Ба муҳоҷирони тоҷик аз интихобот мегӯянд, онҳо аз роҳу нархи билет мепурсанд. ВИДЕО

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар интизори бозгашт ба кишварҳои худ. Русия, вилояти Самара, 22-юми сентябри 2020

Масъулони сафоратҳои Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз муҳоҷирону шаҳрвандони тоҷики муқими кишварҳои хориҷӣ даъват кардаанд, ки рӯзи 11-уми октябр дар интихоботи президентӣ раъй диҳанд.

Кумисюни марказии интихобот мегӯяд, дар 29 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Русияву Қазоқистон, 39 қитъаи овоздиҳӣ ташкил кардаанд. Сандуқҳои раъй дар бинои намояндагиҳои расмии Тоҷикистон ҷойгиранд.

Ҳудуди як миллион аҳолии Тоҷикистон, ки бахши аъзами онҳо шахсони қобили раъй ҳастанд, дар берун аз кишвар ва аксаран дар Русия ба сар мебаранд. Бархе аз онҳо мегӯянд, роҳашон аз нуқтаҳои раъйдиҳӣ дур аст, қисми дигар, ба гуфтаашон, зарурати ширкатро намебинанд. Иддае мегӯянд, ки комилан дар бораи интихобот ва санаи баргузории он чизе намедонанд.

Набӣ Муродов, муҳоҷири 25-солаи тоҷик дар Маскав, гуфт, барои овоздиҳӣ ба номзади мавриди назари худ ба бинои сафорат хоҳад рафт. Вай гуфт, падараш дар Тоҷикистон мудири мактаб ва ҳамзамон раиси як қитъаи интихоботӣ аст ва ва ӯро тавассути телефон ташвиқ мекунад.

“Гуфт, ки ҳатман рафта иштирок кун. Худаш мардуми маҳалларо барои иштирок дар интихобот даъват дорад. Рӯзи интихобот дар мо рӯзи корӣ аст, аммо рухсат мегирам”, -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ин муҳоҷири тоҷик дар сохтмоне дар Маскав кор мекунад ва ҳар моҳ 32 ҳазор рубл мегирад. Аз дувоздаҳ муҳоҷире, ки Радиои Озодӣ бо онҳо тамос дошт, танҳо Набӣ Муродов гуфт, ки дар интихобот ширкат мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пурсиши муҳоҷир аз муҳоҷир: Номзадҳоро мешиносед?

Исфандиёри Давлат, муҳоҷири дигари тоҷик гуфт, ӯ ва ҳамроҳонаш ният надоранд, ба райъдиҳӣ раванд. «Дар бораи он ки дар канори Маскав маркази райъдиҳӣ ҳаст ё не, хабар надорем. Бачаҳое, ки бо мо зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, интихобот маъракаи муҳим нест. Бетафовут ҳастанд. Мегӯянд, рафтану нарафтани мо натиҷаи интихоботро дигар намекунад", -- афзуд ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз муҳоҷирони тоҷик напурсидаанд, ки ҷонибдори номзадҳо ҳастанд, ё не

Умар, муҳоҷири 33-солаи тоҷик, ки дар ноҳияи Одинтсово зиндагӣ мекунад, аз ҷумлаи он муҳоҷиронест, ки аз таърихи дақиқи интихобот хабар надорад. Фикри ӯро бештар роҳи бозгашт ба Тоҷикистон ё тамдиди мӯҳлати иҷозаи кориаш банд кардааст.

Ӯ мегӯяд, ҳоло бо ҳамроҳонаш дар андешаи бозгашт ба ватан ҳастанд, ё талоши беҳтар кардани шароити кору зиндагӣ дар Русияро доранд: “Ба Худо, дар бораи интихобот аз Шумо фаҳмидам. Ягон кас ба мо ягон гап ҳам нагуфт, ё мумкин аст, худамон аҳмият надодем. Ҳамин ҷо 30-40 тоҷик ҳастем, дар ин бора намедонем. Ҳозир бачаҳои мо мегӯянд, ки интихобот моҳи ноябр аст. Тинҷӣ бошад, касе президент мешавад, шудан гирад”.

Масъулини намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон мегӯянд, тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷиронро ба интихобот даъват карданд. Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, тасдиқ мекунад, ки на ҳамаи шаҳрвандони кишвар, ки дар миёнашон муҳоҷирон низ ҳастанд, метавонанд ба раъйдиҳӣ ҳозир шаванд.

“Шаҳрвандони мо дар як ҷой нестанд, дар тамоми гӯшаҳои Русия зиндагӣ мекунанд. Касе имкони омадан дорад, албатта меояд. Бисёриҳо дар роҳҳои дур ҳастанд, ё шароит надоранд, ки ба сафорат ва ба консулгариҳо биоянд,” -- гуфт Имомуддин Сатторӣ.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, аз КМИРТ ва мақомоти Русия мактуб гирифтаанд, ки дар ҷараёни овоздиҳӣ қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷмула пӯшидани ниқоб ва фосилаи ҷисмониро риоя кунанд.

Бархе аз муҳоҷирон мегӯянд, аз ширкат дар интихобот дида, барои онҳо масъалаи боз кардани роҳ ва арзон кардани нархи билети ҳавопаймо муҳимтар аст. Дар зери эълони даъват ба интихобот, ки дар саҳифаи фейсбукии Сафорати Тоҷикистон дар Русия нашр шуд, ба ҷуз як нафар дигарон дар бораи баста будани роҳҳо ва гарон будани нархи билети ҳавопаймоҳо навиштаанд.

Бисёре аз коршиносон мегӯянд, фазои кору зиндагӣ дар Русия ва дигар кишварҳо ба муҳоҷирон имкон намедиҳад, ки дар бораи масоили сиёсӣ фикр кунанд. Назаре, ки Иззат Амон, як фаъол дар миёни муҳоҷирон қабул надорад. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон тағйирот мехоҳанд ва ба ин бовар ҳастанд, ки танҳо тағйироти сиёсӣ дар кишвар зиндагии онҳоро дигар мекунад.

Иззат Амон аз ҷумлаи фаъолоне буд, ки дар интихоботи порлумонии моҳи марти имсол барои райъдиҳӣ ба қитъаи интихоботӣ рафта буд. “Дар он интихобот танҳо ба хотири раъй додан ба як номзади мавриди назарамон рафта будем. Лекин раъйи мо чизеро дигар накард ва номазадамон ҳам ғолиб нашуд. Аз ин рӯ, дар ин интихобот барои овоздиҳӣ намеравем. Ман борҳо гуфтам, ки ҳама чиз маълум аст, чӣ даркор, пулро ба ҳар тараф пош додан."

Тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 460 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа, бахусус дар муҳоҷират ба сар мебаранд. Аммо омори ҷониби Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро як миллион нафар нишон додаанд.

Дар ҳар интихобот масъалаи раъйдиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа бахусус муҳоҷирон баҳсҳои зиёдеро ба миён меорад.

Мунтақидон мегӯянд, ҳукумат барои ҷазби раъйи муҳоҷирон зиёд моил нест ва ба ин хотир барои овоздиҳии ин гуруҳи шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам намекунад. Мақомот ин мегӯянд, шароити иштироки муҳоҷирон дар интихобот фароҳам аст.