Баъзе хешовандони чеҳраҳои саршинос, ки солҳои 1990-ум кушта шудаанд, баъди намоиши филми мустанади Вазорати дохилии Тоҷикистон, ки мегӯяд қотилонро ошкор кардааст, дарди фоҷеаи ду соли пешро дубора эҳсос карданд. Бархеи онҳо ин филмро фоқеъбинона ва баъзе ҳам бо шубҳа арзёбӣ карданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши мустанаде шоми 8-уми август афроди марбут ба Абдуҳалим Назарзодаро дар қатли рӯшанфикрони тоҷик дар солҳои навадуму дуҳазорум айбдор карда, гуфт, ки ин ҳама қатлҳоро Эрон сармоягузорӣ кардааст.
Деҳаи Латахорак дар дараи Алмосии водии Ҳисор воқеъ аст. Дар яке аз шабонгоҳҳои моҳи январи соли 1996 Фатҳуллохон Шарифзода,
Аммо хеле мехостам, ки нафарони воқеан гунаҳгор муҷозот шаванд, на гунаҳборкунӣ бошад. Мо набояд шири сафедро қасдан сияҳ бигӯем
муфтии вақти мусалмонони Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамсару келин ва як меҳмонаш аз Узбакистон дар ин деҳа кушта шуданд. Бархе мегӯянд, ин рӯҳонии маъруф дар солҳои ҷанги дохилӣ аз минбари масҷид хушунатҳои ҷанг ва аъмоли силоҳбадастонро маҳкум мекард, нораво будани истифодаи силоҳ бар зидди инсонро борҳо таъкид мекард.
Муфтӣ ҳамроҳ бо ҳамсару фарзандаш террор шуд
Аз қатли муфтӣ, ки он замон 54 сол дошт, 21 сол гузашт. Аҳмад Ҳайитови 80-сола, ки муфтиро аз наздик мешинохт, моро ба зиёрати қабри Фатҳуллохон Шарифзода роҳнамоӣ кард. Вай гуфт, ҷасади марҳум дар саҳни ҳавлии ҳамин масҷид дафн шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳайитов гуфт, агарчи муфтии собиқ дар синну сол аз ӯ ҷавонтар буд, вале дар байни мардум нуфуз дошт ва қатли ӯ такондиҳанда буд.
“Баъд аз чанд рӯзи ҳодиса пулис як ҷавони зодаи деҳаи ҳамсояро барои шиносоӣ ба ҷои ҳодисаи қатл овард ва ин ҷавон дар қатли муфтӣ ва хешовандонаш иқрор шуд”. Аҳмад Ҳайитов, ки аз пахши мустанади ВКД хабар дошт, дар робита ба иқрор шудани размандагони собиқи Абдуҳалим Назарзода дар ин қатл гуфт, “он замон касе кӣ будани Ҳоҷӣ Ҳалимро намедонист”.
Писари муфтии собиқ Файзуллохон Шарифзода, ки аз бемористон бо мо сӯҳбат кард, гуфт, фоҷеаи қатли бераҳмонаи азизонаш дар он солҳои бебандуборӣ ҳеҷ гоҳ аз дилаш зудуда нашудааст ва ҳоло, ки номи падараш бо мустанади ахир дубора вирди забонҳо шуд, захмҳои дили ӯ низ дилаш дигарбора тоза шуданд:
"Шаби қатл ман дар хона набудам, чун дар хориҷи кишвар таҳсил мекардам. Аммо ҳодиса нимашабӣ рух додааст ва касе ҳамлагаронро надидааст. Бар ин назарам, ки агар ҳоло на ҳама аз айбдорон дастгир шуда бошанд ҳам, бо талоши сохторҳои низомӣ шахсони дигар низ ба зудӣ паси панҷара хоҳанд рафт".
Иқрор дар ҷиноятҳои сангин
Филми мустанади Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се нафар - Тағоймурод Ашрапов, Абдуқодир Абдуллоев ва Саймуҳриддин Қудратов, ки мақомот мегӯянд, узви гурӯҳи собиқ фармондеҳи нерӯҳои мухолифин Абдуҳалим Назарзода буданд, қотил ва иҷрокунандаи ҳамлаҳои террористӣ ба рӯшанфикрону шахсиятҳои маъруфи ҷомеа муаррифӣ шуданд.
Иқрорҳои афроде, ки худро қотили рӯшанфикрон номиданд, баъди боздошти онҳо дар чаҳорчӯби тафтишот сурат гирифтааст ва тасдиқи дурустии ин иддаоҳо тавассути манобеи мустақил имкон надорад.
Рӯзи 10 август як масъули вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ду гумонбари қатл - Тағоймурод Ашрапов, Абдуқодир Абдуллоев ду моҳ пеш аз Русия истирдод шуда, дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳи худ иқрор шудаанд. Ҳанӯз парвандаи ин афрод ба додгоҳ нарафтааст.
