Баъзе аз занони ба истилоҳ "дувум" дар Тоҷикистон шикоят доранд, ки падари фарзандонашон намехоҳанд, ба онҳо насаби хонаводагӣ ё фамилияи худро бидиҳанд. Масъулони ЗАГС гуфтанд, ба кӯдаконе, ки бе никоҳи расмӣ таваллуд шудаанд, шаҳодатнома медиҳанд, вале онҳо маъмулан насаби модарро мегиранд.
"Ту зани дувум ҳастӣ? Ҳуқуқ надорӣ"
Муҳаммад якунимсола аст, аммо то ҳол шаҳодатномаи таваллуд надорад. Падараш омода нест, ки ӯро дар ҳуҷҷатҳо ҳамчун фарзандаш сабт кунанд.
Модари ӯ, Шабнами 28-сола, мегӯяд, зани дувум аст ва бо марди зиндагияш шаш сол пеш телефонӣ шинос шуда, ба никоҳи ӯ даромад. Мегӯяд, он замон намедонист, ки ҳамсараш оилаи дигар дорад.
Аз сӯйи дигар, барои ӯ, ки бо модари танҳо зиндагии мушкил дошт, ин чандон муҳим набуд. Ҳоло ҳама чиз дигар шудааст. Шавҳар мехоҳад, ҳамсари дувумашро аз хона ронад, вале Шабнам мегӯяд, бо кӯдакон ҷойе барои рафтан надорад. Тамоми талошҳояш барои талаби ҳуқуқи кӯдакон аз шавҳар ҳам бенатиҷа аст, чун никоҳи расмӣ надорад.
Шавҳари Шабнам нахост, дар ин бора бо мо суҳбат кунад.
Ин зан ду духтари дигар ҳам дорад, ки шашсола ва сесола буда, ба номи модарашон ҳуҷҷат гирифтаанд. Бар илова, кӯдакон аз нигаҳбонӣ ва муҳаббати падар маҳруманд.
Наворро дар ин ҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо ояндаи торик Шабнам дари Кумитаи занон, Омбудсмени кӯдак ва чандин идораву созмонҳои дигари Тоҷикистонро кӯфтааст. "Барои ҳуқуқи кӯдаконро фаҳмидан рафтам. Дар онҷо ба падари кӯдакон занг заданд. Ӯ чизе гуфт, ки ба ман муроҷиат карда, пурсиданд, "ту зани дувум ҳастӣ? Ҳеч ҳуқуқ надорӣ, модоме дар ЗАГС сабтином накардаӣ. Гуфтанд, коре кардан намешавад, раву дар назди хонаат офтобпараст фурӯш", -- нақл кард ӯ рӯзи 1-уми июн.
Намехоҳанд робитаҳояшон ошкор шавад, чун...
Сарнавишти Шабнаму фарзандонаш монанд ба зиндагии даҳҳо занест, ки дар никоҳи дувуми мардонанд ва кӯдаконашон аз ҳуқуқу имтиёзҳо – маҳрум.
Дар Тоҷикистон дузанаҳо ва ҳамсарони дувум намехоҳанд, ки робитаҳояшон ошкор шавад, чун қонун чандҳамсарӣ дар кишварро манъ карда, барои ин ҷарима ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ кардааст. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ҷомеашиносон, дар аксар ҳолат занони дувум ҳангоми сабтиноми фарзандони худ ночор худро сарпараст ва модари танҳо муаррифӣ мекунанд.
Чаҳор сол пеш мақомот гуфта буданд, ки дар кишвар беш аз 30 ҳазор наврас дар хонаводаҳое бузург мешаванд, ки танҳо як сарпараст доранд.
Дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС)-и ноҳияи Фирдавсии Душанбе гуфтанд, ба кӯдаконе, ки бе ақди никоҳи расмӣ таваллуд шудаанд, бе ягон мушкил санад медиҳанд, аммо маъмулан ин кӯдакон насаби модарро мегиранд.
Латофат Шерзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсӣ, рӯзи 31-уми май гуфт, “маълумот дар бораи падар дар асоси аризаи модар ворид карда мешавад. Дар ин ҳолат, насаби кӯдак аз насаби модар гирифта шуда, номи кӯдак ва номи падар илова хоҳад шуд.”
Роҳи ҳал кадом аст?
Омори хосе дар бораи теъдоди занҳои дуввум дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо ин падида акнун на танҳо хоси мансабдорону соҳибкорон аст. Ҷомешаиносон мегӯянд, дар миёни қишри миёнаҳол ҳам акнун мардоне кам нестанд, ки ду зан доранд.
Аммо ба бовари баъзе аз коршиносон умри хонадории чунин оилаҳо дароз нест. Бо таваллуди фарзанд ва зиёд шудани ташвишҳо мардон ҳамсарони дуюми худро бо фарзандон танҳо мегузоранд.
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар бисёр ҳолат модарони танҳо ва ё занҳои дуюм барои гирифтани алимент ё кумакпулии фарзандон ба додгоҳ рӯй меоранд. Ин ягона роҳи онҳост.
Матлуба Бобоҷонова, ҳуқуқшиноси тоҷик, гуфт, “дар ҳолате, ки падарии онҳо дар асоси ҳалномаи додгоҳ муқаррар шавад, мисли фарзандони зани якум ҳуқуқ пайдо хоҳанд кард. Яъне, метавонанд, аз падар алимент ситонанд. Дар сурати фавти падар метавонанд, нафақаи бесаробонӣ гиранд ё ҳиссае аз меросро бигиранд. Ғайр аз ин, кӯдакон бо модар метавонанд, дар хонаи мард маскун шаванд."
Занони дувум пас аз танҳо мондан ба афсурдагӣ ва бемориҳои дигар гирифтор мешаванд. Кӯдакон бе тарбияи комил зери бори рӯзгор ба корҳои хиёбонӣ машғул мешаванд. Баъзе аз онҳо шояд пас аз солҳо падари худро мебахшанд, вале бархеи дигар кинаи бачагии нокомро тамоми умр бо худ мекашанд.