Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Сурия шикаст хӯрд

Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “King’s Cup 2024” (“Ҷоми шоҳи Тайланд”) аз тими миллии Сурия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Бозии аввали даври ниманиҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия 11-уми октябр дар варзишгоҳи Тинсуланондаи шаҳри Сонгхлаи Тайланд доир гардид. Тӯбро ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Усмон дар дақиқаи 35-ум зад.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи мизбон – Тайланд - тими миллии Филиппинро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Ба ин тартиб, дар финал мунтахаби Сурия бо дастаи Тайланд рақобат мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон барои ҷойи сеюм бо дастаи Филиппин мубориза мебарад. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқаи «King’s Cup 2024» рӯзи душанбеи 14-уми октябр баргузор мешаванд.

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, дар нишасти хабарӣ, гуфт, “мусобиқаи «King’s Cup 2024» барои дастаҳое, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 иштирок мекунанд, аз он ҷумла дастаи мо, хеле муфид аст. Ин дафъа мо ба Тайланд бисёр бозигарони ҷавон овардаем, ки соли оянда дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) ширкат меварзанд.”

Бояд гуфт, ки ду сол пеш мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ғолиб шуда буд. Дар 50-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2024» ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар шомиланд, ки 13 нафарашон легионеранд ва дар бошгоҳҳои футболи Русия, Эрон, Узбекистон, Гурҷистон, Индонезия, Булғористон ва Қазоқистон бозӣ мекунанд.