"Чеҳраи қотили бадарро дидан намехоҳам"
Дар мустанади ВКД ба таври муфассал тарзи қатли собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев дар таърихи 30 марти соли 1999 тасвир шуд. Хонадони Кенҷаев, ки дар канори Душанбе зиндагӣ мекунад, шояд аз аввалинҳо шуда хулосаҳои тафтишоти мақомоти интизомиро дарёфт карданд.
Хосият Кенҷаева, духтари Сафаралӣ Кенҷаев мегӯяд, ба ӯ пешниҳод шуда буд, ки бо қотили падараш дар маҳбас мулоқот кунад. "Ман ин пешниҳодро напазируфтам, зеро аслан намехоҳам бо қотилони падарам рӯбарӯ шавам. Танҳо умед дорам, ки ин афрод тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ҷазо хоҳанд гирифт"- мегӯяд Хосият Кенҷаева.
Қатли падар - дардест, ки захмаш бедавост
Имрӯз пайвандони на ҳамаи рӯшанфикрони терроршуда қобили дарёфтанд. Наздикони бархе, мисли Муҳаммад Осимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистони шӯравӣ аксар дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебаранд. Дар хонаводаи Минҳоҷ Ғуломов, раиси Пажӯҳишгоҳи асабшиносии Тоҷикистон ёдоварии он ҳодисаҳо хеле дарднок аст ва онҳо талош мекунанд дар ин бора аслан сӯҳбат накунанд. Бархе дигар мегӯянд, ин парвандаҳои пурсару садо то ҳол суолҳои беҷавоби зиёд доранд.
Фаррух Исҳоқӣ, фарзанди Юсуф Исҳоқӣ, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистони шӯравӣ, ки ҳамроҳ бо Ғуломов террор шуд, гуфт, ҳаминро медонад, ки ин куштор тасодуфӣ не, балки фармоишӣ буд. Ӯ мегӯяд, "ман медонам қатли падарамро кӣ ташкил кард, умедворам шумо маро дарк мекунед ва дигар дар ин бора намепурсед."
Фаррух Исҳоқӣ дар гузашта гуфта буд, аз рӯи маълумоте, ки тавассути манобеи ҳифзи қонун ба дасташон расидааст, дар куштори падараш размандаҳои гурӯҳи Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба “Раҳмон Гитлер”, даст доранд. Ҳадафи онҳо - террори донишмандони саршинос ба хотири бесубот кардани вазъ дар кишвар ва эҷоди беэътимодӣ ба ҳукумат буд.
"Гунаҳборкунӣ набошад"
Мухтор Боқизода, раиси Созмони гиромидошт ва ҳифзи ҳуқуқи хабарнигорони тоҷик, ки дар гузашта мавзӯи қатлҳои пурсарусадо дар солҳои ҷанги тоҷиконро зиёд пайгирӣ кардааст. Вай мегӯяд, дар ин ҷараёнҳо хабари мусбат ҳамин аст, ки мақомот тафтишу таҳқиқи ҷиноятҳои пурсарусадову мармузро фаромӯш накарданд.
Айни замон, ба бовари ӯ, ин ҳақиқати ниҳоӣ нест: "Хуб аст, ки бо гузашти солҳо омилони қатлҳои чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон ошкор мешаванд. Аммо хеле мехостам, ки нафарони воқеан гунаҳгор муҷозот шаванд, на гунаҳборкунӣ бошад. Мо набояд шири сафедро қасдан сияҳ бигӯем."
Аз Шерализода то Афардӣ
Дар солҳои ҷанги дохилӣ ва баъд аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон даҳҳо чеҳраи саршиноси кишвар мавриди террор қарор гирифта буданд, ки миёни онҳо журналист Муродулло Шерализода, овозхон Кароматуллоҳи Қурбон, муовини нахуствазир Моёншо Назаршоев, додситони кулл Нурулло Ҳувайдуллоев, раҳбари Академияи илмҳо Муҳаммад Осимӣ, раиси Донишгоҳи тиббӣ Юсуф Исҳоқӣ, раҳбари клиникаи асабшиносӣ Минхоҷ Ғуломов, узви Комиссияи оштии миллӣ Отахон Латифӣ, раиси телевизиони давлатӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ, хабарнигори ОРТ Виктор Никулин, журналисти Би-би-сӣ Муҳиддин Олимпур, вазири фарҳанг Абдураҳим Раҳимов ва шахсиятҳои дигари шинохта буданд.
Ҳуқуқдонҳо ин қатлҳоро сиёсӣ унвон карда мегӯянд, ки аз даҳҳо парвандаи қатли чеҳраҳои саршинос, танҳо ду ё се парванда ба додгоҳ ирсол ва ҳукми гунаҳкорон эълон шудааст.