"Минтақаҳои боқимонда". Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Дар ин мулоқот Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ тарафи Тоҷикистонро ва ҳамтои ӯ, Қамчибек Тошиев, ҷониби Қирғизистонро намояндагӣ кардаанд

Намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон таъйину нишонагузории "минтақаҳои боқимонда"-и сарҳадро баррасӣ кардаанд.

Мулоқот рӯзи 23-юми ноябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд гузашт.

Тафсилот дастрас нест.

Дар хабари расмӣ танҳо гуфта шудааст, ки ба гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон "ҷиҳати идомаи кор дар ин самт" дастур дода шуд.

Маълум нест, "қитъаҳои боқимонда" ё то ин дам ҳалношудаи марз кадоманд.

Тибқи хабарҳои охирини расмӣ, 94 дарсади хати сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон муайян шудааст.

Ду кишвар тақрибан ҳазор километр хати марз доранд. Номуайянӣ дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.