Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, пас аз мулоқот бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров гуфт, ки тиҷорат миёни ду кишвар дар ҳоли густариш аст, аммо мутаносиб нест.
Ду вазир рӯзи 24-уми феврал дар шаҳри Маскав муносибатҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла вазъи муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ карданд.
Сироҷиддини Муҳриддин баъди имзои барномаи дусолаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои ду кишвар гуфт: "Мо рушди тиҷорат миёни ду кишварро зикр кардем, ҳамзамон ба номутаносибӣ дар содироту воридот миёни ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир кардем”.
Ишораи Муҳриддин ба зиёд будани воридоти маҳсулоти Русия ба Тоҷикистон ва кам будани содироти моли Тоҷикистон ба Русия аст. Соли 2019 Русия ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар мол фурӯхта, аз Тоҷикистон бо арзиши 44 миллион доллар маҳсулот харидааст.
Русия таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо нафту газ аст ва Тоҷикистон ба Русия асосан маҳсулоти кишоварзӣ мефурӯшад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар нишасти хабарии муштарак ба ин масъала дахл кард ва гуфт, дар мулоқот масъалаи беҳтар кардани шароити кори ширкатҳои Русия дар Тоҷикистон ва ҳам ширкатҳои Тоҷикистон дар Русия баррасӣ шудааст. Дипломатҳои рус дар гузашта шикоят кардаанд, ки шароит барои кори ширкатҳои Русия дар Тоҷикистон “ногувор” шудааст.
Сергей Лавров қавл дод, ки Русия барои воридоти маҳсулоти Тоҷикистон чораҳоеро амалӣ хоҳад кард. Ӯ гуфт: “Барои сабук кардани воридоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон корҳо ҷиҳати роҳандозии “Низоми сабуки назорати гумрукӣ” ва “Долони сабз” дар арафаи анҷомёбист. Мо ба мувофиқа расидем, ки барои сохтмони Маркази хариди яклухт ва тақсимоти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон чораҳои иловагӣ андешем”.
Вазири умури хориҷии Русия дар бораи яке аз масоили дарднок – муҳоҷирати кории тоҷикон ба кишвараш ҳам суҳбат кард. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, моҳи апрели соли 2019 аз ҳамтои руси худ Владимир Путин хоста буд, муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷикро афв кунад, то ҳаққи бозгашт ва кор дар Русияро дигарбора пайдо кунанд.
Ҳудуди 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон айни замон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд, чун онҳоро ба сабаби нақзи қоидаҳои иқомат ва ё дигар қонуншиканӣ аз ин кишвар рондаанд. Маълум нест, ду тараф масъалаи афви муҳоҷиронро баррасӣ карданд ё не, вале Сергей Лавров гуфт, масъалаи қабули ҳамоҳангшудаи муҳоҷирони кории тоҷик ба корхонаҳои Русия баҳс шудааст.
Ба қавли Сироҷиддини Муҳриддин, онҳо таваҷҷуҳи ҳамкорони руси худро ба “масоили ҳалношудае ҷалб кардаанд”, ки имкон намедиҳанд, ду тараф аз имконоти комилашон дар масъалаи муҳоҷират истифода баранд. Пеш аз ин дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Русия навишт, ин кишвар “пайваста барои беҳтар шудани шароити кори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тадбирҳоеро амалӣ мекунад”.
Тоҷикистону Русия соли гузашта созишномаеро имзо карданд, ки мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистон мутобиқи дархости кордиҳандагон дар Русия интихоб шуда, баъдан ба кор сафарбар мешаванд.
Русия кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва бино ба гузоришҳои гуногун то як миллион нафар аз тоҷикон дар онҷо кору иқомат мекунанд. Муҳоҷирони тоҷик аз нақзи ҳуқуқ, азияту озор дар кӯчаҳо ва аз тарафи маъмурони пулиси Русия шикоят мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар фикри муҳоҷирон ҳастанд. Ҷониби Русия озору азияти онҳоро рад мекунад.