Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими мунтахаби миллии Тоҷикистон бо бошгоҳи футболи «Том»-и Русия дар бораи ба вазифаи сармураббии ин даста даъват шуданаш гуфтушунид дорад.
Дар ин бора оҷонсии хабарии русиягии ИТАР-ТАСС хабар додааст. Вале Артём Фоменко, мудири кулли бошгоҳи футболи "Том"-и шаҳри Томск, 8-уми апрел дар расонаҳои хабарии Русия гуфтушунидро бо Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, рад кардааст.
Ин хабарро, инчунин, дар Федератсияи футболи Тоҷикистон тасдиқ накарданд. Мӯҳсин Муҳаммадиев ба ҳайси сармураббии тими мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ФФТ ба муддати се сол, сар аз 2-юми июли соли 2013, қарордод бастааст.
Вале ба иттилои манбаи муътамади Радиои Озодӣ, раҳбарияти бошгоҳи “Том” ба ҷуз Мӯҳсин Муҳаммадиев боз бо се мутахассиси варзида – Дмитрий Хохлов, Валерий Петраков ва Сергей Юран гуфтушунид дорад. Аммо ҳоло Василий Баскаков, сармураббии дастаи “Том” аст ва аз вазифааш сабукдӯш нашудааст.
"Том" дар айни ҳол дар ҷадвали Премйер-лигаи Русия бо 20 имтиёз аз 24 бозӣ дар байни 16 даста дар ҷойи 14-ум қарор дорад. «Том» дар шаш бозии охир як ғалаба ба даст оварда, ду бозиро мусовӣ кардааст ва дар се бозӣ шикаст хӯрдааст.
Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев имсол баргузории якчанд бозии байналмилалии дӯстонаро ба нақша гирифтааст, аз он ҷумла бо тими Афғонистон (4-уми май дар Душанбе) ва бо мунтахаби Эстония (7-уми июн дар Таллинн).
Шарҳи ҳол
Мӯҳсин Муҳаммадиев 21-уми октябри соли 1966 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Устоди варзиши СССР оид ба футбол (1988). Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ (1994). Ҳамлагар. Cоли 1985 ба дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе даъват шуда, дар ҳайати он дар лигаи якум 125 бозӣ карда, 48 гол задааст. Ӯ соли 1988 бо Александр Никитин, ҳамлагари «Ротор»-и Волгоград, беҳтарин нишонзани лигаи якум эътироф шуда, соҳиби ҷоизаи рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» гаштааст (22 гол). Вай солҳои 1989-91 дар ҳайати «Помир» дар лигаи олӣ бозӣ карда, аз ҳама бештар - 22 гол задааст.
М. Муҳаммадиев хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1987) мебошад. Вай қабл аз «Помир» дар ҳайати «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа (1983-85) ҳунарнамоӣ кардааст. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ дар дастаҳои футболи чаҳор кишвар – Русия, Туркия, Австрия ва Узбакистон ҳунари воло нишон додааст: «Локомотив», Москва (1992-93), «Анкарагуҷу», Туркия (1993 – 1994), «Спартак», Маскав (1994 – 1995), «Локомотив», Нижний Новгород (1996-97), «Аустрия», Вена (1997-98), «Торпедо», Маскав (1998), «Бухоро», Бухоро (1999), «Шинник», Ярославл (1999), «Динамо», Самарқанд (2000-2001), “Арсенал”, Тула (2001), “Регар-ТадАЗ”, Турсунзода (2002), «Витяз», Подолск (2003).
Мӯҳсин Муҳаммадиев барандаи медали хурди тиллои чемпионати СССР байни дастаҳои лигаи якум (1988), қаҳрамони футболи Федератсияи Русия (1994), соҳиби медалҳои нуқраю биринҷӣ ва Ҷоми Русия дар ҳайати дастаҳои футболи шаҳри Маскав мебошад.
Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003-юм ба кори мураббигӣ гузашт. Хатмкардаи Мактаби олии мураббиёни Маскав ва мураббии дорои муҷаввиз ё литсензияи «PRO» мебошад. Солҳои 2003-2006 мураббии «Витяз» (Подолск) ва аз декабри соли 2006-ум то апрели 2008-ум сармураббии ин даста буд. Соли 2007-ум «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008-ум то июни соли 2012-ум мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон буд Аз 2-юми июли соли 2013-ум сармураббии тими мунтахаби миллии Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳсин аз моҳи майи соли 1988 оиладор аст. Ҳамсараш Моҳира табиб мебошад. Ӯ собиқ узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба чавгонбозист. Дарвоқеъ, падарарӯси Мӯҳсин - Сергей Мусалимович Носиров - мураббии варзидаи футболи кӯдакону наврасон буд. Ӯ шогирдони зиёдеро, ба мисли ситораҳои футболи тоҷик Александр Азимов, Рашид Раҳимов, Ҳаким Фузайлов ва Юрий Батуренко тарбия кардааст. Мӯҳсин се духтар дорад: Маҳбуба - 24-сола, Муслима - 22-сола, Марям - 11-сола. Мӯҳсин Муҳаммадиев бо оилааш аз соли 1992 дар Маскави Русия ба сар мебарад.