Ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон 100 мошини зиреҳпӯш ва тонкҳо ворид шудааст. Ярослав Рошупкин, сухангӯи пойгоҳи 201 Русия дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳама мошинҳои ҳарбӣ аллакай вориди Тоҷикистон шудааст ва онҳо бахше аз барномаи навсозии пойгоҳи низомии базаи ҳарбии Русия мебошад. Вай гуфт, ки муҳимоти нави ҷангӣ бар ивази зиреҳпӯшҳои кӯҳна оварда шудаанд. Ба саволи радиои Озодӣ дар бораи ин ки то куҷо таҳдидҳои амниятии эҳт имолӣ метавонад сабаби нав шудани техникаи ҳарбии пойгоҳи 201 Русия бошад? – ӯ гуфт:
«Модернизатсия аз рӯи нақшаи аз пеш тарҳрезишуда ҷараён мегирад. Дар бораи ин нақша ҳанӯз дар оғози соли ҷорӣ фармондеҳи нирӯҳои ҳавзавӣ генерал Владимир Заруднитский ҳам хабар дода буд. Ин навсозӣ дар қисмҳои ҳарбии дигари саросари Русия ҳам ҷараён дорад ва пойгоҳи низомӣ ҳам истисно нест. Ҳар сари чанд бояд ки техникаи низомиаш нав карда шавад».
Рошупкин гуфт, ки ин танҳо бахши кор аст. «Дар бораи навсозии комили техникаву муҳимоти низомии пойгоҳ сӯҳбат кардан барвақт аст. Муддате аз ин пеш автомобилҳои навъи «Урал», техникаи навтарини мухобиротӣ, силоҳи нави оташфишон бурда шудааст. Дар маҷмӯъ, ҷараёни навсозии пойгоҳ идома дорад».
Ба иттилои расмӣ, зиреҳпӯшҳои нав аз навъи БТР-82А ва тонкҳои Т-72Б1 мебошанд. Ин ҳама муҳимот тавассути роҳи оҳан вориди Тоҷикистон шуда, бо ҳамин роҳ мошинҳои ҳарбии навъи кӯҳна ба Русия баргардонида шуданд.
Аз рӯи тасмими дигар, қарор аст низомиёни пойгоҳи 201 Русия «дар фурсати наздик» дар пойгоҳи Сумбулаи Тоҷикистон як размоиши нави низомиро барпо кунанд. Охирин размоиши бузургҳаҷми низомии нирӯҳои муштараки Тоҷикистону Русия моҳи марти соли ҷорӣ бо ҷалби 50 ҳазор сарбозу афсар дар чанд майдони низомии Тоҷикистон, аз ҷумла Сумбулаву Лоҳур ҷараён гирифт.
Пойгоҳи 201 Русия бо ҳудудан 7 ҳазор низомӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Қӯрғонтеппа ҷойгир аст ва он азимтарин пойгоҳи низомии русӣ дар хориҷа ба ҳисоб меравад. Қисми низомии пойгоҳ дар шаҳри Кӯлоб баъди мувофиқати ҷонибҳо ва ҳам дар паи шикояти сокинони маҳаллӣ аз наздик будани полигони ҳарбӣ ба манзилҳояшон берун бурда шуд. Соли 2012 дар паи як дидори президентони Тоҷикистон ва Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе қарордоди будубоши пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шуд.
Масъалаи ҳузури пойгоҳи русӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳамеша аз мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи таҳлилгарону коршиносон мебошад. Мақомоти тоҷик зарурати ҳузури нирӯҳои русиро дар қаламравашон дар шароити афзоиши таҳдидҳои экстремистиву террористӣ ба кишвар хеле муҳим арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, аз рӯи қарордоди ахири миёни ду ҷониб, Русия ироаи кӯмакҳои низомиашро ба Тоҷикистон идома медиҳад. Яке аз бахшҳои ин ҳамкориҳо – кӯмак дар навсозии артиши Тоҷикистон ва таъмин бо техникаи ҳарбӣ аст. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 км марзи муштарак дорад ва ба эътимоди коршиносон, афзоиши ноамниҳо дар Афғонистон, таҳдиди гурӯҳҳои шӯришии мисли Толибон ва «Давлати исломӣ», ки дар марзҳои шимолии ин кишвар ҳам фаъол ҳастанд, Тоҷикистонро ба тақвияти ҳамкориҳо бо Русия водор мекунад.