- "Сулҳ сулҳ аст, барои ман фарқ надорад, кӣ кард ё кӣ накард, чӣ хел шуд ва чӣ хел нашуд. Ҳақиқаташ ҳамин ки сулҳ барпо шуд ва ман ҳеч розӣ нестам ба гапҳое, ки гуё ҳукумат барои сулҳро ҷорӣ кардан оппозитсияро фиреб дод. Дар асл ба худи оппозитсия вобаста буд, чӣ кор кунад."
- "Ба фикри ман, ҳарду ҷониб заҳмати зиёд кашиданд, вале дар ниҳояти кор сулҳ то андозае ба манфиати ҳукумат тамом шуд."
Ақидаи ин ду шаҳрванди Тоҷикистон баёнгари ду мавқеъ дар ҷомеаи ин кишвар буда метавонад. Ҳақиқати таърихӣ ин аст, ки бо поёни раванди сулҳофарӣ Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсюни тоҷик, ки як замон дар саросари ҷаҳон шинохта мешуд, аз ҳам фурӯ пошид.
Ин ҷо ҳам ду ақидаи зидди якдигар ҷой дорад. Яке ин ки "ин табиӣ буд, чун эътилофҳо барои расидан ба як ҳадафи муайян бунёд мешаванд ва гоҳе ки аҳдоф тақсим мешавад, эътилофро ҳам ҳамин хоҳад шуд." Ва дувумӣ: "тақсими мансаб ҳамсафони пешинро аз ҳам ҷудо кард."
Яъне, ин як фазосозии муайяне буд, то чунин шавад. Даҳ сол баъдаш андешаҳо чӣ гуна буданд, дар ин барнома шунавед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад