Муҳиддин Зоҳидзода – муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа – бар асари таркиши гулӯлаандози истифодааш якдафъаина (одноразовый)-и “Муха” ҷон бохтааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ин гулӯлаандоз дар оромгоҳи масеҳиёни маркази вилояти Хатлон ёфт шуда, Зоҳидзода бояд онро аз назар мегузаронд.
Муҳиддин Зоҳидзода беш аз чаҳор сол дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси муфаттиш кор кардааст.
Ин муфаттиши идораи умури дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа шоми 1-уми декабр бар асари таркиш дар ҷойи кораш ба ҳалокат расид. Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 5-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "Зоҳидзода ҳангоми санҷиши гулӯлаандози истифодааш якдафъаинаи “Муха” аз беэҳтиётӣ ҷон бохт."
Манбаъ гуфт, "кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии Қӯрғонтеппа рӯзи 1-уми декабр аз як пинҳонгоҳ дар дохили қабристони масещиён гулӯлаандози якдафъаинаи “Муха”-ро пайдо карданд. Барои сабти ҳодиса ва силоҳ онро ба назди Зоҳидзода оварданд. Ин силоҳ кӯҳна буда, рақамаш наменамуд. Зоҳидзода барои тафтиш онро худаш гирифта, мехоҳад бисанҷад, ки иштибоҳӣ тугмаро зер мекунад."
Ба гуфтаи мусоҳиби мо ҳалокати Зоҳидзода ҳамчун ҳодисаи “тасодуфӣ ва нохуш” сабт шудааст. Қаблан Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ҳодисаро тасодуфӣ номид, вале аз тафсилоташ худдорӣ карда буд.
Муҳиддин Зоҳидзода рӯзи 2-юми декабр дар зодгоҳаш ноҳияи панҷ ба хок супурда шуд. Ҷалол Зоҳидов, падари Муҳиддин Зоҳидзода, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар гардани ӯ ҷароҳати вазнинро дидааст.
Муҳиддин Зоҳидзода беш аз чаҳор сол дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси муфаттиш кор кардааст. Ӯ соҳиби ду фарзанд буд.
Дар пайи инфиҷори маводи тарканда дар дохили бинои Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қурғонтеппа як нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Нафари маҷрӯҳшуда - ходими дигари пулис бо нишонаҳои даридани пардаи гӯш ба бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа бурда шуд.
Аз аввали сол бори панҷум аст, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа таркиш рух медиҳад. Дар пайи яке аз ин таркишҳо дар моҳи апрел Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола, сокини Қӯрғонтеппа ҷон бохт. Мақомот ин таркишҳоро кори дасти Шарифҷони Зокир, сокини рустои Зарбдори Қӯрғонтеппа донистанд, ки аз ӯ узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ном бурда мешуд. Вай бо ин ҷурм ба ҳабси абад маҳкум шуд.