Ҷавонони тоҷик аз "Эшони Google" фатво мехоҳанд

Пажӯҳиши Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон ҳисоб кардааст, ки ҳудуди 43 дар сади сокинони кишвар ба суолҳои динии худ аз махзани интернетии Google ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ посух меҷӯянд.

Ҳоло Google ба истилоҳ, ба як “донишномаи масоили динӣ” табдил шудааст, ки ҳар нафари дуюм дар ҷустуҷӯи ҷавоби худ ба он муроҷиат мекунад. Пажӯҳиш бар асоси пурсиши 1072 сокини тамоми манотиқи кишвар анҷом шуда, дар Душанбе дар як ҷаласаи марбут ба чолишҳои мазҳабӣ чанде пеш муаррифӣ шуд.

Масъулони маркази исломшиносӣ мегӯянд, пажӯҳиш нишон дод, ки вазъ дар қиёс ба 8 соли пеш куллан фарқ мекунад, зеро дар як чунин пурсиш дар соли 2009 наздики 50 дар сад гуфта будаанд, ки ба суолҳои динии худ

Насли нав дигар ба рӯҳониён эътимод накарданд. Аз тарафи дигар, рӯҳониёни мо дар фазои иттилоотӣ чандон фаъол нестанд. Рӯҳониёни мо бо мавъиза дар масҷид маҳдуд шуданд, аз он берун дигар сӯҳбати онҳо шунида намешавад

мустақиман аз бузургсолони хонавода ва рӯҳониён посух мегиранд.

Рустам Азизӣ, як масъули Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон рӯзи 31-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нигаронӣ дар он аст, ки ҳоло аксари маводҳои динии шабакаҳои иҷтимоие, ки дар интернет бо забони тоҷикӣ нашр мешаванд, хусусияти ифротгароӣ доранд ва ин метавонад, ба зеҳни сокинон таъсири бад расонад.

Рустам Азизӣ

Ӯ гуфт, таваҷҷӯҳи сокинон барои дарёфти посух ба суолҳои диниии худ дар ҳоле бештар шудааст, ки бо сабабҳои гуногун эътибори рӯҳониёни суннатӣ дар ҷомеа коҳиш ёфт ва дигар аксаран ба ҳарфи онҳо гӯш намедиҳанд.

“Яке аз сабабҳои воқеӣ ин аст, ки бархе расонаҳо мубориза бо ифротгароиро бештар ҳамчун мубориза бо дин шарҳ доданд. Ин ба беобрӯ кардани рӯҳониён расонд. Вақте як симои манфии рӯҳониён офарида шуд, ҷавонон, ки аз техникаву технология огоҳ ҳастанд, ба интернет рӯ оварданд. Насли нав дигар ба рӯҳониён эътимод накарданд. Аз тарафи дигар, рӯҳониёни мо дар фазои иттилоотӣ чандон фаъол нестанд. Рӯҳониёни мо бо мавъиза дар масҷид маҳдуд шуданд, аз он берун дигар сӯҳбати онҳо шунида намешавад”, - гуфт Рустам Азизӣ.

Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии шинохта

Ин масъули маркази исломшиносӣ мегӯяд, “аксари онҳое, ки бо пурсишҳои динии худ ба интернет муроҷиат мекунанд, ба масҷид намераванд ва ё дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд”.

Тарси рӯҳониён аз сӯҳбатҳои телефонӣ

Беҳрӯз Қурбоналиев, як муҳоҷири 35-солаи тоҷик дар Русия мегӯяд, рӯзе нест, ки миёни ӯ ва дигар муҳоҷирон дар масъалаи динӣ баҳс нашавад. Беҳрӯз ҳамроҳ бо 14 нафар муҳоҷири дигари тоҷик дар сохтмон кор мекунад. Ӯ гуфт, воқеан, панҷ шаш соли пеш агар баҳс атрофи масоили динӣ авҷ мегирифт, муҳоҷирон рақами телефони рӯҳониёни тоҷикро дар даст доштанд ва зуд ба онҳо барои посух гирифтан занг мезаданд. Ҳоло вазъ фарқ мекунад, чун рӯҳониёни тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳузур надоранд ва аз сӯҳбати телефонӣ бо муҳоҷирон худдорӣ мекунанд.

Ӯ гуфт: “Хоҳӣ-нахоҳӣ гапи дину диндорӣ зуд-зуд мехезад. Пештар ба ҳузур ба муллоҳои маҳалла занг зада, дар ин ё он масъала савол медоданд. Ҳоло дигар муллоҳо метарсанд, ки ба зангҳои телефонӣ посух диҳанд. Онҳоро ҳам фаҳмидан мумкин аст. Вақте дигар муллоҳои тоҷик ҷавоб намедиҳанд, дар Google мекобем. Ё ҷавобро ба русӣ аз муллоҳои доғистонӣ дар интернет пайдо мекунӣ ва аз каналҳои эрониву афғонӣ, ки барои суниҳо пахш мешаванд.”

Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ гурӯҳҳое вуҷуд дорад, ки ба суолу ҷавоби динӣ машғуланд ва гоҳо муҳоҷирон ба суолҳои худ аз он ҷо низ посух мегиранд. Соҳибони чунин саҳифаҳо аксаран маълум нестанд, вале хеле фаъолона дар баҳсҳои динӣ иштирок мекунанд.

Коршиносон: Аксари баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мазҳабинад

Коршинсони тоҷик мегӯянд, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло пур аз баҳсҳои мазҳабианд ва мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки шарҳнависон низ хеле эҳсосӣ ҳастанд.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ рӯзи 31-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зоҳиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар махзанҳои интернетӣ ифротиён аз ҳама талоши бештар доранд, чун ин ҷо метавонанд, бидуни тарсу ҳарос кор кунанд ва хавфи боздошту ошкор шуданашон камтар аст.

Ӯ гуфт: “Майдони муборизаи динӣ холӣ шудааст ва ҷой ба ифротиҳо дода шудааст. Мо танҳо як кор карда метавонем, ки ба ҷои як маводи ифротгароӣ бояд даҳ маводи хуб гузорем. Вақте бача дар Google ҷустуҷӯ мекунад, маводи хуб нисбат ба бад бештар мебарояд ва ӯ онро мехонад. Вагарна, дар ин роҳ, бо бастани интернет мо муборизаро бой медиҳем. ”

Нигаронӣ аз таваҷҷӯҳи бештар ба матлабҳои интернетӣ, ки ба гуфтаи масъулон, хусусияти ифротӣ доранд, дар ҳолест, ки ҳоло мақомот талош доранд, маъвизаҳои рӯҳониёнро аз масҷид ба саҳифаҳои иҷтимоӣ биёранд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор хатиб ва имомхатиб фаъол аст ва “Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” (IWPR) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин ба рӯҳониён тарзи кор дар шабакаҳои иҷтимоиро меомӯзанд.

То кунун 125 рӯҳонӣ кор дар шабакаҳои иҷтимоиро омӯхтаанд, вале ҳамоно ҳузури онҳо дар шабакаи ҷаҳонӣ чашмрас нест.

Дар Тоҷикистон тибқи иттилои расмӣ беш аз се миллион корбари интернет сабт шудааст.