Дар Тоҷикистон номи барандаи озмуни минтақавии беҳтарин идея барои эҷоди замима ва ё апп барои телефонҳои ҳушманд маълум шуд.
Озмуни минтақавӣ дар миёни 12 кишварҳои аврупои шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказиро mLab ECA эълон карда буд, ки ин марказро Бонки Ҷаҳонӣ бо ҳамкории ҳукумати Финландия ва ширкати маъруфи Нокиа таъсис додаанд. Аз 200 пешниҳоде, ки ба ин озмун расид, 30 дар сади онҳо аз Тоҷикистон буданд ва яке аз барандагони озмун имкон доранд, дар даври ниҳоӣ 10 ҳазор доллар барои идомаи корҳояшон ҷоиза бигиранд. Дар ин бора сӯҳбате доштам бо Ҷаъфар Осимов ҳамоҳансози озмун дар Тоҷикистон ва нахуст аз ҷузъиёти он пурсидам:
Ҷаъфар Осимов: Озмуни мазкур аз ҷониби Лабораторияи Мобилии Минтақавии кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз (mLab ECA) дар ҳамдастӣ бо ширкати ҷаҳонии Nokia ва ҳукумати Финляндия ташкил карда шудааст. Яке аз мақсадҳои озмун баланд бардоштани рақобати барномасозӣ дар 12 кишварҳои минтақа мебошад. Дар озмун фикрҳои нав, тарзи тарҳрезии дар сохти барномаҳои мобилӣ омӯхта мешавад ва албатта барномаи беҳтарин қадрдонӣ хоҳад шуд. Дар Тоҷикистон контент-провайдери ватани «Зервана» шарики озмуни минтақавӣ интихоб шудааст. Чунин озмун дар Тоҷикистон ва дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аввалин маротиба гузаронида мешавад. Дар семинаре, ки аз тарафи ширкати «Зервана» гузаронида шуд, барномасозон ва истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ, ки дониши барномасозӣ надоштанд, иштирок карданд. Мо барои нафароне, ки барои сохтани барномаи хуби мобилӣ фикрҳо доштанд, вале бо сабаби барномасоз набуданашон имконият надоштанд, бо барномасозон таъмин намудем, ки барномаи онҳо ба кор дарояд. Барномасозони ҷавон метавонистанl аз хамкасбҳои ботаҷрибаи худ омӯзанд ва ё бо ҳамҷоягӣ барнома созанд.
Озодӣ: Чанд нафар довталаб дар ин озмун ширкат карданд ва идеяҳояшон чӣ гуна буд?
Ҷаъфар Осимов: Озмунро мо рӯзи 12 апрел бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот эълон кардем. Азбаски мо медонистем, ки барномасозони барномаҳои мобилӣ дар кишварамон кам ҳастанд, мо озмунро ҳам барои барномасозон ва ҳама хоҳишмандони дигар боз кардем. Ба андешаи мо, фикрҳои хуб на танҳо ба сари мутахассисон меояд, балки ба сари ҳар як нафаре, ки бо смартфон ва ё планшет кор мекунад. Дар давоми дуюним ҳафта мо идеяҳои довталабонро аз тариқи сомонаи интернетиамон қабул кардем. Аз тамоми 12 кишвар, ки дар озмун иштирок доштанд, ҳамагӣ 200 пешниҳод фиристода шуд, аз Тоҷикистон 61 идея барои эҷоди барнома пешкаш карда шуд. Боиси ифтихор аст, ки аз тарафи иштирокчиёни Тоҷикистон назар ба дигар кишварҳо, шумораи пешниҳодҳо бештар буд. Пешниҳодҳо гуногун буданд. Масалан, яке аз пешниҳодҳо ин барномаи мобилие, ки барои ба ҳамдигар иваз намудани бизнескортҳо, ё роҳнамои мобилӣ ва ё истифодаи ҳисоббарории абрӣ "cloud computing" ки дар барномаҳои мобилӣ барои таҳсил истифода бурда мешавад, пешниҳод шудаанд. Ҳамчунин бозори мобилӣ, таксии нав, фарҳанги забони тоҷикӣ, шабакаи иҷтимоии мобилӣ пешниҳод шудаанд.
Озодӣ: Киҳо дар озмун ғолиб омаданд?
Аз рӯйи қоидаи озмун, аз ҳар як кишвар як нафар ғолиб интихоб мешуд. Ба доварон интихоб кардани ғолиб кори бениҳоят душвор буд. Дар давоми якуним рӯз доварон ҳамаи пешниҳодҳоро, бо диққат омӯхта, баҳоҳои худро гузоштанд. Меъёрҳои баҳодиҳӣ чаҳорто буд: потенсиали пешниҳод, тозагӣ, яъне чунин барнома пештар набудааст, имконияти иҷрои пешниҳод, имконияти таҳиясозии техникӣ. Дар натиҷа, ғолиби озмун Ориф Орифов гардид, ки идеяш "mLearning as a Service", яъне истифода бурдани ҳисоббарории абри "cloud computing" дар барномаҳои таълимӣ аст. Се нафари дигар, ки пешниҳодашон овозҳои бештар гирифтанд, барои ҳавасманд шуданашон соҳиби тӯҳфаҳо, яъне смартфонҳои Android аз тарафи ширкати «Зервана» гардиданд. Ҳамин тариқ Шоҳрух Давлатов бо пешниҳоди "барномаи мобили математикӣ» (Math applications), Ҷамшед Қурбонов бо пешниҳоди барномаи "Baby help" кӯмаки ба волидайни ҷавон барои баланд бардоштани дониш ва таҷриба дар нигоҳубини кӯдак ва Маҳинахон Сулаймонова бо пешниҳоди платформаи тиҷоратии мобилӣ "m-Marketplace" соҳиби тӯҳфаҳо гардиданд. Дар Тоҷикистон мо гурӯҳҳои барномасозон, ки дар соҳаи сохтани барномаҳои мобилӣ фаъолият мекунанд шуморашон кам мебошанд, лекин ҳастанд. Дар ин замона ҳар як шахс барномасоз шуда метавонад. Тамоми маълумот барои сохтани барнома дар шабакаи Интернет дастрас аст. Барои омӯхтан танҳо вақт ва хоҳиш зарур аст.