Тақрибан ҳамаи ширкатҳои фаъол дар бозори телефонҳои ҳамроҳи Тоҷикистон расидани моҳи шарифи Рамазонро ҳамчун фурсате дигар барои ҷалби муштарии ҳарчӣ бештар истифода мекунанд. Ва асосан аз тариқи таблиғи хидматрасониҳои вижаи марбут ба ин моҳ
Ширкати Takom, ки дар бозори Тоҷикистон таҳти тамғаи “Beeline” фаъолият дорад, дар оғози моҳи Рамазон барои муштариёнаш дар ин кишвар хидматрасонии вижаеро бо СМС пешниҳод кардааст. Ин хидматрасонии ҷадид ирсоли тақвими соати намозҳо барои муштариёни ширкатро аз тариқи СМС дар назар дорад. Ин тақвим аз пеш аз сӯи Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон тасвиб шудааст.
Beeline, ки дар Тоҷикистон тақрибан 1,3 миллион муштарӣ дорад, мегӯяд, СМС-ҳояш бо тақвими намозҳо дар моҳи Рамазон дар тӯли тамоми моҳи шарифи Рамазон, яъне то 17 июл маҷҷонӣ буда, аз он ба баъд барои муштариён дар рӯз 20 дирам нарх хоҳад дошт.
Аммо анъанаи “хидматҳои рамазонӣ” дар бозори телефонҳои мобили Тоҷикистон аз як навъ хидматрасонии ширкати “Вавилон-Мобайл” оғоз мегирад. Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкат рӯзи 18 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “Вавилон” чанд сол боз дар моҳи Рамазон ба тамоми муштариёнаш вақти кушодани рӯзаву вақти бастанашро мефиристад: “Ин СМС-ҳо ҳар субҳу ҳар шом бепул ирсол карда мешаванд. Ба ҳамаи муштариён дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон.”
“Вавилон-Мобайл” бо тақрибан 3,5 миллион муштарӣ пештозтарин ширкат дар бозори мобили Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ҷои дувум ширкати “Тсеll” истодааст, ки гуфта мешавад, 3,3 миллион муштарӣ дорад.
Парвиз Раҳматуллоев, раҳбари бахши иртибот бо матбуоти ширкати “Тсеll”дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ қабл аз ҳама аз як кори савобе, ки дар ду дафтари марказии ин ширкат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе дар моҳи Рамазон ба роҳ андохтаанд, қисса кард: “Дар ҳарду дафтари марказии “Тсеll” барои онҳое, ки дар соати кушодани рӯза дар роҳ мондаанд, бастаҳои махсус бо як шиша обу ягон навъ ширинӣ гузоштаем. Ин маърака то поёни моҳи Рамазон давом хоҳад кард.”
Парвиз Раҳматуллоев гуфт, онҳо низ тақвими соатҳои намозро таҳия кардаанд, ки муштариён чӣ аз тариқи СМС ва чӣ дар шакли чопӣ метавонанд дарёфт кунанд.
Аммо ширкати русии “Мегафон –Тоҷикистон” дар моҳи Рамазон бештар ду тарифи наваш – “Гап” ва “Лаббай”-ро таблиғ мекунад. Ҳарду тариф ҳамчун “Белимити ҳақиқӣ” муаррифӣ мешаванд, ки дар чорчӯби он гуфтугӯҳо дар дохили шабакаи “Мегафон-Тоҷикистон” бепул буда, ҳар дақиқаи сӯҳбат бо шабакаҳои дигар барои муштарӣ 6 дирам тамом мешавад. “Мегафон” мегӯяд, дар Тоҷикистон 1,8 миллион муштарӣ дорад.
Дар бозори телефонҳои ҳамроҳ ва Интернети Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 10 ширкат фаъолият доранд.