Арӯсиҳои замонавӣ: "То дрон наёред, тӯй намекунам"

Дар Тоҷикистон тамоюли наворбардоии тӯйҳои арӯсӣ бо дрон ё ҳавопаймои бесарнишин муд шудааст ва аксари духтарҳо дар баробари талабҳои дигар, ёфтани дронро низ ба вазифаҳои домод илова кардаанд.

Дрон - дастгоҳи сабти хурди паррон, ҳамакнун дар Тоҷикистон ҷойи дастгоҳҳои бузургҳаҷм ва наворбардоронро танг мекунад. Истифодаи ин гуна дастгоҳ миёни навхонадорони пойтхат ба як гаҷети доимии базми арӯсӣ табдил ёфтааст. Зеро сабти модерни тӯй тавассути ҳамин дастгоҳ орзуи домоду арӯси замони имрӯз дар Тоҷикистон аст, ки мехоҳанд лаҳзаи хушбахтии зиндагиашонро ҳирфавӣ ва ҷолиб ба навор бигиранд. Чунин дронҳоро барои истифода дар тӯю маросим ширкатҳои махсус бар ивази 200 доллар ба хоҳишмандон пешниҳод мекунанд. Дронҳо ба фарқ аз дастгоҳҳои маъмулии сабт аз боло ва аз зовияҳои гуногун муҳиттро тасвир мекунанд.

Ин ширкатҳо мегӯянд, истифода аз дронҳо ба он хотир роҳат аст, ки таи ду соли охир навхонадорон бештар ақди никоҳи худро на дар бинои Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ва ё худи тарабхонаҳо, балки дар боғҳо ва ҳавои кушод анҷом медиҳанд. Азамат, раҳбари ширкати “Ҳусейниён Продакшн” гуфт, аксарияти ҷавонон мехоҳанд маросими тӯяшон фарқкунанда бошад, аз ин хотир, ба ҳар як ҷузъиёти тӯй идеяи худро ворид мекунанд. Масалан, яке аз домодҳо марсоими тӯяшро дар эфири радио ба шакли зинда баргузор кард, нафари дигар, ки футболбоз аст, дар майдони барҳавои футбол бо арӯси худ ақди никоҳ кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"То дрон наёред, тӯй намешавам"

Азамат мегӯяд, ҷавонон ҳамқадами замон ҳастанд ва талош мекунанд ин лаҳзаҳои ҳаётро на ба шакли суннатии қабулшуда, балки бо шикасти қолабҳо хотирмон бигзаронанд. Зимнан дар ин охирҳо, вижагиҳои тӯи навҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон торафт бештару рангинтар мешавад. Акнун дар баробари домоду арӯс, ки либосҳои фарқкунанда доштанд, ҳоло дӯстони онҳо низ ба таври гурӯҳӣ либосҳои махсусро интихоб мекунанд. Ин либосҳо аз толорҳои арусӣ вобаста ба қаду андомашон интихоб мешаванд ва иҷораи ҳар яке аз ин либсоҳо сад сомонӣ қимат дорад.

Саида Илҷонова, соҳибкори толори арӯсии "Зебо", бо вуҷуди он ки наздики 13 сол дар ин толор кор мекунад, мегӯяд, то рафт қонеъ кардани хостаҳои арӯсон мушкил мешавад. Вай мегӯяд, дар чанд соли охир талаботи онҳо дар нисбати шакли пероҳанҳои арусӣ барои худу дугонаҳояшон тағйир ёфтааст. Саида мегӯяд, дар гузашта кор бо арӯсон осон буд, ҳоло бошад, аксарият замонавӣ шудаанд. Агар қаблан танҳо арӯс барои худ либос интихоб мекард, имрӯз барои дугонаҳояш низ фармоиш медиҳад. "Ба наздикӣ як муштарӣ наздам омад, куртаи чакан суроғ кард. Вақте ман аз онҳо суол кардам, ки чаро чакан меҷӯед? - гуфтанд, ки мехоҳанд ба ҳангоми фотосессия дар Хонаи ақди никоҳ ҳамаи дугонаҳо либоси якхела дошта бошанд".

Дар як гашту гузори маросими тӯи арусӣ, ки дар Боғи ботаникии шаҳри Душанбе мушоҳида кардем, дугонаҳои арӯс дар тан либосҳои якхелаи рангаш нофармон доштанд. Яке аз дугонаҳои арӯс дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ин мӯди нав ихтирои онҳо набуда, балки баргирифта аз фарҳангҳои роиҷи кишварҳои хориҷӣ, бахусус аз Амрикост. Ин духтар гуфт, пеш аз арӯсӣ нақшаи баргузории ҷашн ва ҳам ҷиҳатҳои ташкиливу намуди зоҳирии дӯстони наздики шаҳу арӯсро танзим кардаанд. "Бароямон муҳим буд, ки дар базми арусӣ аз дигарон фарқ кунем ва маълум бошад, ки мо дугонаҳои арӯс ҳастем", гуфт ӯ.

Ин мӯд дар ҳолест, ки солҳои охир мақомоти Тоҷикистон бо тасвиби Қонуни танзими расму анъана зиёд талош карданд, то баъзе аз бахшҳои базми хонадоршавии ҷавонҳоро ихтисор намуда, харҷи сокинонро камтар созанд. Аз ҷумла дар ин қонун гуфта мешавад, барои расидан то идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳамагӣ чор худрав кофист. Дар ҳоле, ки дар гузашта гоҳо корвони мошинҳо то ба 10-15 мошин баробар мешуданд. Зимнан, ҳамин қонун ҳам як мӯди нави дигареро эҷод кардааст, ки гоҳо худи домоду арӯс сари чанбари мошин мешинанд ва ба саёҳати шаҳр мебароянд.