Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Малайзияро шикаст дод

Бозигарони то 20-солаи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар бозии сеюмаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бар тими Малайзия (U-20) бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Ин бозии даври чоруми мусобиқот дар гурӯҳи «Е» шаби ҷумъаи 27-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид. Голи ягонаро Ҷовидон Хушвахтов дар дақиқаи 5-уми замони ҷуброншуда (90+5) ба самар расонд.

Бозии дигари даври чорум дар ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Умон ва Кореяи Шимолӣ бо пирӯзии кореягиҳо бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи Ри Ҷонг Док дар дақиқаи 80-ум ба кореягиҳо се имтиёз овард.

Ёдовар мешавем, футболбозони ҷавони тоҷик зери раҳбарии сармураббӣ Милош Костич, мутахассиси словенӣ, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар аввалин бозиашон бар тими Шри-Ланка бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда, дар бозии дуюмашон аз тими Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буданд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи Кореяи Шимолӣ бо 10 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Ин даста, ки бозиҳояшро ба анҷом расонд, ҳамчун ғолиби гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат гирифт.

Мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз ҷойи дуюмро касб кардааст. Тими Малайзия бо 4 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад. Мунтахаби Умон бо 3 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Тими Шри-Ланка бидуни имтиёз дар ҷойи охирин мебошад.

Дар даври панҷуми мусобиқот рӯзи якшанбеи 29-уми сентябр соати 20:00 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими Умон бозӣ хоҳад кард. Футболбозони ҷавони тоҷикро дар ин дидор танҳо пирӯзӣ қаноатманд мекунад. Пеш аз ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 дастаҳои Шри-Ланка ва Малайзия ба рақобат мепардозанд.

Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ ғолибони даҳ гурӯҳ ва панҷ дастаи нишондодҳояшон беҳтари зинаҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат мегиранд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 6-ум то 23-юми феврали соли оянда дар Чин баргузор мешавад.

Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 (U-20)

Гурӯҳи «Е»

Кореяи Шимолӣ

Малайзия

Тоҷикистон (мизбон)

Умон

Шри-Ланка

Даври якум

21-уми сентябр (шанбе)

Малайзия – Умон – 2:1

Кореяи Шимолӣ - Шри-Ланка – 4:0

Даври дуюм

23-юми сентябр (душанбе)

Кореяи Шимолӣ – Малайзия – 0:0

Шри-Ланка – Тоҷикистон – 0:3

Голҳо: Билол Бобоев, 2 (0:1). Масрур Ғафуров, 45+2 (0:2). Масрур Гафуров, 54 – аз пеналти (0:3).

23-юми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 2345 тамошобин.

Даври сеюм

25-уми сентябр (чоршанбе)

Умон - Шри-Ланка – 5:0

Тоҷикистон – Кореяи Шимолӣ – 0:2

Голҳо: Чои Кук, 26 (0:1), Ра Му Рёнг, 90+2 (0:2).

25-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 2784 тамошобин.

Даври чорум

27-уми сентябр (ҷумъа)

Умон – Кореяи Шимолӣ – 0:1

Гол: Ри Ҷонг Док, 80

Малайзия – Тоҷикистон – 0:1

Гол: Ҷовидон Хушвахтов, 90+5

27-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 1200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “Е”

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Кореяи Шимолӣ

4

3

1

0

7-0

10

2

Тоҷикистон

3

2

0

1

4-2

6

3

Малайзия

3

1

1

1

2-2

4

4

Умон

3

1

0

2

6-3

3

5

Шри-Ланка

3

0

0

3

0-12

0

Даври панҷум

29-уми сентябр (якшанбе)

17:00 – Шри-Ланка - Малайзия

20:00 – Тоҷикистон – Умон