"Ба ин тартиб, баргузории имтиҳон аз номи муассисаҳои таълимӣ дар муассисаҳои тиҷоратӣ бекор карда шуд", - омадааст дар хабари Вазорати маорифи Русия.
Акнун имтиҳонҳоро аз шаҳрвандони хориҷӣ танҳо донишгоҳҳо ва муассисаҳои дигари давлативу маҳаллӣ мегиранд. Ҳадафи ин тасмим - тақвияти сифат унвон шудааст. Дар сартосари Русия марказҳои имтиҳонгирӣ ташкил хоҳанд шуд.
Баъд аз ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар Русия тафтиши муҳоҷирон ва сохторҳое сахттар шудааст, ки бо муҳоҷирон кор мекунанд. Аз ҷумла, Наталя Трухановская аз раёсати Донишкадаи забони русӣ ба номи Пушкин аз мақом барканор шуд.
Дар Вазорати маорифи Русия гуфтанд, дар Донишкада баргузории имтиҳонҳоро барои муҳоҷирон аз забон, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия ба таври бояду шояд назорат намекардаанд.