаро роҳи донишҷӯёни тоҷикро боз накарданд. ВИДЕОҶавоне, ки бо квотаи президентӣ чорвопарварӣ хонд, ҷойи кор намеёбад. ВИДЕО