Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тошканд 4 бозии дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов иштирок мекунад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии дӯстона, ки аз 19-ум то 24-уми июл дар Тошканд баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Гватемала ширкат варзида, дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давра бозӣ мекунанд.

Сипас ду дастаи пешсаф дар финал рӯбарӯ мешаванд ва тимҳое, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ҷойҳои 3-4-умро мегиранд, барои медали биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и Тошканд баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки барои тими миллии футзали Тоҷикистон ширкат дар мусобиқа ба хотираи Мираброр Усмонов як марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 мебошад, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Узбекистон барпо мегардад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои яккачини Марокаш (16-уми сентябр), Португалия (19-уми сентябр) ва Панама (22-юми сентябр) бозӣ мекунад.

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов гуфт, ки барои дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футзал-2024 сазовор бозӣ кардан хуб омодагӣ мебинанд.

Дар ҳамин ҳол ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷараён дорад, ки то рӯзи 17-уми июл идома меёбад.

Баъдан мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии дӯстона ба хотираи Мираброр Усмонов ба Тошканд сафар мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Гулистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Бозмамадов, Хушбахт Исоев, Нуриддин Ҷабборов;

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Умед Қузиев, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Самандар Ризомов, Баҳодур Хоҷаев, Фирӯз Сангов, Иқбол Воситзода, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов;

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё, ки моҳи апрели имсол дар Бангкоки Тайланд доир гардид, мақоми чаҳорумро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2024 роҳ ёфт.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирифт. Аз қораи Осиё ба ҷуз аз тими миллии Узбекистон (ба ҳайси мизбон), дастаҳои мунтахаби Эрон, Тайланд, Тоҷикистон ва Афғонистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳ пайдо карданд.

Дарвоқеъ, тими миллии Афғонистон, ки бори аввал дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат кард, то ба даври чорякниҳоӣ расид ва нахустин маротиба ба Ҷоми ҷаҳонии футзал роҳ ёфт.

Мусобиқаи байналмилалии футзал ба хотираи Мираброр Усмонов

Иштироккунандагон:

Узбекистон

Тоҷикистон

Гватемала

Қирғизистон

Даври 1-ум

19 июл (ҷумъа)

17:00 – Қирғизистон – Гватемала

19:30 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 2-юм

20 июл (шанбе)

17:00 – Тоҷикистон – Гватемала

19:30 – Узбекистон – Қирғизистон

Даври 3-юм

22 июл (душанбе)

17:00 – Тоҷикистон - Қирғизистон

19:30 – Узбекистон – Гватемала

24 июл (чоршанбе)

17:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

19:30 – Финал

Макони баргузории мусобиқа: Тошканд, маҷмааи варзишии «Юнусобод»