Як зан дар вилояти Суғд чоргоник ба дунё овардаст. Назокат Ҳодибоева, зани 35-солаи сокини ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаби 12 ба 13 июн дар зоишгоҳи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд чоргоники худро ба дунё овард. Ҳамакнун шумори умумии фарзандони ӯ 8 нафар шуд.
Назокат Ҳодибоева, модари чоргоники навзод рӯзи 14-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин як мӯъҷизаи Худо дар моҳи шарифи Рамазон аст, ки бо дастгирии духтурон чор фарзанд ба дунё овардам. Шукр мекунам. Ризқашонро Худо медиҳад, ҳама маро дастгирӣ карда истодаанд, минбаъд ҳам ёрӣ мерасонанд. Калонашон мекунем."
Аз таваллудхонаи вилоятии Суғд субҳи 14-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки 3 навзод писар ва якеаш духтар мебошанд. Ба гуфтаи табибон, ҳар яке аз писарон бо вазни беш аз 2,3 килограм ва духтар бо вазни 1,7 кг. ба дунё омадаанд. Матлуба Косимова, духтури навзодони таввалудхонаи вилояти Суғд гуфт, "онҳо дар 35-ҳафтаӣ ва каме барвақттар зода шуданд. Барои ҳамин дар шӯъбаи эҳё, зери назорат парасторӣ мешаванд. Вазъи саломатии онҳо қаноатбахш аст."
Афзоиши мунтазами аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, ки 4 тифл ба таври маъмулӣ таваллуд шуда ва зарурати бурриши қайсарӣ пеш наомадааст.
Рӯзи 13-уми июн намояндагони ҳукумати Бобоҷон Ғафуров ба аёдати модару кӯдакон рафта ва ваъда доданд, ки дар парасториву бузург кардани онҳо ёрӣ хоҳанд расонд.
Назокат Ҳодибоева, модари навзодон дар маҳали зисташ ба фаррошӣ машғул буда, шавҳараш ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ" будааст. Ин ҷуфт то таваллуди чоргоникҳо боз чаҳор фарзанди дигар доштанд, ки аз ҳама бузурги онҳо 15-сола мебошад.
Назокат Ҳодибоева, модари чоргоники навзод гуфт, "вақти ташхис мегуфтанд, ки сегоник таваллуд мекунам, се писар. Духтарча "пинҳон" будааст, охир ба дунё омад. Барои ҳамин номашро Пинҳона гузоштем. Писарҳоро Рамазон, Шарифҷон, Халифа ном мондем. Халифа номи раҳматӣ - падарам аст, ки ба писари навзодам гузоштем."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таваллуди чоргоник дар бархе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қаблан низ ба қайд гирифта шуда, вале дар зоишгоҳи вилоятӣ бори аввал чоргоник таваллуд шудааст.
Дар як моҳи ахир ин бори дуввум аст, ки дар Тоҷикистон чоргоник ба дунё меояд. Рӯзи 14-уми май Зарина Неъматоваи 22-сола, як сокини шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) дар таваллудхонаи рақами яки шаҳри Душанбе чаҳор тифл -- се духтар ва як писар ба дунё овард.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 26-уми май эълон карданд, ки шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар расид. Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад.
Бар асоси омори расмӣ шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Афзоиши мунтазами аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст.