Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Сингапур рафт

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Малайзия 21-уми октябр барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 ба Сингапур сафар кард.

Футболбозони навраси тоҷик зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «J» бо тимҳои Гуам (23-юми октябр), Сингапур (25-уми октябр) ва Умон (27-уми октябр) рақобат мекунанд.

Бар асоси натиҷагирии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоӣ роҳ меёбанд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3-юм то 20-уми апрели соли оянда дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Малайзия ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Бозии аввал бо пирӯзии футболбозони навраси тоҷик бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Ҳарду голи мунтахаби Тоҷикистонро Меҳрубон Одилзода ба самар расонд. Бозии дуюм бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом пазируфт. Голи дастаи Тоҷикистонро Умед Ҷафоев, нимҳимоятгари ССКА-и Русия, зад. Ӯ ягона легионер дар ҳайати дастаи Тоҷикистон аст.

Ширкат дар бозиҳои санҷишӣ бо дастаи Малайзия барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) як давраи омодагии даста ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 маҳсуб мешуд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025:

Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов («Сарҳадчӣ»), Анушервон Қурбонзода («Душанбе»), Саидҷон Шарифзода («Шодмон»);

Ҳимоятгарон: Мустафо Ҳасанбеков, Аҳмадҷон Шоев, Самиаллоҳ Давлатов, Мубориз Мискиншоев (ҳама аз «Истиқлол»), Садриддин Сатторов, Меҳроҷиддин Розиқов, Абдусамад Меликмуродов (ҳама аз «Душанбе»);

Нимҳимоятгарон: Умед Ҷафоев (ССКА, Русия), Парвиз Бобоназаров, Меҳрубон Одилзода, Рамазон Бахталиев (ҳама аз «Истиқлол»), Ҳайдаршо Худойдодов, Зариф Зарифзода, Баҳодур Назарзода, Абдулло Иброҳимзода (ҳама аз «Душанбе»), Давид Мақсудов («Моҳир»);

Ҳамлагарон: Муҳаммад Назриев («Истиқлол»), Муҳаммадҷон Мираҳмадов («Равшан»), Асадбек Махтумов, Назрулло Ашурализода (ҳарду аз «Душанбе»).

Сармураббӣ – Марко Раҷини (Сан-Марино).

Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17):

Гурӯҳи «J»

Даври якум

23-юми октябр | чоршанбе

14:00 Тоҷикистон - Гуам

17:00 Умон - Сингапур

Даври дуюм

25-уми октябр | ҷумъа

14:00 – Гуам - Умон

17:00 – Сингапур - Тоҷикистон

Даври сеюм

27-уми октябр | якшанбе

14:00 Тоҷикистон - Умон

17:00 – Сингапур - Гуам

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.