68 дарсади аҳолӣ барномаи телевизионҳои дохилиро хуш надорад

Як пажуҳиш муайян кардааст, ки бахши умдаи аҳолии Тоҷикистон аз телевизионҳои моҳвораӣ истифода мекунад ва кайҳо аз тамошои шабакаҳои телевизиони маҳаллӣ дур шудаанд.
Хитобҳои “ман кайҳост, телевизиони Тоҷикистонро тамошо намекунам”, агар то ҳоло таъкиди ноқаноатмандии афроди пешрафта ва серталаб шумурда мешуданд, ҳоло пояи илмӣ пайдо карданд. Ин ҳам маълум шуд, ки чунин афрод ангуштшумор нестанд.

Созмони иҷтимоии “Хома” зери сарпарастии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар пажуҳиши бозори маҳсулоти телевизионии Тоҷикистон ошкор кард, ки 68 дарсади аҳолӣ намоишҳои шабакаҳои дохилиро хуш надорад ва ба барномаҳои шабакаҳои моҳвораӣ тарҷеҳ медиҳад.

Шаҳло Акобирова

Шаҳло Акобирова, раҳбари созмони мазкур рӯзи душанбеи 8-уми июл, зимни муаррифии натиҷаҳои пажӯҳиш гуфт, дар ҳоле ки телевизионҳои давлатӣ ва мустақил дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз ба бинанда беш аз 200 соат барномаҳои сиёсӣ ва фароғативу иҷтимоӣ пешниҳод мекунанд, аксари ин барномаҳо бинандаи хеле кам доранд. « Имрӯз бинандаи тоҷик моҳвора ва аз тариқи wi-max-у интернет шабакаҳои hd-ро тамошо мекунад. Ноҳияҳои наздимарзӣ бошанд, аксаран бинандаи шабакаҳои давлатҳои ҳамсояанд.» - гуфт Шаҳло Акобирова.

Ин ҳолат на танҳо ба муҳтавои намоишҳо бастагӣ дорад, балки бозори матолиби телевизионӣ ба гунаи сунъӣ дар ҳолати маҳдуд нигаҳдорӣ мешавад. Ба гуфтаи хонум Акобирова ин далел, ки ширкатҳо дар дарёфти иҷозатнома барои истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ, бо мушкил мувоҷеҳанд, аз 31 чунин ширкат ҳамагӣ 5-тои он ба таври қонунӣ фаъолият доранд. Рушди кунди бозори миллии маводи аудиовизуалӣ ва ҳам мушкилоти кадрӣ, ба камрангии барномаҳои телевизионии Тоҷикистон боис шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки 90 дарсади раҳбарияти телевизионҳои кишвар иқрор кардаанд, ки аз тахассуси кормандони худ розӣ набуда, ҷонибдори бозомӯзӣ шудани онҳоянд.

Қурбони Аламшо, раиси медиа-маркази Помир дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он, ки телевизион яке аз муассиртарин расонаҳои гурӯҳист, барномаҳои телевизионҳои давлатӣ, ки аз тариқи моҳвора дар минтақаҳо пахш мешаванд, ниёз ба комил шудан доранд. Ӯ мегӯяд, «дар телевизонҳои давлатии Тоҷикистон, аксари мавзӯъҳои доғи сиёсиву иҷтимоӣ аз мадди назар дур мемонанд ва тарзи таҳияи барномаҳо низ диққат ҷалбкунанда нест. Бо назардошти тими бузурги коргарон дар ин телевизонҳо мешуд корро чандин маротиба беҳтар анҷом дод, аммо дар асл мебинем, ки аксаран барномаҳо такрор мераванд. Ман ҳатто мушоҳида кардам, ки барномаҳои хабарӣ баъзан дар вақту соати муайян пахш намешаванд, ки ин муносибати ҷиддӣ надоштанро нишон медиҳад.»

Қурбони Аламшо мегӯяд, мутаассифона дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон сокинон ба телевизонҳои мутсқил дастрасӣ надоранд, аз ин хотир бештар аз шабакаҳои телевизионҳои хориҷӣ истифода мекунанд.

Гуфта мешавад, феълан дар Тоҷикистон, 15 телевизиони мустақил барнома пахш мекунанд, ки аксарияташон дар вилояти Суғд ҷойгир шудаанд.

Аммо Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси созмони иҷтимоии «Хома» мегӯяд, бо вуҷуди он, ки хоҳишмандони таъсиси шабакаҳои мустақили телевизионӣ дар кишвар зиёданд, ба иллати дарёфт накардани муҷаввиз наметавонанд фаъолияти худро ба роҳ монанд. Ин ҳуқуқшинос мисол меорад, ки ҳатто яке аз чунин телевизонҳо 15 бор барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат кардааст. Вай меафзояд, «дар қонун барои гирифтани иҷозатнома омадааст, ки барои довталабе, ки додани иҷозатнома рад карда мешавад, бояд мақомоти дахлдор тариқи хаттӣ сабаби рад карданро шарҳ бидиҳад. Аммо тадқиқоти мо нишон дод, ки ба ин довталабон танҳо тариқи шифоҳӣ ҷавоби рад дода шудааст ва мутаносибан онҳо наметавонанд, барои дифоъ аз ҳаққи худ ба додгоҳ муроҷиат кунанд.»

Нозирони умур мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки аудиторияи телевизионҳои мустақил дар кишвар 3 миллиону 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, дар сурати дастгирӣ ёфтан аз сӯи ҳукумат метавонад халои иттилоотиро дар кишвар пур кунад.

Зинатулло Исмоилов

Зиннатулло Исмоилов, раҳбари Анҷумани истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандаҳои маводи аудиовизуалии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоле, ки кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ барои рушди шабакаҳои мустақили телевизионӣ маблағҳои зиёд ҷудо мекунанд, Тоҷикистон дар ин замина аз ҳеҷ иқдоме кор нагирифтааст: «Ба хусус дар ин рӯзҳо, ки гузариш ба пахши рақами ҷараён дорад, тақдири телевизионҳои мустақил ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад. Ин раванд метавонист боиси боло рафтани иқтидори эҷодиву молиявии ин шабакаҳо бигардад ва ҳамчунин барои бо иттиллооти зиёду алтернативӣ роҷеъ ба рӯйдодҳои маҳал дастрасӣ пайдо мекарданд. Бовар дорам ин фақат ба нафъи амнияти иттилоотии Тоҷикистон мебуд. »

Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар як соли ахир барои фаъолияти панҷ ширкати радио ва телевизиони маҳаллӣ иҷозат дода, ҳамзамон чандин дархост, аз ҷумла аризаи ширкати расонаии «Азия плюс» ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷиҳати ташкили шабакаи телевизионӣ рад намудааст.