Мунтахаби Тоҷикистон дар "Ҷоми шоҳи Тайланд" бо Сурия бозӣ мекунад

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии “King’s Cup 2024” (“Ҷоми шоҳ-2024”), ки 11-уми октябр дар Тайланд баргузор мешавад, бо тими миллии Сурия рақобат мекунад.

Дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ рӯзи ҷумъа тимҳои миллии Тайланд ва Филиппин вориди рақобат мешаванд. Ҳарду бозии ниманиҳоӣ дар варзишгоҳи Тинсуланондаи шаҳри Сонгкхлаи Тайланд доир мегардад.

Дар 50-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2024», ки дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) – 11-ум ва 14-уми октябр - дар шаҳри Сонгкхлаи Тайланд баргузор мешавад, дар баробари мизбонон дастаҳои мунтахаби Сурия, Тоҷикистон ва Филиппин иштирок мекунанд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқаи «King’s Cup 2024» рӯзи 14-уми октябр доир мегарданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби кишвар зери раҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ба мусобиқаи байналмилалии "King’s Cup 2024" дар Тайланд омодагӣ мебинад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар – шомиланд, ки 13 нафарашон легионеранд ва дар бошгоҳҳои футболи Русия, Эрон, Узбекистон, Гурҷистон, Индонезия, Булғористон, Қазоқистон бозӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup-2024»:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Уфа», Русия), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон), Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Раҳматшо Раҳматзода («Персиҷап Ҷепара», Индонезия), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Баракатулло Неъматуллозода («Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Хусрав Тоиров, Фатҳулло Олимзода (ҳарду аз «Атирау», Қазоқистон), Муродалӣ Ҳақназаров («Самтредиа», Гурҷистон), Азизбек Ҳаитов («Равшан»), Алишер Шукуров, Салоҳиддин Эргашев (ҳарду аз «Вахш»), Ислом Зоиров («Ҳосилот»), Абубакр Сулаймонов, Азизбек Далиев (ҳарду аз «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон), Далер Шарипов («Металлург», Узбекистон), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).

Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон/Белгия).

Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2024»

Нимфинал

11-уми октябр (ҷумъа)

14:30 – Сурия – Тоҷикистон

18:00 – Тайланд – Филиппин

14-уми октябр (душанбе)

16:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

20:00 – Финал

Варзишгоҳи Тинсуланонда, Сонгкхла, Тайланд

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.