Қазияи донишҷӯёни ихроҷшуда дар 10 рӯз ҳал мешавад

Донишҷӯёни тоҷик дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Он донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд ва барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ихроҷ шудаанд, аз моҳи август метавонанд дар 10 рӯз посух барои вуруди дубораро бигиранд.

Донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд ва барои вайрон кардани қоидаҳои будубош аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шудаанд, шурӯъ аз моҳи август метавонанд, ҳуҷҷатҳои худро ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон пешниҳод намоянд ва посухи ин ниҳодро дар 10 рӯз дарёфт кунанд. Усмоналӣ Латифӣ, сардори раёсати муносибатҳои байнулмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, дар пайи гуфтушуниди ҷониби Тоҷикистон бо Русия дар мулоқоти ШОС дар шаҳри Уфа, мӯҳлати дубора вуруди донишҷӯёни тоҷик ба қаламравӣ Русия осонтар шуд.

Усмоналӣ Латифӣ мегӯяд, ин дастурро сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский содир кардааст. “Пештар Русия ду моҳи меомӯхт ва баъдаш қарори дубора ворид шудани донишҷӯро содир мекард. Имсол ҳамин мӯҳлатро кам карда, ба 10 рӯз расониданд. Донишҷӯён худашон ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ариза дода, дар муддати кӯтоҳ посух мегиранд,” --афзуд ӯ.

Ҳарчанд ҷониби Русия донишҷӯёни тоҷикро барои вайрон кардан ё риоя накардани қавонини ин кишвар ихроҷ мекунанд, аммо иддае аз донишҷӯён мегӯянд, онҳо ҳанӯз намедонанд бо чӣ иллат аз Русия ихроҷ шудаанд.

Неъматҷон Абдуманнонов, сокини ноҳияи Истаравшан, ки дар соли дувуми Коллеҷи энергетикии шаҳри Санкт-Петербург таҳсил мекунад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як сол боз наметавонад дубора ба Русия ворид шавад. Ба қавли Неъматҷон, ӯ моҳи ноябри 2014, вақте мӯҳлати сабти макони зисташ ба анҷом расид, бояд сарҳади Русияро убур карда, дубора ворид мешуд. Бо ин далел ӯ сарҳади миёни Русия ва Украинаро убур кард, аммо дар роҳи бозгашт сарҳадбонҳои рус ба ӯ иҷозаи вуруд надоданд.

“Ҳоло ҳама ҳуҷҷатҳои даркориро пешниҳод кардем. Ба мақомоти Русия нома ҳам задем. Аммо то ҳол на худам аниқ медонам, ки чаро сарҳадбонон вуруди маро манъ кардаанд ва на аз Русия шарҳ медиҳанд, ки чаро чунин кардаанд,” -- мегӯяд Неъматҷон Абдуманнонов.

Неъматҷон Абдуманнонов мегӯяд, ӯ ягона донишҷӯи тоҷик нест, ки бидуни шарҳу далел аз қаламрави Русия ихроҷ шудааст. Тавре гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 7 ҳазору 700 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд. Инчунин, кам нестанд шумораи ҷавононе, ки худашон ба таври мустақим барои таҳсил ба Русия рафтаанд.

Абдуфаттоҳ Одинаев, муовини сардори Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, наздики панҷ ҳазор шаҳрванди кишвар дар донишгоҳҳои Русия ба таври буҷавӣ таҳсил мекунанд.

Ба қавли масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон онҳое, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсили илм мекунанд, маъмулан бар асоси шартномаи Тоҷикистону Русия мераванд.

Соли 2014 зиёда аз 200 донишҷӯи тоҷик аз қаламрави Русия ихроҷ шуда, баъд аз талошҳои зиёд дубора иҷозаи вуруд гирифта буданд. Дар ҳоли ҳозир бар пайи омори расмӣ ҳудуди 50 донишҷӯйи тоҷик талоши вуруди дубора ба Русияро доранд.

Ба қавли мақомоти тоҷик, донишҷӯёне, ки ихроҷ шудааанд, ҳангоми ворид ба қаламрави Русия маъмулан худро ҳамчун донишҷӯ сабти ном намекунанд. Ё баъзеи онҳо тариқи Русия ба дигар кишварҳо (транзит) барои таҳсил мераванд ва инро дар корти муҳоҷират зикр намекунанд. Бо ин далел дар сурати вайрон кардани оддитарин қоидаи ин кишвар ихроҷ мешаванд.