“Алло, 03? Биёед, ки хушдоманам мемирад...”

Кормандони Маркази ёрии таъҷилӣ ва Идораи оташнишонии шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯянд, соли равон “авбошҳои телефонӣ” бо даҳҳо занги бардурӯғ вақти қиммати онҳоро зоеъ карданд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар нӯҳ моҳи ахир Маркази ёрии таъҷилӣ ҳудуди 60 ва Маркази оташнишонӣ бар пояи 10 занги бардуруғи телефонӣ оҷилан ба по шудаанд.

Маркази ёрии таъҷилӣ мегӯяд, “авбошҳои телеофонӣ” бо воҳима аз сактаи қалби “модарарӯс” ва нафасгир шудани “ҳамсар” ба табибон хабар дода, кӯмаки оҷил талаб кардаанд. Табибони ёрии таъҷилӣ танҳо дар суроғаи таъиншуда дарк мекунанд, ки онҳоро боз фиреб додаанд. Ин дар ҳолест, ки Маркази ёрии таъҷилӣ бо имконоти маҳдуд фаъолият мекунад ва сафар ба суроғаи бардурӯғ ба қимати ҷони бемори воқеӣ анҷом мешавад. Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Қӯрғонтеппа 6 амбуланс ва навоҳии дигар ҳамагӣ 1 мошини ёри таъҷилӣ доранд.

Абдусаттор Қаландаров, як масъули Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи панҷшанбеи 11 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Телефон карда суроғаи дуруст медиҳанд ва ному насаби як нафареро мегиранд. Мо оҷилан ба ҳамон суроға меравем ва мефаҳмем, ки касе моро даъват накардааст. Зарари зиёд мебинем, ҳам аз ҷиҳати вақт ҳам аз ҷиҳати сӯзишворӣ. Дар ин байн кормандони мо ба беморони дигар расида наметавонанд.”

Ба иттилои Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Қӯрғонтеппа, аз аввали соли равон 60 занги бардурӯғ ба бахши даъватҳо ворид шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 10 маврид бештар аст. 60 маврид танҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа сабт шудааст, “авбошҳои телефонӣ” 6 дафъа дар ноҳияи Ёвон ва 5 дафъа дар Вахш ёрии таъҷилиро барои кӯмак ба маризи набуда даъват кардаанд. Навоҳии дигари вилояти Хатлон низ аз афзоиши ҳамин гуна зангҳои бардурӯғ хабар медиҳанд.

Кормандони ёрии таъҷилии шаҳри Қӯрғонтеппа рақамҳои афродеро, ки пайваста онҳоро фиреб мекунад, ба пулис пешниҳод карданд. Аммо пулиси шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ошкор кардани ҳувияти “авбошҳои телефонӣ” мушкил аст, зеро онҳо маъмулан аз телефони кӯча ва ё рақамҳое занг мезинанд, ки намудор намешаванд.

Ганҷина, як духтари 22 сола аз ноҳияи Бохтар аз маркази тиббӣ ҳушдор гирифтааст, ки агар бори дигар ба онҳо занг бизанад, ӯро ба пулис месупоранд. Аммо Ганҷина мегӯяд, ӯ ҳеҷ манзури баде надошт, танҳо мехост аз табибон дар бораи баъзе маризиҳо иттилоъ бигирад. Ӯ бо ин ҳадаф ба маркази ёрии таъҷилӣ занг задааст, ки номашро ба рӯйхати музоҳимҳои телефонӣ ворид карданд: “Бекор будам занг мезадам, вале телефонамро дигар намегиранд, чун гуфтанд, ки агар занг занӣ шуморо дар пулис медиҳем. Ман гапи беҳуда намезадам, дар бораи касалиҳо мепурсидам. Ман ҳақорат накардаам ку."

Намоён Мирова, навбадори ёрии таъҷилии шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, зангҳо бурдурӯғ маъмулан шабона бештар мешаванд. Ба гуфтаи хонум Мирова, баъзан занг мезананд ва ҳарфҳои қабеҳ мегӯянд ва маъмулан инҳо аксаран бачаҳои наврас буда, сарфаҳм намераванд, ки шӯхии онҳо метавонад ҷони дигареро бар бод бидиҳад.