Аксиз+молиёти миёншикан=фирори маблағҳо аз Тоҷикистон

Ҳарчанд рушди соҳаи мухобирот дар Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок пазируфта шудааст, вале мизони болои молиёт рушди босуръати онро бозмедорад.

Маркази таҳлилии «Контент" гуфтааст, ки баъди ду соли ҷорӣ шудани андози седарсадаи аксизӣ ба алоқаи мобилӣ, аввалин ходисаҳои фирори маблағҳо аз кишвар ба мушоҳида расид.
Пажӯҳиши ин марказ, ки ахиран дар Душанбе муаррифӣ шуд, мегӯяд баъзе ширкатҳои мобилӣ ва таъминкунандаи интернети Тоҷикистон пулҳои худро дар хориҷ сармогузорӣ мекунанд. Ин пажуҳиш дар бораи миқдори маблағҳои хориҷшуда аз Тоҷикистон ва кишварҳои мавриди сармоягузорӣ иттилои дақиқ надодааст, аммо гуфта мешавад, ки ин маблағҳо аз 60 то 100 миллион доллар будаанд.

Бо назардошти таъсири номатлуби аксизи седарсада ва афзоиши молиёт ба бизнеси ширкатхои мобилӣ дар Тоҷикистон, намояндагони арсаи мухобирот пешниҳод карданд, ки дар ивази андози аксизӣ давлат ширкатҳои мобилӣ ва дастраскунандаи интернетро аз пардохти литсензионӣ озод кунад.

Аксиз як навъи андоз аст, ки маъмулан аз молу ашёҳои зарарнок, мисли машрубот, тамоку ва маҳсулоти монанд ба ин ба фоидаи будҷаи давлат ситонида мешавад.

Зафар Абдуллоев - раҳбари маркази таҳлилии «Контент»

Зафар Абдуллоев, роҳбари маркази таҳлилии «Контент», зимни муаррифии ин пажӯҳиш гуфт, ҳарчанд андози аксизӣ дар маҷмӯъ ба некӯаҳволии мардум ва болоравии нархҳои алоқаи мобилӣ ва интернет таъсири манфӣ нарасонидааст, вале баъзе аз гурӯҳҳои алоҳидаи муштариёнро зери фишор гузоштааст. «Дар низоми андозбандии Тоҷикистон дар амал «аксизи дукарата» вуҷуд дорад. Пас аз ҷорӣ шудани ин намуди андоз аввалин маротиба ҳодисаи гурези сармояи дохилӣ ба лоиҳаҳои хориҷӣ ба мушоҳида расидааст», - гуфт Зафар Абдуллоев.

Дар пажӯҳиши мазкур омадааст, ки намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ аз имконоти ширкатҳои мобилӣ ройгон истифода мекунанд ва ба онҳо амр кардаанд, ки дар чорабиниҳои берун аз доираи фаъолияти ширкатҳо иштирок кунанд. Барои намуна, ширкатҳои мобилиро водор кардаанд, ки сохтмони мактаб, варзишгоҳу музейҳоро сармоягузорӣ кунанд. Бар пояи ин пажӯҳиш, ҳар кадом аз ширкатҳои мобилӣ ба маблағи аз 500 то 1 миллион доллари амрикоӣ саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун"-ро харидорӣ кардаанд.

Асомиддин Атоев - роҳбари Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернет

Асомиддин Атоев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернет, мегӯяд, рушди соҳаи мухобирот дар Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок пазируфта шудааст, вале мизони болои молиёт рушди босуръати ин соҳаро бозмедорад: «Таассуроти ман ин аст, ки Кумитаи андоз он соҳаҳоеро, ки рушд мекунанд, бо боло бурдани андозбандӣ калтаккӯб мекунад. Чунки чор сол мешавад, маҳз ширкатҳои мобилӣ ғолибони озмуни беҳтарин андозсупоранда эълон мешаванд, вале бар ивази чунин шаффофият боз ҳам андози ин соҳа боло бурда мешавад.»

Ба гуфтаи Атоев, чунин муносибат ба ширкатҳои итоаткори қонун ширкатҳои дигарро ба пинҳонкорӣ, рӯйпуш кардани андозҳо ва вайрон кардани қонун ҳавасманд мекунад.

Аммо Завқибек Сиддиқов, намояндаи Кумитаи андози Тоҷикистон, натиҷаҳои ин пажӯҳишро бепоя хонд ва гуфт: «Ширкатҳое, ки барои корҳои хайрия пул сарф мекунанд, аз як қисмати андозбандӣ озод карда мешаванд. Мешавад гуфт, ки ин хайрияҳоро онҳо аз ҳисоби давлат мекунанд.»

Завқибек Сиддиқов - намояндаи Кумитаи андози Тоҷикистон

Ҷаноби Сиддиқов афзуд, ки бо ҷорӣ шудани андози аксизӣ низ ширкатҳои мобилӣ солро бо фоидаи ҳангуфт ҷамъбаст кардаанд ва аз фаъолияти солона садҳо миллион доллар даромад ба даст оварданд. Бинобар ин, ба гуфти ӯ , "дар сурати набуди андози акзисӣ ҳам ширкатҳои мобилӣ аз даромадашон 25 дарсад андоз месупуданд ва ба истилоҳ «ду понздаҳ як сӣ мешуд.»

Дар даҳсолаи охир мухобирот дар Тоҷикистон дар қисё бо соҳаҳои дигар рушди чашмгире дорад. Ширкатҳои мобилӣ ва таъминкунандагони интернет аз ташкилотҳои муваффақ ва сердаромад унвон мешаванд. Аммо, ду сол қабл, пас аз як баромади президент Раҳмон дар марвиди зараровар будани телефонии ҳамроҳ ва харҷи зиёди мардум барои алоқи мобилӣ, рекламаи ширкатҳои мобилӣ аз телевизионҳои давлатӣ ғайб зад ва таблоҳои таблиғотии ин ширкатҳо аз сари ҷодаҳо барчида шуданд.

Дар пайи интиқоди президент андози нави седарсадаи аксизӣ ҳам ҷорӣ карда шуд, ки сарбории андозро ба сари ширкатҳои мобилӣ афзун кард. Ҳарчанд ҷорӣ кардани андози аксизиро мақомот барои пур кардани будҷаи давлат ногузир унвон кардаанд, аммо аз сӯи дигар парлумони кишвар чандин ширкатро, ки моликонашон мушаххас нест, бо ишора ба фоидаовар будани фаъолияти онҳо аз молиёт озод кард.