Се зане, ки фарзандонашон ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд, ба нишони эътироз аз ҳукм дар толори судӣ дастони худро бо шишапораҳо чок карданд.
Эътирози модарон ин аст, ки додгоҳи вилояти Суғд бо ҳукми рӯзи 5 апрели худ қарори додгоҳи шаҳри Конибодомро бетағйир гузошт ва ҳамакнун Абдураҳмон Воҳидов, Фарҳод Содиқов ва
Ҳолатамро танҳо худам медонаму худо. Ин беадолатӣ, беинсофии додгоҳ моро ба ғазаб овард
Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддинов, ки барои дуздӣ ва роҳзанӣ (моддаҳои 244 – “дуздӣ ба миқдори калон” ва 249 - “роҳзанӣ аз ҷониби афроди муташаккил”) айбдор шудаанд, бояд 16 ва 15 соли ояндаро дар зиндон сипарӣ кунанд.
Сокинони ноҳияи Исфара Масъуда Содиқова, Мавлуда Воҳидова ва Насиба Баҳовадинова мегӯянд, баёноти фарзандони онҳо таҳти шиканҷаву латтукӯб гирифта шудааст ва худи фарзанрдонашон ҳам дар додгоҳ гуфтаанд, ки гуноҳ надоранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи вилояти Суғд баъди баррасии дубораи парванда гуфт, ки ҳукми додгоҳи шаҳри Конибодом мушкиле надорад ва ҳукми айбдоршудаҳо пурра тасдиқи худро ёфтааст.
“Ваъда доданд, ки парванда аз рӯи адолат баррасӣ мешавад”
Масъуда Содиқова ва Насиба Баҳоваддинова рузи 6 апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди он ки дастони худро бо шишапораҳо буриданд, ин се нафарро додгоҳи Хуҷанд дар ҳаҷми 150 сомонӣ ҷарима кард. Додгоҳ гуфт, ки онҳо дар додгоҳ беадабӣ карданд. Масъуда Содиқова, модари Фарҳод Содиқов, ки ба 16 соли зиндон маҳкум шуд, дар суҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 6 апрел гуфт:
“Дар назди партовгоҳи додгоҳ шишапораҳо буд, мо бо худ гирифтем. Бар асоси ваъдаҳои намояндгони додгоҳ, ки мегуфтанд парвандаҳоро боадолатона баррасӣ мекунанд, дар толор интизори қарор шудем. Вале ҳеҷ гуна инсоф набуд ва мо ҳарсе дастони худро чок кардем. Ман дасти чапамро буридам.”
Ба гуфтаи ӯ, баъди додгоҳ дар маҷмӯъ 8 нафар пайвандони ҷавонҳои зиндонишударо ба идораи пулис бурданд ва чанд соат нигоҳ дошта, онҳоро барои бетартибӣ дар толори додгоҳ зар як нафарро 150 сомонӣ ҷаримабандӣ ва озод карданд.
Масъуда Содиқова 60 сол дорад ва мегӯяд, ки то зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мекунад ва талош мекунад, ки адолат дар ҳукми фарзандаш барқарор шавад.
Насиба Баҳовадинова, модари Ҳоҷиисломхон Баҳоваддинови 21-сола, ки 15 сол ҳабс шуд, мегӯяд, вақте додгоҳ қарори худро эълон кард, ҳеҷ интизор надошт, ки ҳукм бидуни тағйир гузошта мешавад. Вай гуфт, “аз хашм надонистам чӣ кор кардам ва бо шишамайда дастамро чок кардам”. Ин зан гуфт:
“Саломатии ман ҳоло беҳад бад аст ва ҳолатамро танҳо худам медонаму худо. Ин беадолатӣ, беинсофии додгоҳ моро ба ғазаб овард”.
Ин занон рӯзи 6 апрел бо дастони докапеч суҳбат мекарданд. Шоми 5 апрел дар идораи пулис ба онҳо табиб даъват карда, ёрии тиббӣ расонидаанд.
Талаби аз нав бозбинӣ шудани парванда
Модарони зиндониҳо мегӯянд, аз қарори додгоҳи вилояти Суғд шадидан норозӣ ҳастанд ва талаб мекунанд, ки ин парванда ба бозбинии сеюмбора фиристода шавад.
Онҳо мегӯянд, талаби аслии онҳо аз зинаи кассатсионии додгоҳ ин аст, ки парвандаи фарзандони онҳоро ба тафтиши иловагӣ равон кунад ва тафтиши нав ва мақомоти бетараф ва беғараз гунаҳкор набудани фарзандони онҳоро собит кунад.
“Мо озод кардани фарзандонамонро талаб накардем. Бигузор онҳоро дар маҳбас доранд, вале дархост карда будем, ки додгоҳ парвандаи онҳоро ба тафтиш баргардонад. Чунки онҳо бегуноҳанд ва агар тафтиш одилона анҷом бигирад, бегуноҳии фарзандонамон исбот мешавад,” – гуфтанд онҳо дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ .
Фарҳод Содиқов, ба қавли модараш, 36-сола буда, соҳиби чор фарзанди хурдсол аст ва рӯзии хонаводаашро аз роҳи мардикорӣ дар Русия ва харида хушк кардани зардолу пеш мебурд. Ҳоҷиисломхон Баҳоваддинови 21-сола муҷаррад буда, то замони ҳабс дар як варзишгоҳ ба атфол машқи гуштин ёд медод.
