Модари Умед Тешаев: «Писарам 30 соли дигар умр дорад ё не...»

Мушкинисо Эргашева, модари Умед Тешаев

Мушкинисо Эргашева, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми 30 сол ҳабси писари ӯро барои куштори сардори маҳбас бекор кард, аз бозбинӣ шудани ҳукм нигарон аст.

Мушкинисо Эргашева, модари Умед Тешаев, ки барои куштори сардори маҳбасхонаи Кӯлоб, Умар Қаюмов ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд, мегӯяд, ин ҷазо худ сахт буд, чун маълум нест, писараш 30 соли дигар умр дорад ё не ва талаби ҳабси абад барои ӯ «беинсофист».

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 1-уми август ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон «сабук» донист ва парвандаро ба муҳокимаи дубора фиристод. Зоҳиран, ин қарори додгоҳи олӣ зимни шикояти наздикони Умар Қаюмов ба миён омад, ки аз оғоз ба 30 соли ҳабс барои Тешаев норозӣ буданд. Онҳо мегуфтанд, бояд ба қотил ҳукми ҳабси абад дода шавад, зеро ин дувумин куштори ӯ буд.

Умед Тешаеви 31-сола, ки дар шаҳри Кӯлоб ба ҳайси сартарош кор мекард, рӯзи 29-уми августи соли 2013 барои куштани Абдурасул Алиев бо 54 зарби корд боздошт ва баъдан 17,5 сол зиндон маҳкум шуд. Аммо16-уми феврал дар дохили зиндон вақте, ки сардори маҳбас Умар Қаюмов аз ӯ хоҳиши ба тартиб даровардани мӯйи сарашро кардааст, ӯро низ бо 18 зарби корд ба қатл расонад.

Мушкинисо Эргашева мегӯяд, писараш як шахси беозор буд ва агар ҳодисаи аввал зимни кадом додуситад ё фиреб ба вуқӯъ пайваста бошад, вай бовар надорад, ки дар дохили маҳбас чӣ чиз иттифоқ афтода бошад. Бо вуҷуди ин хонуми Эргашева аз наздикони Умар Қаюмов бахшиш ва шафқат хост ва аз додгоҳ низ дархост намуд, ҳукмро тағйир надиҳад. Вай ашк дар чашм гуфт, намедонад, баъд аз сари ӯ панҷ фарзанди Умед Тешаев ба чӣ рӯзе гирифтор хоҳанд шуд.

Наздикони Тешаев мӯътақиданд, ки ӯ гирифтори бемории рӯҳист ва бояд табобат бигирад, аммо додгоҳ дар баррасии охири парвандааш, ӯро солим дониста, барои содир кардани ду ҷиноят дар маҷмӯъ 30 сол ҳукми зиндон дод. Наздикони Умар Қаюмов, ки 15 соли собиқаи корӣ дар зиндони Кӯлобро дошт, ҳукми ҳабси абади Тешаевро талаб доранд.

Умар Қаюмов хатмкардаи факулати забони русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда ва мактаби олии ҳуқуқшиносии вазорати корҳои дохилии Узбакистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос дар соли 1988 хатм намуда ва беш аз 20 сол дар низоми маҳбасхонаҳо кор кардааст. Тайи тақрибан 15 соли охир ӯ сардори маҳбаси Кӯлоб буд. Полковник Умар Қаюмов, ки 65 сол дошт, мебоист ҳанӯз соли гузашта бознишаста мешуд, аммо бо дарназардошти хизматҳои шоистааш аз ӯ хостаанд, ба кораш идома диҳад.

НаздикониТешаев мегуянд, ки пас аз ҳодисаи қатли сардори маҳбас Умед Тешаев мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Бахтиёр Эргашев, тағои Умед Тешаев гуфт, баъди ин ҳодииса ӯро дар маҳбас таҳти шиканҷа қарор дода, сахт латукӯб ва гӯши чапашро чок кардаанд. Вай афзуд, ки имрӯз эътилофи зидди шиканҷа ва Дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Душанберо аз ин қазия дар ҷараён гузоштаанд. Аммо муфаттишони парванда шиканҷа шудани Тешаев ва чок задани гӯши ӯро дур аз воқеъият хонда, рад мекунанд.