Президенти Зимбабве Роберт Мугабе гуфт, ки бо хоҳиши худ ва билофосила ба истеъфо меравад, то ки баъди 37 соли раҳбариаш “интиқоли нарми қудрат”-ро таъмин кунад.
Шоми 21 ноябр раиси парлумон номаи Мугаберо ба аъзои маҷлис чунин қироат кард: “Ман, Роберт Габриэл Мугабе, мувофиқ бо банди 96-уми Конститутсияи Зимбабве дар ҳамин ҷо номаи истеъфои худро таслим мекунам, ки аз ҳамин лаҳза эътибор пайдо мекунад”.
Матни истеъфоро тамоми ҳозирин дар парлумон ба шодиву хурсандӣ ва рақсу ҳаёҳу шодбош гуфтанд. Парлумон хостори адами салоҳият ё импичменти президент Мугабе буд. Ӯро кӯҳансолтарин раҳбари кишвар меноманд, ки тӯлонитарин мӯҳлатро дар сари қудрат пушти сар кардаанд.
Мугабе соли 1980 дар паи ба даст овардани истиқлолияти Зимбабве аз Бритониёи Кабир раҳбари ин кишвар африқоиро ба ӯҳда дошт. Мунаққидон ва тарафдорони импичмент Мугаберо дар ғасби қудрат ба фоидаи ҳамсараш ва ҳам нотавонии раҳбарии давлат бино ба солхӯрдагии президент айбдор мекарданд.
Хабари истеъфои Мугабе дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, шаҳри Ҳараре ҳам бо садоҳои баланду сигналҳои тӯлониии мошинҳо истиқбол шуд.
Ҳафтаи гузашта бо талаби истеъфои Мугабе низомиён назорати кишварро ба даст оварда аз барканории Эммерсон Мнангагва аз мақоми муовини президент ба фоидаи ҳамсари президент Грейс Мугабе эътироз карданд. Мугабе инчунин барои он муттаҳам мешавад, ки ба ҳамсараш иҷоза дод ба Мнангагваи тоза барканоршуда ва дигар мақомот таҳдиди марг кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад