Модар мегӯяд, писари наврасаш ғайриқонунӣ боздошт шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маҳпора Киромова, рӯзноманигори тоҷик, шикоят дорад, ки нозирони милиса дар Душанбе рӯзи 20-уми ноябр ҳуқуқи писари 14-солаашро поймол кардаанд. Ба нақли ӯ, писараш “бо истифода аз зӯр дастгир ва ҷайби ӯ бе ҳузури шоҳидон кофтукоб шудааст”. Дар идораи милиса касе масъаларо шарҳ надод.