Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 10-уми октябр Сӯҳроб Зафарро ба сӣ сол зиндон маҳкум кард. Баъзе аз созмонҳои мухолиф озодии фаврии ӯро хоста, аз кишварҳои ғарбӣ даъват карданд, ки барои ислоҳи вазъ ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биоранд. Мақомот то ҳол ҷузъиёти парванда ва айбномаи Сӯҳроб Зафарро нагуфтанд.
"Пурсидам, ки куҷоянд ҳамон муҳоҷирон?"
Оиша Мирзоева рӯзи 24-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ҳукми писарашро ноодилона ва бераҳмона хонд. Бо ин ҳол, ба гуфтааш, ният надоранд, ки ба зидди ҳукм шикоят кунанд: “Фоида надорад. Ҳангоме ки додситон 30 сол зиндон талаб кард ва додрас бе ягон тағйирот ҳамонро дод, чӣ интизор шудан мумкин?”
Мурофиаи Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов, фаъоли дигари “Гурӯҳи 24”, дар Боздошгоҳи рақами яки Душанбе паси дарҳои баста гузаштааст. Оиша Мирзоеа мегӯяд, ӯ ва пайвандони дигар дар ҷараёни муҳокимаи Сӯҳроб Зафар ширкат доштанд, вале қабл аз эълони ҳукм аз толор берун карда шуданд.
“Хабар оварданд, ки Сӯҳроб ба 30 сол ва Насимҷон ба 20 сол зиндон маҳкум шудааст. Сахт ҳайрон шудам. Додситон сӣ сол пурсида буд. Интизор доштам, додгоҳ ба ҳайси ниҳоде, ки одилона ба қазияҳо расидагӣ кунад, ҳатман чанд соли онро кам мекунад. Афсӯс, ин тавр нашуд,” – афзуд Оиша Мирзоева.
Ӯ гуфт, дар ин муддате, ки парвандаи Сӯҳроб Зафар баррасӣ ва муҳокима шуд, вакили мудофеъ надошт. Ҳатто вакили мудофеи давлатӣ ҳам.
“Ҳамаи айбҳо, аз ҷумла гуё экстремист будан ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъро рад кард. Гуфт, ки ҳеч гоҳ ба ватанаш хиёнат накардааст. Тарбияи дуруст дида, ҳаққи касеро нахӯрдааст. Ҳамеша муҳоҷиронро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ кардааст. Ҳамон лаҳза ман луқма партофтам, ки куҷоянд ҳамон муҳоҷирон? Чаро ҳозир дар паҳлӯят нестанд? Гуфт, оча, ором шавед,” – нақл кард Оиша Мирзоева.
Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, фаъоли ин созмони мухолифи ҳукумат, дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд. Додситони кул Юсуф Раҳмон баъди қариб ним сол дар Тоҷикистон будани онҳоро тасдиқ кард. Дар ҳоле ки мақомот чӣ гуна дастгир ва аз Туркия ба Тоҷикистон овардани онҳоро нагуфтанд, "Гурӯҳи 24" қазияро "дуздӣ" номид.
Сӯҳроб Зафар аз соли 2014 дар Туркия мезист. Вай дар гузашта, аз ҷумла соли 2018, чанд дафъа дар Туркия дастгир, вале озод гардида буд. Насимҷон Шарифов аз соли 2015 дар Туркия мезист ва ба камияш се бор дастгиру раҳо шудааст. Ӯ соли 2018 беш аз ду моҳ дар боздоштгоҳ буд.
Созмони "Гурӯҳи 24", ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” аст. То ин дам даҳҳо нафарро ба гуноҳи пайравӣ аз он дар Тоҷикистону Русия дастгир ва бархеро ба муддати дароз зиндонӣ кардаанд. Намояндагони созмон фаъолияти худро дурусту сиёсӣ меноманд.