Русия қарор дар бораи додани имтиёз ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро дар замони пандемияи коронавирус то 15-уми декабри имсол дароз кард.
Тибқи он ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ихроҷи муҳоҷирон ҳақ надоранд ва онҳое, ки кор намекунанд, ба гирифтани “патент” зарурат надоранд. Ё дар сурати тамом шудани муҳлати сабти иқомат (регистратсия) ҳуҷҷати мазкур дар қаламрави Русия дароз карда мешавад. Пештар барои ин кор гузаштан аз марз зарур буд.
Қарори додани имтиёз бори аввал моҳи апрел содир шуда буд ва дар ин муддат ду дафъа муҳлати иҷрояш дароз карда шуд. Бо вуҷуди ин, муҳоҷирон ба беҳтар шудани вазъ чандон хушбин нестанд ва ҳомиёни ҳуқуқ низ мегӯянд, вақтҳои ахир озору азияти муҳоҷирони корӣ дар Русия бештар шудааст.
Валентина Чупик, раиси “Тонг ҷаҳони”, созмони дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон, ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо 23-юми сентябр, пеш аз содир шудани қарори нав, ҳудуди 100 муҳоҷир ба идораи онҳо занг зада, аз боздошт шудан шикоят кардаанд.
Илҳомҷон Саидов, яке муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик, ки рӯзи гузашта аз дасти пулис раҳо шуд, гуфт, бидуни кадом сабаби рӯшан ӯро дастгир ва таҳқир кардаанд. Ӯ гуфт: “Аз онҳо сабаби боздоштро пурсидам. Гуфтанд, шаҳрванди кишвари бегона ҳастед ва ин гуна рафтору суолгузориро дар ватани худ анҷом диҳед. Ин ҷо тавре ки мо хоҳем, ҳамон тавр бояд рафтор кунед.”
Саидов мегӯяд, маъмурони полиси Маскав борҳо ба миллати ӯ ишора карда, таъна задаанд, ки “дар ин ҷо чӣ мекунад, чаро дар ватани худ кор намекунад?” Ҳарчанд ба қавли муҳоҷири 23-солаи тоҷик, ҳамаи санадҳои будубоши ӯ дар Русия қонунӣ ҳастанд.
Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, бо вуҷуди дуруст будани санадҳои муҳоҷирон, полис гоҳе онҳоро раҳо намекунад, чун мақсади аслии боздошт дигар аст: “Дар метро нигоҳ доштанд ва ҳадафмандона озор доданд, то вокуниш нишон диҳад ва ягон корманди полисро тела диҳад. Он вақт нисбат ба ӯ бо айби ҳамла ба корманди полис парвандаи ҷиноӣ мекушоданд. Магар мушкили ҷинояту ҷинояткорӣ дар Русия пурра тамом шудааст, ки 20 корманди полис муҳоҷири тоҷикро дар метро таъқиб мекунанд? Инро чӣ хел бояд фаҳмем? Онҳо кори дигар надоранд?”
Зимнан, масъулони Идораи полиси шаҳри Маскав ба суоли Радиои Озодӣ дар ин робита посух надоданд.
Содир шудани қарори расмӣ қисме аз муҳоҷиронро ба он умедвор кардааст, ки эҳтимол ин санад то ҳадде пеши роҳи худсариву тамаъҷӯии кормандони пулисро дар Русия бигирад.
Аммо боз ҳам тавре ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон аз мушоҳидаҳои худ мегӯянд, бисёре аз кормандони полис ва ҳатто масъулони додгоҳ дар Русия аз содир шудани қарор дар робита ба будубоши муҳоҷирон хабар надоранд ва ё гоҳе онро нодида мегиранд.
Аз ин рӯ, онҳо ба муҳоҷирон тавсия медиҳанд, ки бо ин қарор ошно шаванд ва агар имкон доранд нашр кардаву бо худ гиранд ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо пулис нишон диҳанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба иттилои мақомоти Русия, дар он кишвар беш аз як миллион ва ба гуфтаи мақомоти тоҷик наздик ба 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Имсол бо бад шудани вазъи иқтисоди Русия, Тоҷикистон низ аз он осеб дид. Дар шаш моҳи аввали имсол муҳоҷирони тоҷик 195 миллион доллар камтар аз ҳамин давраи соли гузашта пул фиристоданд.
Созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки тадриҷан ҷойҳои кориро дар дохил бештар кунад ва ё ба ҷуз аз Русия кишварҳои дигареро низ барои муҳоҷирати кории шаҳрвандонаш интихоб кунад. Мақомот гуфта буданд, ки бо Қатар доир ба муҳоҷирати корӣ созишнома бастанд ва музокирот бо Куриёи Ҷанубӣ дар ин самт идома дорад, аммо то ҳанӯз натиҷае ба даст наомадааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Русия барои сабтиноми муҳоҷирон дар ин кишвар “сабукӣ дод”Панҷ чизи донистанӣ. Аз қарори Путин дар бораи муҳоҷирон. ВИДЕОМуҳоҷирон то 15 сентябр имтиёз гирифтанд, аммо дигар аз пули патент озод нестандСабтиноми электронии муҳоҷирон дар Русия имконпазир мешавад. ВИДЕОРусия муҳоҷиронро то 15 июн аз пардохти пули патент озод кард. САДО