Ҳукми аввал: мурофиаи додгоҳи Конибодом, декабри соли 2017
Қарори нахустини додгоҳӣ нисбат ба ин 3 ҷавон аз рӯи дуздӣ ва тасарруфи пул аз дохили манзил рӯзи 20 декабри соли 2017 содир шуд. Он рӯз додраси додгоҳи шаҳри Конибодом М. Муҳиддинзода дар мурофиае, ки дар муассисаи тафтишотӣ (CИЗО-2)-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, дар қарори худ навишт, Фарҳод Содиқов ва Абдураҳмон Воҳидов ба 16 сол ва шарики онҳо Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддинов ба 15 соли зиндон маҳкум мешаванд.
Дар ҳукм гуфта шудааст, ки ин афрод “бо ҷурми дуздии 110000 сомонӣ аз дохили автомашинаи Фаридун Салоев дар рӯзи 25-уми апрели соли 2016 ва тасарруфи 150000 сомонӣ, 2 млн рубли русӣ, 10500 доллари ИМА ва 100 евро маблағ аз манзили сарроф Нурилло Музаффаров дар рӯзи 8 ба 9-уми уми апрели соли 2017” айбдор эълон шудаанд.
Эътилофи зидди шиканҷа: Ҳукм мунсифона набуд
Эътилофи зидди шиканҷа - як созмони нозири риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо пахши изҳороте дар саҳифаи интернетии худ ҳукми ин 3 айбдоршударо номунсифона номида, гуфта буд, онҳо "дар зери фишор ва шиканҷаи мақомоти тафтишоти аввалия ба гуноҳҳои нокардаи худ иқрор шудаанд".
Вакилони дифои онҳо - Гулнора Аминова ва Таҳмина Раҳимова гуфта буданд, ки баёноти худиқрории Фарҳод Содиқов, Абдураҳмон Воҳидов ва Ҳоҷиисмоилхон Баҳовадинов дар натиҷаи шиканҷа гирифта шуда, тибқи талаботи қисми 3-и моддаи 88-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, далелҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ бо роҳи зӯрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, беэътибор дониста, барои айбдоркунӣ асос шуда наметавонанд.
Рӯзи 6 апрел ин ду вакили дифоъ ба зангҳои мо посух надоданд.
Фарҳод Содиқов - 4 соли зиндон барои ҷинояте, ки содир накардааст
Аз миёни маҳкумшудаҳо Фарҳод Содиқов бори дуюм аст, ки ба зиндон маҳкум мешавад. Дар як ҳодисаи соли 2009-ум Фарҳод Содиқовро бо гумони куштори Оқил Шаропов - собиқ бозоркоми шаҳри Исфара тибқи моддаи 104, қисми 2-и КҶ ҶТ боздошт ва ба муҳлати 27 сол аз озодӣ маҳрум карда буданд. Аммо баъд аз пайдо ва муайян шудани қотилони аслии раҳбари бозор ва гузашти 4 сол ӯро аз маҳбас раҳо карданд.
Хешовандони Фарҳод Содиқов иддао мекунанд, ки мисли ҳодисаи аввал, ҳукми дуюми зиндони ӯ ҳам сохтакорӣ шудааст. Ба гуфтаи хешовандон, Фарҳод Содиқов дар пайи як баҳс бо корманди пулис ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд ва рӯзи 19-уми июни соли 2017 озод гардид. Вале моҳи июл ӯро боз дастгир карда ба содир кардани дуздӣ ва тасарруфи маблағи сарроф муттаҳам карданд. Иттиҳоме, ки аз ҷониби хешовандон ноодилона арзёбӣ мешавад.
Ҳанӯз мақомоти дигар дар заминаи вокуниши модарони маҳкумшудаҳо назари худро баён накардаанд. Вале бархе мегӯянд, ҳатто дар сурати даст задани гумонбарон ба ғорату роҳзанӣ, 15-16 соли зиндон ҳукми сангин аст ва баробар бо ҳукмест, ки барои маҳкумшудаҳо дар қатлу куштор дода мешавад.
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон пайваста аз шеваи содир кардани ҳукмҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон интиқод мекунанд ва мегӯянд, дар аксари ҳукмҳо иттиҳоме, ки аз ҷониби тафтишот пеш гузошта шудааст, аз ҷониби додгоҳ ва мурофиаи судӣ тасдиқ мешавад. Дар давоми 10 соли охир танҳо 38 нафар пурра сафед шудаанд, ки ин омор, аз назари худи мақомоти тоҷик ҳам хеле кам аст.
Мавзӯи тафтишу таҳқиқи заъифи иттиҳомот аз ҷониби муфаттишон ва шикоятҳои гумонбарону хешовандон аз ҳукмҳои ноодилона ахиран аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам мавриди интиқод қарор гирифт. Дар мулоқоташ бо кормандони системаи додситонӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи қонуни кишвар рӯзи 13 март дар Душанбе президент гуфт, ки дар системаи додситонӣ ва додгоҳҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам мушкили баррасии босифати парвандаҳо вуҷуд дорад. Вай гуфт, "сифати тафтишоти пешакӣ то ҳол қаноатбахш нест. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки дар паси ҳар як парванда одамон меистанд. Муфаттишон ва таҳқиқбарон набояд бо тақдири одамон бозӣ кунанд. Ҳар як даъват ба мақомот боиси озурдахотирии одамон мегардад".