Аз Қубодиён то Димишқ
"Муҳсин”-е, ки дар ду ҳафтаи охир ҳамроҳ бо мухолифони мусаллаҳи Башор Асад аз Идлиб то Димишқ рафт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде аз Сурия нашр кард, Имомалӣ Раҳмонзодаи 31-сола аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аст.
Як манбаъ дар мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 11-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба ӯ бар асоси “зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ” (моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз шудааст.
“Имомалӣ бо бародараш Юсуфалӣ Раҳмонов соли 2017 аз Русия ба Сурия рафта, онҷо ба созмонҳои террористӣ ҳамроҳ шудаанд. Хабари марги бародарашро ба наздиконаш расондаанд, вале мушоҳида мекунем, ки худаш дар қатори террористон фаъолона иштирок дорад,” -- гуфт ӯ.
Дар зодгоҳи Имомалӣ Раҳмонзода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ солҳо пеш ҳамроҳи хонаводааш ба Русия рафта буд ва ҳоло волидонаш дар Русия ҳастанд.
"Дар Русия азоб доштанд"
"Зиндагияшон дар Тоҷикистон хуб набуд. Хато накунам, солҳои 2014 ё 2015 ба Русия рафтанд ва онҷо ҳам чандон кори хуб надоштанд, азоб доштанд. Фикр мекунам, ҳамин азоб сабаб шуд, ки ба Сурия рафтанд,” - гуфт як хешованди дури Имомалӣ Раҳмонзода.
"Муҳсин" ё Имомалӣ Раҳмонзода дар наворе иддао кардааст, ки аз Русия тариқи Туркия вориди Идлиби Сурия шуд.
Баҳром Раҳмонов, бародари Имомалӣ, рӯзи 12-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ӯ ҳеч тамос надорад ва танҳо наворҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидааст. Вай афзуд, ду бародараш дар соли 2017 аз Русия ба Сурия рафтанд ва якеаш соли 2019 кушта шуд.
"Бародарам Юсуфалӣ соли 2019 кушта шуд. Кори хато карданд, худашонро ҳайф карданд. Ҷавон буданд, фиребашон карданд ва ба гапи ҳар кас гӯш карда рафтанд," -- гуфт ӯ.
Пештар як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, ки дар Идлиб наздик ба 400 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд. Идлибро аз соли 2015 “Ҷабҳат ан-Нусра”, ки баъдан номашро ба “Таҳрир аш-Шом” иваз кард, назорат мекард.
Ин гурӯҳ, ки дар ибтидо як шохаи "Ал-Қоида" буд, бо ин гурӯҳ ихтилоф пайдо кард ва аз он ҷудо шуд. Дар наворҳое, ки Имомалӣ Раҳмонзода аз Идлиб нашр мекард, шахсони зиёде бо тоҷикӣ ҳарф мезананд. Ин ҷавони тоҷик дар қатори дигар гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати пешин вориди Димишқ шуданд ва дар қасри Башор Асад “селфӣ” карданд.
“Дар Сурия ҷанги шаҳрвандӣ аст. Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон хилофи тамоми қонунҳо ҳаст. Аз зудбоварии тоҷикон истифода бурда, созмонҳои террористӣ онҳоро бо ҳадафҳои худ истифода мекунанд,” - гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ аз мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон.
Рӯзи 8-уми декабр Башор Асад, ки аз соли 2000-ум, пас аз марги падараш Сурияро идора мекард, ба Русия фирор кард. Ҳоло ин кишварро ҳукумати муваққат идора мекунад. Аҳмад Шараъ ё Абумуҳаммад Ҷулонии 42-сола фармондеҳи мухолифон ва раҳбари гурӯҳи “Ҳайати Таҳрир аш-Шом” ваъда додааст, ки оромиро ба ин кишвар бармегардонад.
Дар бораи тоҷикону узбеконе, ки фаъолона ҳамроҳ бо ин гурӯҳ солҳо зидди Башор Асад мубориза карданд, чизе гуфта намешавад. Маълум нест, ки пас аз пирӯзии мухолифон хориҷиёне, ки ин гурӯҳро ҳамроҳӣ мекарданд ва корашон ба ҷуз ҷангидан чизи дигаре набуд, дар Сурия чӣ кор хоҳанд кард.
Ҳузури баъзе аз сокинони ноҳияи Қубодиён дар сафи ҷангҷӯён ё пайравии онҳо аз гурӯҳҳои ситезаҷӯ, аз ҷумла “Ҷабҳат-ун-нусра”, як шохаи “Ал-Қоида” дар Сурия (ҳоло номашро ба “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” иваз кардаст), қаблан расонаӣ шуда буд.
Додгоҳи вилояти Хатлон тобистони соли 2023 Турдиалӣ Қобилови 38-сола аз деҳаи Намунаи ноҳияи Қубодиёнро бо гуноҳи пайравӣ аз созмони "Ҷабҳат-ун-Нусра"-и Сурия 25 сол зиндонӣ кард. “Ӯ чанд чорвояшро фурӯхта, қасди сафар ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия дошт. Мехост, бо аъзои дигари “Ҷабҳат-ун-Нусра” ба зидди ҳукумати Сурия биҷангад,” – гуфта шудааст дар ҳукм. Вале назари Қобилов, вакили мудофеъ ва наздиконаш ба ҳукм маълум нашуд.